Аз 37 дараҷа гарм дар Хатлон то 3 дараҷа сард дар Мурғоб: ҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевНа улице в городе Душанбе, архивное фото
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2022
Обуна шудан
Тоҷикистонро дар рӯзи аввали моҳи май ҳавои бебориш фаро мегирад, ки дар бархе минтақаҳои ҷанубӣ гармии ҳаво то ба 40 дараҷа наздик мешавад
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон камабр ва бебориш дар назар аст, хабар дод Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ин ниҳод мегӯяд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда, дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад, овардааст "Ховар" аз қавли Ожонс.
Манбаъ афзуд, дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ боришот дар назар набуда, ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мегардад. Ҳарорати ҳаво дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа рӯзона 26+31 дараҷа гарм дар назар аст.
Абрикосы на ветке дерева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Пайомади боришоти баҳорӣ дар Суғд. Деҳқонон бонги хатар мезананд
Шаҳру навоҳии тобеи марказро низ гармӣ фаро мегирад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво шабона 14+16 дараҷа ва рӯзона 34+36 дараҷа пешбинӣ гардидааст.
Ҳавошиносон мегӯянд, дар маҷмуъ рӯзҳои аввали моҳи май аксаран гарм хоҳанд буд.
Одатан мутахассисон тавсия медиҳанд, ки шаҳрвандон дар гармӣ гаштугузорро дар кӯчаю хиёбонҳо кам карда, корҳоро беҳтар аст бомдод ва ё шомгоҳ анҷом дод. Дар нимрӯз, ки гармтарин замон аст, бояд дар ҷое сояву серун истироҳат кард.
Тибқи тавсиҳо ҳангоми ба кӯча баромадан албатта сарро бо рӯймол, сарпӯш пӯшонида аз айнаки муҳофизатӣ истифодан ва ҳамзамон истифодаи чатр низ фикри оқилона хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0