https://sputnik.tj/20220501/kumak-ghizo-niyozmand-khujand-1048114622.html
Кумаки ғизоӣ ба 1500 ниёзманд дар Хуҷанд
Кумаки ғизоӣ ба 1500 ниёзманд дар Хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
Феҳрасти афроди аз нигоҳи иҷтимоӣ ниёзмандро шаҳрдории Хуҷанд таҳия карда, шахсони доро ба онҳо кумаки идонаро пешниҳод намудаанд
2022-05-01T13:30+0500
2022-05-01T13:30+0500
2022-05-01T13:30+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
ёрӣ
иди фитр
хайр
хуҷанд
ғизо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103102/86/1031028636_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_3a04f58d6c88135394d3d92aa62f4f2f.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Қишрҳои осебпазири шаҳри Хуҷанд бахшидаи ба фарорасии иди Фитр бо кумаки яквақтаинаи ғизоӣ фаро гирифта шудаанд. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, ба ниёзмандон маҳсулоти орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва ғайра дастрас гардид. "Бояд қайд намуд, ки тибқи дархост ва муайяннамоии ҳолати иҷтимоии сокинон дар 22 маҳаллаҳои шаҳр аз тарафи соҳибкорон ва ашхоси доро низ чунин иқдоми хайрхоҳӣ дар арафаи Иди саиди Фитр анҷом дода шуд", - омадааст дар иттилоия. Таъкид гардидааст, ки то ҳол ба зиёда аз 1500 нафар эҳтиёҷманд маҳсулоти ғизоӣ расонда шуда, иқдомот дар ин самт идома доранд. Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, низ дар паёми шодбошияш ба муносибати иди саиди Фитр шаҳрвандони кишварро ба корҳои хайр даъват намуд. Тибқи таълимоти ислом додани садақа бозкунандаи дарҳои савоб ва афзояндаи баракати умр мебошад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.Дар ояти 60 сураи "Тавба"-и Қуръони маҷид омадааст, ки садақа аслан барои фақирон ва мискинон пешбинӣ шудааст, афзуд ӯ."Мо бояд дар ин рӯзи муборак бо дарназардошти душвориву мушкилоти дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сарфаю сариштакориро фаромӯш накунем, ба худнамоиву исрофкорӣ роҳ надиҳем", - таъкид кард раисҷумҳур.Вай соли равонро вазнин арзёбӣ карда, илова намуд, ки тоҷикистониён бояд ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ дар рӯзи иди саиди Фитр ва рӯзҳои дигар муносибати ҷиддӣ дошта бошанд.
https://sputnik.tj/20220501/shodboshi-rahmon-tojikistoniyon-id-fitr-1048111301.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103102/86/1031028636_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_dd9ea3f28c3316a7225974134d39eb62.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумак, ғизоӣ, ниёзманд, хуҷанд
кумак, ғизоӣ, ниёзманд, хуҷанд
Кумаки ғизоӣ ба 1500 ниёзманд дар Хуҷанд
Феҳрасти афроди аз нигоҳи иҷтимоӣ ниёзмандро шаҳрдории Хуҷанд таҳия карда, шахсони доро ба онҳо кумаки идонаро пешниҳод намудаанд
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Қишрҳои осебпазири шаҳри Хуҷанд бахшидаи ба фарорасии иди Фитр бо кумаки яквақтаинаи ғизоӣ фаро гирифта шудаанд.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, ба ниёзмандон маҳсулоти орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва ғайра дастрас гардид.
"Бояд қайд намуд, ки тибқи дархост ва муайяннамоии ҳолати иҷтимоии сокинон дар 22 маҳаллаҳои шаҳр аз тарафи соҳибкорон ва ашхоси доро низ чунин иқдоми хайрхоҳӣ дар арафаи Иди саиди Фитр анҷом дода шуд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардидааст, ки то ҳол ба зиёда аз 1500 нафар эҳтиёҷманд маҳсулоти ғизоӣ расонда шуда, иқдомот дар ин самт идома доранд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, низ дар паёми шодбошияш ба муносибати иди саиди Фитр шаҳрвандони кишварро ба корҳои хайр даъват намуд.
Тибқи таълимоти ислом додани садақа бозкунандаи дарҳои савоб ва афзояндаи баракати умр мебошад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ояти 60 сураи "Тавба"-и Қуръони маҷид омадааст, ки садақа аслан барои фақирон ва мискинон пешбинӣ шудааст, афзуд ӯ.
"Мо бояд дар ин рӯзи муборак бо дарназардошти душвориву мушкилоти дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сарфаю сариштакориро фаромӯш накунем, ба худнамоиву исрофкорӣ роҳ надиҳем", - таъкид кард раисҷумҳур.
Вай соли равонро вазнин арзёбӣ карда, илова намуд, ки тоҷикистониён бояд ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ дар рӯзи иди саиди Фитр ва рӯзҳои дигар муносибати ҷиддӣ дошта бошанд.