https://sputnik.tj/20220501/taghyir-sokhtor-agenti-korrupsiya-tojikiston-prezident-parlumon-1048118426.html
Тағйири сохтори Агентии зидди коррупсияи Тоҷикистон бо розигии президенту парлумон
Тағйири сохтори Агентии зидди коррупсияи Тоҷикистон бо розигии президенту парлумон
Sputnik Тоҷикистон
Сохтори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бозбинӣ шуда, бархе мақомҳои баланди ин ниҳод барҳам дода шуданд
2022-05-01T15:30+0500
2022-05-01T15:30+0500
2022-05-01T18:52+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
парлумон
қонун
агентӣ
оҷонсии мубориза зидди коррупсия
тағйирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/06/1040679423_0:51:461:310_1920x0_80_0_0_d7deb0249075972c0a8cee0327443513.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Аз сохтори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон се сарраёсат берун карда мешаванд. Дар ин бора Суҳроб Сафарзода, муовини якуми мудири Агентӣ зимни шарҳи тағйирот ба қонун дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар дод. Вай таъкид намуд, ки ин иқдом бо мақсади таҷдиди сохтор ва бартараф намудани монеаҳо дар татбиқи шаффофи фаъолияти мақомот роҳандозӣ гардидаст. Ба гуфтаи ӯ, феълан мақомот аз се сарраёсат, аз ҷумла назорати давлатии молиявӣ, муқовимат ба коррупсия, мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта иборат мебошад. Сафарзода тавзеҳ дод, ки сардорони сарраёсатҳо бо ризояти президенти Тоҷикистон аз тарафи директори Агентӣ ба вазифа таъйину озод карда мешаванду фаъолияти раёсату шуъбаҳои сарраёсатҳоро роҳбарӣ ва назорат мебаранд.Дар зимн, ӯ хотиррасон намуд, ки директори Агентӣ низ муовини якум ва 2 муовини дигар дорад, ки самтҳои муайянеро бевосита роҳбарӣ, назорат ва сарпарастӣ мекунанд, ки ҳамин функсияҳоро сардорони сарраёсатҳо такрор менамоянд."Аз ин рӯ, бо мақсади бартараф намудани такроршавии функсияҳо ба мақсад мувофиқ шуморида шуд, ки аз матни қонуни номбурда калимаҳои "сарраёсатҳо" хориҷ карда шуда, фаъолияти раёсату шуъбаҳо аз рӯи самтҳо мустақилона зери сарпарастии муовинони соҳавӣ вогузор карда шавад", - афзуд ӯ. Сафарзода гуфт, масъалаи мазкур бо президенти Тоҷикистон мувофиқа шудааст. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ дар ҷаласаи охираш аз ин тағйирот ҷонибдорӣ намуд. Интизор меравад, ки дар пайи имзои қонун аз сӯи раисҷумҳур ва нашр дар матбуоти расмӣ, он мавриди амал қарор мегирад.
https://sputnik.tj/20220426/korrupsiya-nigaroni-prokuror-sughd-davati-harbi-1047965695.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/06/1040679423_0:8:461:354_1920x0_80_0_0_0655fb6291884e375abae9d68fd6aa65.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
барҳамхӯрӣ, сарраёсат, агентӣ, коррупсия, ҷт
барҳамхӯрӣ, сарраёсат, агентӣ, коррупсия, ҷт
Тағйири сохтори Агентии зидди коррупсияи Тоҷикистон бо розигии президенту парлумон
15:30 01.05.2022 (Навсозишуда: 18:52 01.05.2022) Сохтори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бозбинӣ шуда, бархе мақомҳои баланди ин ниҳод барҳам мехӯранд
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Аз сохтори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон се сарраёсат берун карда мешаванд.
Дар ин бора Суҳроб Сафарзода, муовини якуми мудири Агентӣ зимни шарҳи тағйирот ба қонун дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар дод.
Вай таъкид намуд, ки ин иқдом бо мақсади таҷдиди сохтор ва бартараф намудани монеаҳо дар татбиқи шаффофи фаъолияти мақомот роҳандозӣ гардидаст.
Ба гуфтаи ӯ, феълан мақомот аз се сарраёсат, аз ҷумла назорати давлатии молиявӣ, муқовимат ба коррупсия, мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта иборат мебошад.
Сафарзода тавзеҳ дод, ки сардорони сарраёсатҳо бо ризояти президенти Тоҷикистон аз тарафи директори Агентӣ ба вазифа таъйину озод карда мешаванду фаъолияти раёсату шуъбаҳои сарраёсатҳоро роҳбарӣ ва назорат мебаранд.
Дар зимн, ӯ хотиррасон намуд, ки директори Агентӣ низ муовини якум ва 2 муовини дигар дорад, ки самтҳои муайянеро бевосита роҳбарӣ, назорат ва сарпарастӣ мекунанд, ки ҳамин функсияҳоро сардорони сарраёсатҳо такрор менамоянд.
"Аз ин рӯ, бо мақсади бартараф намудани такроршавии функсияҳо ба мақсад мувофиқ шуморида шуд, ки аз матни қонуни номбурда калимаҳои "сарраёсатҳо" хориҷ карда шуда, фаъолияти раёсату шуъбаҳо аз рӯи самтҳо мустақилона зери сарпарастии муовинони соҳавӣ вогузор карда шавад", - афзуд ӯ.
Сафарзода гуфт, масъалаи мазкур бо президенти Тоҷикистон мувофиқа шудааст. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ дар ҷаласаи охираш аз ин тағйирот ҷонибдорӣ намуд.
Интизор меравад, ки дар пайи имзои қонун аз сӯи раисҷумҳур ва нашр дар матбуоти расмӣ, он мавриди амал қарор мегирад.