https://sputnik.tj/20220501/eloni-omor-giriftor-shifo-koronavirus-rusiya-1048116086.html
Эълони омори гирифторӣ ва шифо аз коронавирус дар Русия
Эълони омори гирифторӣ ва шифо аз коронавирус дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Ҳолатҳои бистарӣ шудани шаҳрвандон бо бемории коронавирус дар табобатхонаҳои Русия тайи шабонарӯзи гузашта ҳудуди 44% коҳиш ёфтааст
2022-05-01T14:50+0500
2022-05-01T14:50+0500
2022-05-01T17:05+0500
дар русия
коронавирус
тандурустӣ
бемор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/08/1045638669_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_fa72a4caa59b5b31fd5e60b260c03b74.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Табибони Русия шабонарӯзи гузашта қариби 1,5 ҳазор нафарро бо бемории коронавирус бистарӣ кардаанд, хабар дод Ситоди фаврии мубориза бо паҳншавии COVID-19. "Шумораи умумии бистаришудаҳо дар шабонарӯзи охир нисбати рӯзи қабл 44% кам шуда, 1442 нафарро ташкил дод", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудааст, ки раванди афзоиш дар 12 минтақа ва коҳиш дар 70 музофоти Русия сабт гардидаст. Вазъ дар 3 минтақаи дигар бетағйир боқӣ мондаст. Дар зимн дар як шабонарӯз 8 ҳазору 733 нафар аз коронавирус шифо ёфтаанд, ки дар муқоиса бо 30 апрел камтар аст. Ин дар ҳолест, ки вазири тандурустии Русия, Михаил Мурашко ҳушдор дод, ки моҳи июн хатари афзоиши ибтило ба коронавирус баланд аст ва аз шаҳрвандон даъват намуд, ки моякӯбӣ кунанд. "Ҳоло эмгузаронии такрорӣ хеле муҳим аст, зеро тибқи пешгӯиҳои мо, дар моҳи июн, охири моҳи май, шояд дар моҳи июн хатари зиёд шудани беморӣ баланд аст, зеро иммунитети оммавӣ паст мешавад", - гуфт ӯ.Ба гуфтаи вазир, то дубора зуҳур кардани мавҷи беморӣ мунтазир нашуда, ба пешгирӣ машғул шудан лозим аст.Қаблан раиси Роспотребнадзор Анна Попова ҳушдор дода буд, ки бо вуҷуди коҳиши мизони бемории COVID-19 дар Русия, пандемия то ҳол хотима наёфтааст.
https://sputnik.tj/20220429/dukhtar-tojik-jon-koronavirus-rusiya-najot-1047976702.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/08/1045638669_313:0:3044:2048_1920x0_80_0_0_91b6453473a4b77f08ebce70624274ed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коҳиш, бистарӣ, гирифторон, коронавирус, русия
коҳиш, бистарӣ, гирифторон, коронавирус, русия
Эълони омори гирифторӣ ва шифо аз коронавирус дар Русия
14:50 01.05.2022 (Навсозишуда: 17:05 01.05.2022) Ҳолатҳои бистарӣ шудани беморон бо коронавирус дар табобатхонаҳои Русия тайи шабонарӯзи гузашта ҳудуди 44% коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Табибони Русия шабонарӯзи гузашта қариби 1,5 ҳазор нафарро бо бемории коронавирус бистарӣ кардаанд, хабар дод Ситоди фаврии мубориза бо паҳншавии COVID-19.
"Шумораи умумии бистаришудаҳо дар шабонарӯзи охир нисбати рӯзи қабл 44% кам шуда, 1442 нафарро ташкил дод", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки раванди афзоиш дар 12 минтақа ва коҳиш дар 70 музофоти Русия сабт гардидаст. Вазъ дар 3 минтақаи дигар бетағйир боқӣ мондаст.
Дар зимн дар як шабонарӯз 8 ҳазору 733 нафар аз коронавирус шифо ёфтаанд, ки дар муқоиса бо 30 апрел камтар аст.
Ин дар ҳолест, ки вазири тандурустии Русия, Михаил Мурашко ҳушдор дод, ки моҳи июн хатари афзоиши ибтило ба коронавирус баланд аст ва аз шаҳрвандон даъват намуд, ки моякӯбӣ кунанд.
"Ҳоло эмгузаронии такрорӣ хеле муҳим аст, зеро тибқи пешгӯиҳои мо, дар моҳи июн, охири моҳи май, шояд дар моҳи июн хатари зиёд шудани беморӣ баланд аст, зеро иммунитети оммавӣ паст мешавад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вазир, то дубора зуҳур кардани мавҷи беморӣ мунтазир нашуда, ба пешгирӣ машғул шудан лозим аст.
Қаблан раиси Роспотребнадзор Анна Попова ҳушдор дода буд, ки бо вуҷуди коҳиши мизони бемории COVID-19 дар Русия, пандемия то ҳол хотима наёфтааст.