https://sputnik.tj/20220427/elon-ruz-id-ramazon-1047997432.html
Эълони рӯзи Иди Рамазон ва вақти намоз дар Тоҷикистон
Эълони рӯзи Иди Рамазон ва вақти намоз дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои уламои Маркзаи исломии Тоҷикистон расман санаи Иди Рамазонро 2 май эълон намуд. Шӯрои уламои Маркзаи исломии Тоҷикистон ҳамчунин вақти намози идро гуфт
2022-04-27T12:44+0500
2022-04-27T12:44+0500
2022-04-27T17:59+0500
иди рамазон
дар тоҷикистон
ҷашн
намоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102237/83/1022378356_0:333:3049:2048_1920x0_80_0_0_34b97b14474ea184de52b09e1a2dbc21.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо имзои як қарор рӯзи баргузории Иди Рамазонро расман 2 май муқаррар кардааст.Қарори Шӯрои уламо рӯзи 27 апрел қабул шуд. Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.Вақти баргузории намози ид соати 6:00 муқаррар шудааст.Манбаъ афзуд, имомхатибон вазифадор шуданд, ки барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ намунаи ибрати дигарон бошанд.Ёдрас менамоем, ки тибқи ҳисоби исломӣ, имсол нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, ки 875 сомонӣ аз он закот дода мешавад.Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.Тақвими мусалмонӣ барои соли 2022Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ масоҷиди кишвар серодам мешаванд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.Барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, додани фидияи савм маслиҳат мешавад.Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.
https://sputnik.tj/20220423/laylatulqadr-2022-amalho-khayr-mamnu-1047882155.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102237/83/1022378356_300:0:3031:2048_1920x0_80_0_0_dbee85f7daa50f57540b3d6a23d79424.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, иди рамазон, рӯзи таҷлил
тоҷикистон, иди рамазон, рӯзи таҷлил
Эълони рӯзи Иди Рамазон ва вақти намоз дар Тоҷикистон
12:44 27.04.2022 (Навсозишуда: 17:59 27.04.2022) Шӯрои уламои Маркзаи исломии Тоҷикистон рӯзи баргузории Иди Рамазонро 2 май эълон намуд. Шӯрои уламои Маркзаи исломии Тоҷикистон ҳамчунин вақти намози идро гуфт
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо имзои як қарор рӯзи баргузории Иди Рамазонро расман 2 май муқаррар кардааст.
Қарори Шӯрои уламо рӯзи 27 апрел қабул шуд. Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рӯзи душанбе 2-юми май рост меояд", - гуфтааст Саидмукаррам Абдулқодирзода.
Вақти баргузории намози ид соати 6:00 муқаррар шудааст.
Манбаъ афзуд, имомхатибон вазифадор шуданд, ки барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ намунаи ибрати дигарон бошанд.
Ёдрас менамоем, ки тибқи ҳисоби исломӣ, имсол нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, ки 875 сомонӣ аз он закот дода мешавад.
Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.
Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ масоҷиди кишвар серодам мешаванд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.
Барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, додани фидияи савм маслиҳат мешавад.
Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.