https://sputnik.tj/20220501/shodboshi-rahmon-tojikistoniyon-id-fitr-1048111301.html
Таманниёт ва тавсияҳои Раҳмон ба тоҷикистониён дар арафаи иди Фитр
Таманниёт ва тавсияҳои Раҳмон ба тоҷикистониён дар арафаи иди Фитр
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз мардум даъват намуд, ки ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ дар рӯзи иди саиди Фитр ва рӯзҳои дигар муносибати ҷиддӣ дошта бошанд
2022-05-01T09:40+0500
2022-05-01T09:40+0500
2022-05-01T11:36+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
иди фитр
рамазон
паём
шодбошӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0d/1039421853_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_7b5a73df0610dec6f16da37a3f0a1e76.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мардуми кишварро бо фарорасии иди саиди Фитр шодбош гуфта, дар мавриди шеваи таҷлили он тавсияҳо дод. Тибқи таълимоти ислом додани садақа бозкунандаи дарҳои савоб ва афзояндаи баракати умр мебошад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон. Дар ояти 60 сураи "Тавба"-и Қуръони маҷид омадааст, ки садақа аслан барои фақирон ва мискинон пешбинӣ шудааст, афзуд ӯ. Вай соли равонро вазнин арзёбӣ карда, илова намуд, ки таъмини аҳолии бисёр кишварҳои олам бо маводи ғизоӣ ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст.Бо зикри ин аз тоҷикистониён даъват намуд, ки ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ дар рӯзи иди саиди Фитр ва рӯзҳои дигар муносибати ҷиддӣ дошта бошанд."Дар баробари анҷом додани фаризаҳои динӣ мо бояд ҳамдигарро дастгирӣ кунем, ба якдигар меҳрубону ғамхор бошем, Ватани худро боз ҳам ободу зебо гардонем ва барои зиндагии шоистаи халқамон шароити мусоид фароҳам оварем", - маслиҳат дод Раҳмон. Вай дар охир барои ҳар тоҷикистонӣ ризқу рӯзии фаровон ва хонаи обод орзу намуд. Иди Фитр дар Тоҷикистон 2 май таҷлил мешавад. Намози Иди Рамазон соати 06:00 дар тамоми масоҷиди ҷомеи кишвар оғоз мешавад.Тибқи анъана, сокинон пас аз адои намози ид ба зиёрату аёдати қабристону қабри аҷдодони худ, пиронсолон, падару модарон, беморон, ятимон ва наздиконашон мераванд. Ҳамчунин дар ин рӯз ба шодбоши ҳамдигар меоянд.
https://sputnik.tj/20220427/elon-ruz-id-ramazon-1047997432.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0d/1039421853_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_95632f7f66890d7d4a251208836f21bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таманниёт, раҳмон, тоҷикистониён, фитр
таманниёт, раҳмон, тоҷикистониён, фитр
Таманниёт ва тавсияҳои Раҳмон ба тоҷикистониён дар арафаи иди Фитр
09:40 01.05.2022 (Навсозишуда: 11:36 01.05.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон аз мардум даъват намуд, ки ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ дар рӯзи иди саиди Фитр ва рӯзҳои дигар муносибати ҷиддӣ дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мардуми кишварро бо фарорасии иди саиди Фитр шодбош гуфта, дар мавриди шеваи таҷлили он тавсияҳо дод.
Тибқи таълимоти ислом додани садақа бозкунандаи дарҳои савоб ва афзояндаи баракати умр мебошад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ояти 60 сураи "Тавба"-и Қуръони маҷид омадааст, ки садақа аслан барои фақирон ва мискинон пешбинӣ шудааст, афзуд ӯ.
"Мо бояд дар ин рӯзи муборак бо дарназардошти душвориву мушкилоти дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сарфаю сариштакориро фаромӯш накунем, ба худнамоиву исрофкорӣ роҳ надиҳем", - таъкид кард раисҷумҳур.
Вай соли равонро вазнин арзёбӣ карда, илова намуд, ки таъмини аҳолии бисёр кишварҳои олам бо маводи ғизоӣ ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст.
Бо зикри ин аз тоҷикистониён даъват намуд, ки ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ дар рӯзи иди саиди Фитр ва рӯзҳои дигар муносибати ҷиддӣ дошта бошанд.
"Дар баробари анҷом додани фаризаҳои динӣ мо бояд ҳамдигарро дастгирӣ кунем, ба якдигар меҳрубону ғамхор бошем, Ватани худро боз ҳам ободу зебо гардонем ва барои зиндагии шоистаи халқамон шароити мусоид фароҳам оварем", - маслиҳат дод Раҳмон.
Вай дар охир барои ҳар тоҷикистонӣ ризқу рӯзии фаровон ва хонаи обод орзу намуд.
Иди Фитр дар Тоҷикистон 2 май таҷлил мешавад. Намози Иди Рамазон соати 06:00 дар тамоми масоҷиди ҷомеи кишвар оғоз мешавад.
Тибқи анъана, сокинон пас аз адои намози ид ба зиёрату аёдати қабристону қабри аҷдодони худ, пиронсолон, падару модарон, беморон, ятимон ва наздиконашон мераванд. Ҳамчунин дар ин рӯз ба шодбоши ҳамдигар меоянд.