Дар Маскав солгарди нишасти сарони кишварҳои узви СПАД баргузор мешавад

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаСтраны участники заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ
Страны участники заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2022
Обуна шудан
Дар пойтахти Русия омодагӣ ба нишасти сарони кишварҳои узви СПАД алакай шурӯъ шудааст, ки санаи дақиқи баргузории он ҳанӯз эълон нашудааст
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Дар Маскав баргузории нишасти солгарди СПАД дар назар аст. Дар ин бора котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин нишаст моҳи май баргузор мешавад - омодагӣ ба он дар пойтахт аллакай оғоз шудааст.
"Дар бораи санаи аниқ ба шумо дар вақташ хабар медиҳем", — посух дод намояндаи Кремл ба суоли дахлдор.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон дар як сӯҳбати телефонӣ ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин "барои даъват барои ширкат дар ҷаласаи солгарди сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар нимаи моҳи май дар Маскав" изҳори сипос кардааст.
Ба гуфтаи сухангӯи Кремл, дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви СПАД ба авзоъи Украина низ мумкин аст дахл карда шавад.

"Ҳарчанд ин як нишасти ҷашнӣ хоҳад буд, албатта, баҳсу табодули афкор низ сурат хоҳад гирифт. Бо итминони зиёд метавон гуфт, ки мушкили Украина низ зоҳир хоҳад шуд", - гуфт Песков.

Ба гуфтаи вай, ҳоло гуфтан барвақт аст, ки сарони ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда меоянд ё на.
Ҳамчунин маълум аст, ки кишварҳои СПАД имсол чанд тамрини муштарак баргузор мекунанд.
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Захарова: СПАД дар оянда як сохтори калидӣ дар ҷаҳон хоҳад шуд
Дар Тоҷикистон як тамрини муштарак бо воҳидҳои Нерӯҳои зудамали дастаҷамъонаи минтақаи Осиёи Марказӣ “Сарҳад – 2022” дар назар аст.
Дар Қирғизистон тамрини фармондеҳию ситодӣ бо нерӯҳои посдори сулҳи СПАД таҳти унвони "Бародарии абадӣ - 2022" баргузор мешавад.
Қазоқистон ба нақша гирифтааст, ки бо нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи СПАД "Амалиёт - 2022", машқҳо бо қувваҳо ва воситаҳои иктишофии "Поиск - 2022", машқҳо бо қувваҳо ва воситаҳои таъминоти моддию техникӣ СПАД "Эшелон - 2022" - ро доир кунад.
Лентаи хабарҳо
0