https://sputnik.tj/20220429/afzoish-istehsol-neru-barq-tojikiston-1048061858.html
Афзоиши тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон
Афзоиши тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Аз аввали соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқи дохилӣ дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2021 281,5 миллион кВт/соат афзудааст
2022-04-29T10:07+0500
2022-04-29T10:07+0500
2022-04-29T15:26+0500
барқ
дар тоҷикистон
истеҳсол
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039793582_0:0:3135:1764_1920x0_80_0_0_a9c4ada1ed018560ad57732dfde93004.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳаҷми умумии тавлиди нерӯи барқ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 5,4 миллиард кВт/соатро ташкил дод, хабар медиҳад “Авеста” бо истинод ба бахши энержии кишвар. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 281,5 миллион кВт/соат бештар аст. Гуфта мешавад, дар ин давара зиёда аз 4,5 миллиард кВт/соат нерӯи барқ аз нерӯгоҳҳои обӣ ва 805 миллиард кВт/соат аз нерӯгоҳҳои ҳароратӣ истеҳсол шудааст. Ҳамин тариқ ҳаҷми тавлиди нерӯи ҳароратӣ аз аввали соли ҷорӣ 675,8 ҳазор Гкалро ташкил дод. Ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 7 фоиз зиёд аст. Илова бар ин гуфта мешавад, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон аз интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 7,3 миллион доллар даромад гирифтааст. Гуфта мешавад, нишондиҳандаи содирот дар баробари омори як соли қабл тақрибан 25% камтар аст.Қаблан Сандуқи Байналмилалии Пул ба Ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки қимати нерӯи барқро боло барад, аммо ҳамзамон хоста буд, сабукӣ барои хонаводаҳои фақирро ҳифз кунад. Гуфта мешавад, ки бо ин роҳ бояд вазъи молии бахши энержии кишвар беҳтар шавад. Аз ҷумла ба хотири пуштибонӣ аз ҶСК "Барқи тоҷик", ҷуброни хароҷот ва кам кардани талафот ин созмон тадриҷан боло бурдани тарифҳои нерӯи барқро тавсия медиҳад. Ҳоло дар кишвар 10 категорияи истеъмолкунандагони қувваи барқ мавҷуд аст, ки тариф барои онҳо фарқ мекунад. Аз моҳи сентябри соли 2019 корбарони одӣ барои ҳар киловатт-соат нерӯи барқ 22,66 дирам пардохт мекунанд. Барои корхонаҳои саноатӣ (ба истиснои ширкати алюминиюми тоҷик ТАЛКО) арзиши барқ 55,14 дирам аст.
https://sputnik.tj/20220422/tojikiston-pul-barq-sangtuda-rubl-pardokht-1047863641.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039793582_196:0:2927:2048_1920x0_80_0_0_1c07bf4ecbc2c6a4d0d8f4bcb3a9f7c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
истеҳсол барқ тоҷикистон
Афзоиши тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон
10:07 29.04.2022 (Навсозишуда: 15:26 29.04.2022) Аз аввали соли 2022 тавлиди нерӯи барқи дохилӣ дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2021 281,5 миллион кВт/соат афзудааст
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳаҷми умумии тавлиди нерӯи барқ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 5,4 миллиард кВт/соатро ташкил дод, хабар медиҳад “Авеста” бо истинод ба бахши энержии кишвар.
Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 281,5 миллион кВт/соат бештар аст.
Гуфта мешавад, дар ин давара зиёда аз 4,5 миллиард кВт/соат нерӯи барқ аз нерӯгоҳҳои обӣ ва 805 миллиард кВт/соат аз нерӯгоҳҳои ҳароратӣ истеҳсол шудааст.
Ҳамин тариқ ҳаҷми тавлиди нерӯи ҳароратӣ аз аввали соли ҷорӣ 675,8 ҳазор Гкалро ташкил дод. Ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 7 фоиз зиёд аст.
Илова бар ин гуфта мешавад, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон аз интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 7,3 миллион доллар даромад гирифтааст.
Гуфта мешавад, нишондиҳандаи содирот дар баробари омори як соли қабл тақрибан 25% камтар аст.
Қаблан Сандуқи Байналмилалии Пул ба Ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки қимати нерӯи барқро боло барад, аммо ҳамзамон хоста буд, сабукӣ барои хонаводаҳои фақирро ҳифз кунад.
Гуфта мешавад, ки бо ин роҳ бояд вазъи молии бахши энержии кишвар беҳтар шавад. Аз ҷумла ба хотири пуштибонӣ аз ҶСК "Барқи тоҷик", ҷуброни хароҷот ва кам кардани талафот ин созмон тадриҷан боло бурдани тарифҳои нерӯи барқро тавсия медиҳад.
Ҳоло дар кишвар 10 категорияи истеъмолкунандагони қувваи барқ мавҷуд аст, ки тариф барои онҳо фарқ мекунад.
Аз моҳи сентябри соли 2019 корбарони одӣ барои ҳар киловатт-соат нерӯи барқ 22,66 дирам пардохт мекунанд. Барои корхонаҳои саноатӣ (ба истиснои ширкати алюминиюми тоҷик ТАЛКО) арзиши барқ 55,14 дирам аст.