https://sputnik.tj/20220430/tojikiston-deha-vulusvoli-afghonistonro-barq-1048095290.html
Тоҷикистон се деҳаи вулусволии Шуғнони Афғонистонро бо барқ таъмин кард
Тоҷикистон се деҳаи вулусволии Шуғнони Афғонистонро бо барқ таъмин кард
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони се деҳаи Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон бори нахуст ба барқ дастрасӣ пайдо карданд. Дар назар аз боз ба як деҳаи дигар низ интиқол шавад
2022-04-30T11:12+0500
2022-04-30T11:12+0500
2022-04-30T11:12+0500
дар тоҷикистон
барқ
афғонистон
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102724/51/1027245186_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_e259750500f925d29b57bfb018f2e253.jpg
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Се деҳаи вулусволии Шуғнони Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо фарогирии 375 хоҷагӣ бори аввал ба неруи барқ дастрасӣ пайдо намуданд.Ин кор пас аз пайвастани ноҳияи Шуғнони Тоҷикистон ба ҳалқаи ягонаи барқии вилоят ва аз тариқи он ба хати барқии мамлакат пайваст шудан амалӣ гардид.Чунин имконият пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристистгоҳи деҳаи Бунии Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоҷон Ширинҷонов, таъмиру таҷдиди пурраи он ва насби 86 сутунпояҳои оҳанини хати интиқоли барқи 110 кВ дар масофаи 19,5 км ба даст оварда шуд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".Ин лоиҳа мутобиқи созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди байналмилалии ПАТРИБ бо харҷи 4 миллион евро амалӣ гардид.Ҳамчунин дар назар аст, ки дар марҳилаи дуюми татбиқи ин лоиҳа бо неруи барқ як деҳаи дигари кишвари ҳамсоя таъмин шавад. Ҷумъа Ҷумъазода, раиси ноҳияи Шуғнон дар расми ифтитоҳи зеристгоҳ ва хати нави интиқоли барқ гуфтааст, ки он талаботи дохилиро дар фасли сармо мебарорад ва ба фасли гармо кишварҳои ҳамсояро низ аз мушкилоти бебарқӣ раҳоӣ мебахшанд.Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 5,4 миллиард кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 281,5 миллион кВт/соат бештар аст.Дар ин муддат кишвар аз интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 7,3 миллион доллар даромад гирифтааст.
https://sputnik.tj/20220429/afzoish-istehsol-neru-barq-tojikiston-1048061858.html
афғонистон
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102724/51/1027245186_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_04c23b9db31d7079ec71859a2bcbbf18.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон деҳа вулусволӣ шуғнон афғонистон барқ
тоҷикистон деҳа вулусволӣ шуғнон афғонистон барқ
Тоҷикистон се деҳаи вулусволии Шуғнони Афғонистонро бо барқ таъмин кард
Сокинони се деҳаи Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон бори нахуст ба барқ дастрасӣ пайдо карданд. Дар назар аз боз ба як деҳаи дигар низ интиқол шавад
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Се деҳаи вулусволии Шуғнони Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо фарогирии 375 хоҷагӣ бори аввал ба неруи барқ дастрасӣ пайдо намуданд.
Ин кор пас аз пайвастани ноҳияи Шуғнони Тоҷикистон ба ҳалқаи ягонаи барқии вилоят ва аз тариқи он ба хати барқии мамлакат пайваст шудан амалӣ гардид.
Чунин имконият пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристистгоҳи деҳаи Бунии Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоҷон Ширинҷонов, таъмиру таҷдиди пурраи он ва насби 86 сутунпояҳои оҳанини хати интиқоли барқи 110 кВ дар масофаи 19,5 км ба даст оварда шуд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Ин лоиҳа мутобиқи созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди байналмилалии ПАТРИБ бо харҷи 4 миллион евро амалӣ гардид.
Ҳамчунин дар назар аст, ки дар марҳилаи дуюми татбиқи ин лоиҳа бо неруи барқ як деҳаи дигари кишвари ҳамсоя таъмин шавад.
Ҷумъа Ҷумъазода, раиси ноҳияи Шуғнон дар расми ифтитоҳи зеристгоҳ ва хати нави интиқоли барқ гуфтааст, ки он талаботи дохилиро дар фасли сармо мебарорад ва ба фасли гармо кишварҳои ҳамсояро низ аз мушкилоти бебарқӣ раҳоӣ мебахшанд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 5,4 миллиард кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 281,5 миллион кВт/соат бештар аст.
Дар ин муддат кишвар аз интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 7,3 миллион доллар даромад гирифтааст.