Бо иродаи қавӣ ба минтақаи сурх. Корнамоиҳои табиб ва ризокори ҷавони тоҷик дар Маскав

© Бойгонии хусусии Рано АмирбековаРано Амирбекова - пизишки амрози дарунӣ
Рано Амирбекова - пизишки амрози дарунӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Пизишки ҷавон, ки баробари кор дар беморхонаи Маскав инчунин ба ҳайси ризокор ба ҳамватанонаш машваратҳои тиббӣ медиҳад, мақсад дорад, дар касбаш беҳтарин коршинос шавад
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Рано Амирбекова, пизишки ҷавони тоҷик дар Маскав аз ҷумлаи аввалинҳое буд, ки алайҳи коронавирус либоси махсус ба бар кард.
Амирбекова, набераи ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон Заррагул Искандарова мебошад.
Рано соли 1994 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст. Соли 2004 хонаводаи Рано ба Русия мекӯчад. Ӯ мактаби миёнаро соли 2012 дар шаҳри Маскав хатм кардааст.
Аз ӯ кӯдакӣ орзуи табиб шуданро дошту соли 2018 Донишгоҳи тиббии шаҳри Маскав ба номи И.М Сеченовро хатм кард.
© Бойгонии хусусии Рано АмирбековаРано Амирбекова - пизишки ҷавони тоҷики муқими Маскав
Рано Амирбекова - пизишки ҷавони тоҷики муқими Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Рано Амирбекова - пизишки ҷавони тоҷики муқими Маскав
Феълан ӯ ба ҳайси духтури амрози дарунии дармонгоҳи рақами 107-и Маскав кору фаъолият мекунад. Барои Рано дарёфти ҷойи кор дар Русия мушкил набуд, чун таҳсилдидаи макотиби ин ҷо буд ва забони русиро ба дараҷаи олӣ медонад, ҳатто ба забони С.А. Пушкин шеър ҳам эҷод мекунад.
Амирбекова ҳамчунин раҳбари Кумитаи фарҳанги созмони ҷамъиятии "Нур" низ мебошад.
Sputnik Тоҷикистон бо фаъоли ҷамъиятӣ ва пизишки амрози дарунӣ дар бораи ҳадафаш дар зиндагӣ, кор дар "минтақаи сурх" ва мушкилиҳои кори духтурон суҳбат кард.

Тарси мардум ва иродаи қавии духтари тоҷик

Амирбекова бо омадани коронавирус аз нахустинҳо шуда, ба кор дар "минтақаи сурх" гузашт.
Табиби тоҷик таъкид кард, ки қарори кор дар "минтақаи сурх"-ро ӯ худаш қабул кард, чун онро дуруст медонаду дар ин тасмим қаҳрамониеро намебинад.

"Вазъ интихоби зиёдеро пеш нагузошт: мушкил ба миён омад, онро ҳал кардан лозим буд. Аз байни духтурони зан, аввалин шуда, аз дармонгоҳамон ба табобати коронавирус пардохтам, чун модари як ҳамкорам бемори вазнин буду дуюмӣ худаш ҳомиладор", - нақл кард Рано.

Вай афзуд, дар марҳилаҳои аввал, ки беморӣ нисбатан нав буд, зарурат пеш омад, сарфи назар аз ҳама масъулияташро анҷом диҳанд. Рано мегӯяд, баръакси табибон мардум бештар дар ҳарос буданд ва ба кумаки равонӣ ниёз доштанд.
"Мардум метарсиданд, бисёр савол медоданд, ростӣ, рӯзҳои аввал мо худамон ба баъзе аз суолҳои онҳо посух надоштем", - ба ёд овард ӯ.
Дар чунин маврид гоҳо пизишкон ва бавижа духтурони намояндагони миллатҳои дигар метавонистанд зери танқиди мардумони бумӣ бимонанд, вале Рано мегӯяд, ба чунин ҳодисаҳо аҳамият намедиҳад.
© Бойгонии хусусии Рано АмирбековаРано Амирбекова - пизишки ҷавони тоҷики муқими Русия
Рано Амирбекова - пизишки ҷавони тоҷики муқими Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Рано Амирбекова - пизишки ҷавони тоҷики муқими Русия
"Мо сар то по бо либоси вижа будем ва охирин чизе, ки бемор бояд дар чунин ҳолат фикр кунад, ин миллати пизишк аст. Албатта, буданд ҳолатҳои дағалӣ, вале ман на он замон ва на акнун ба чунин ҳодисаҳо аҳамият намедиҳам, худро зуд ба даст мегирам", - мегӯяд Рано.
Вай феълан он рӯзҳоро чун мактаби обутоби касбию ҳаётӣ ёд мекунад.

"Рӯзҳои кории табибон дар "минтақаи сурх" баъзан беш аз 12 соат идома пайдо мекард ва то охири рӯзи корӣ шахс чунон монда мешуд, ки ҳатто номашро ҳам фаромӯш мекард. Модарамро тақрибан 3 моҳ надидам, танҳо бо телефон дар тамос будем", - нақл кард ин табиб.

Дар баробари ин ҳама Рано Амирбекова чун ризокори созмони ҷамъиятии "Нур" ба ҳамватанони худ низ кумак мекард.

Кумак ба ҳамватанон

Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳояшро фаъол кард ва ба суолҳои сершумори ҳамватанон дар бораи нишонаҳои коронавирус, роҳи табобат, доруҳо ва гирифтани ваксина посух мегуфту ба онҳо дар паси сар кардани моҳҳои тира, ба таври онлайнӣ машварат медод.
Рано ҳатто нақша дошт, барои ду-се моҳ бо таҷрибаи андӯхтааш ба Тоҷикистон сафар карда, саҳми худро дар соҳаи тибби ватанӣ гузорад.
Ба ин суол, ки дар давраи пандемия ҷони чанд нафарро наҷот додед, Рано бо хоксорӣ посух медиҳад:
"Табибон наҷотёфтагонро пайгирӣ намекунанд, аммо то охири рӯз онҳоеро, ки наҷот ёфта натавонистанд, ёд мекунанд", - мегӯяд Рано.
Акнун ки хушбахтона, давраи "сиёҳ"-и пандемия паси сар шуд ва ҷамъият ба зиндагии муқаррарӣ баргашту навбатдории тӯлонии пизишкон низ лағв гардид, Рано талош дорад, барои боз ҳам баланд бардоштани дониши худ таҳсилашро идома диҳад ва рӯзҳои наздик бояд имтиҳонеро барои идомаи таҳсил дар бахши ординатура супорад.

Ҳидояти модарбузург ва нақшаҳо

Амирбекова набераи ҳунарманди номӣ - Заррагул Искандарова мебошад.
Рано дар пайроҳаи зиндагиаш ҳидоятҳои модарбузургашро пешаи худ кардааст ва барои супоридани имтиҳон ҷиҳати идомаи таҳсил дар риштаи дилшиносӣ дар бахши ординатура омодагӣ мебинад ва нақша дорад, дар касбаш беҳтарин коршинос шавад.
© Бойгонии хусусии Рано АмирбековаРано Амирбекова - пизишки тоҷики муқими Маскав
Рано Амирбекова - пизишки тоҷики муқими Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Рано Амирбекова - пизишки тоҷики муқими Маскав
Модарбузургам ҳамеша ба мо мегуфт, "аз ҳама муҳим доштани донишу таҳсилоти олӣ аст. Ту метавонӣ пас аз анҷом додани таҳсилоти олӣ раққоса шавӣ, вале аввал бояд дар риштае, ки интихоб кардаӣ, беҳтарин коршинос бошӣ. Ман ҳам талош дорам, ки дар касбам беҳтарин шавам".
Ҳамчун раҳбари Кумитаи фарҳанги созмони ҷамъияти "Нур" ӯ ҳадаф гузошта, ки фарҳанги бойи миллати тоҷик ва бахусус мардуми Бадахшонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

"Модарбузугам моро ҳамеша панду андарз медод, ки "ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки шумо чеҳраи Тоҷикистон дар Русия ҳастед ва бояд рафтори шоиста дошта бошед", - мегӯяд ӯ.

Ҳамин буд, ки Рано барои ташвиқу тарғиби фарҳанги тоҷик дар маркази "Нур" мактаби рақси ба номи Заррагул Искандарова боз кардааст ва дар он кӯдакон бо фарҳанги рақси тоҷик ошно мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0