Пайомади боришоти баҳорӣ дар Суғд. Деҳқонон бонги хатар мезананд

© Pixabay / manseok_KimАбрикосы на ветке дерева
Абрикосы на ветке дерева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Боришоти пай дар пайи чанд рӯзи охир ба суръати кишти зироат ва гули зардолузорҳо дар навоҳии шимоли Тоҷикистон таъсир расонидааст
ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Кишоварзони навоҳии Суғд мегӯянд, ҳамасола дар ин вақти сол қисме аз заминҳо кишт мешуданд, вале боронҳои беисти рӯзҳои моҳи марти исмол сабаби мутавақиф шудани корҳои деҳқонии онҳо шудааст.
Дар пайи боронҳои шадиди моҳи март, ки кишоварзон онро “инҷиқиҳои табиат” ва нишонаҳои тағйирёбии иқлим мегӯянд, ба суръати кишти пахта ва ғалла, аз ҷумла гандуму ҷав ва ҷуворимакка таъсир кардааст.
Рафтор Маҳаммадиев, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, вазъи номусоиди иқлими баҳорӣ ба соҳаи боғдорӣ низ асароте боқӣ гузоштааст.
“Аз сабаби боронҳои пай дар пай гули зардолу дуруст гардолуд нашудааст. Маълум мешавад, ки ин ҳолат ба ҳосили дарахтони зардолу таъсир расонидааст. Хусусан ба навъҳои зардолуи мирсанҷалӣ. Хушбахтона, ҳосили дарахтони олуболу, зардолу, гелос, себ хуб аст”, - зикр кард Муҳаммадиев.
Глава Хатлонской области Курбон Хакимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Супориши Ҳакимзода: аз таъмини кору маош то гирифтани се-чор ҳосил аз замин
Бино ба иттилои ин масъули Идораи кишоварзӣ, дар ноҳияи Ашт беш аз 18 ҳазор га боғ мавҷуд аст, ки ҳаштод дарсади онро зардолузорҳо ташкил медиҳанд.
Ба далели сардиҳо ва омилҳои дигари обуҳавоӣ зардолупарварони Ашт соли гузашта дар умум 8 ҳазор тонна ҳосил гирифтаанд, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ ду баробар кам гуфта мешавад.
Бино ба омори кишоварзӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Исфараву Конибодом ва Хуҷанд аз шаҳру навоҳии зардолупарвари Суғд шумурда мешаванд.
Назди ҳавлиҳо ҳам кишт кунанд: дастури Аҳмадзода ба раисон
Дар ҳамин ҳол Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд дар умури растанипарварӣ мегӯяд, таъхир дар кишти баъзе аз намуди зироатҳо дар навоҳии Сипитамен, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфараву Конибодом ба назар мерасад.
Ин масъули идораи кишоварзӣ инчунин ба нақши мусбати боришоти баҳорӣ дар навоҳии кӯҳсори Суғд ишора кард.
Поле хлопка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Чаро нақшаи ҷамъоварии пахта дар Суғд иҷро нашуд?
“Дар натиҷаи намнокии зиёд рустаниҳо ва навъҳои дигари хӯроки чорво бештар мерӯянд. Аз сӯйи дигар дар натиҷаи боронҳои зиёд хавфи ҳамлаи малах ва дигар ҳашароти зарарасон ба зироатҳо кам мегардад”, - зикр кард Маҳмудзода.
Кишоварзони тоҷик мегӯянд, агар ҳам боду бориш ба суръати кишти зироатҳо таъсир расонд, бо ин вуҷуд онҳо ноумед набуда, балки аз рӯзҳои гарми баҳорӣ умедворанд. Ба қавли Бахтиёр Раҳматуллоев, яке аз деҳқонони рустоӣ, намешавад дар муқобили гардишҳои табиат истодагарӣ карду аз он зӯр буд.

“Агар ин рӯз нашуд, пагоҳ фурсати кишту кор шуруъ мешавад”, – зикр кард мусоҳиби мо.

Суғд яке аз вилоятҳои аграрии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар бештар аз 600 ҳазор га замини кишоварзии ин вилоят картошка ё “нони дуюм”, сабзӣ, пиёз, офтобпараст, гандуму ҷаву ҷуворимакка ва пунбадона кишт мешавад.
Лентаи хабарҳо
0