https://sputnik.tj/20220430/afghoniston-barq-tarkonida-1048104072.html
Дар Афғонистон сутунҳои нерӯи барқ тарконида шуду 11 вилоят бебарқ монд
Дар Афғонистон сутунҳои нерӯи барқ тарконида шуду 11 вилоят бебарқ монд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Афғонистон ду сутуни барқ мунфаҷир шуда, 11 вилоят бе барқ монданд. Феълан дар ҷои ҳодиса корҳои барқарорсозӣ гузаронида шуда истодааст
2022-04-30T18:40+0500
2022-04-30T18:40+0500
2022-04-30T18:40+0500
энергетика
афғонистон
барқ
таркиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1f/1045352939_0:115:3232:1933_1920x0_80_0_0_b638b3c6f4d05e09769a12c14e346c58.jpg
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Дар маркази Афғонистон ду сутуни барқ тарконда, 11 вилояти ин кишвар, аз ҷумла Кобулро бе барқ монданд. Дар ин бора ширкати энержии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) дар вилояти Парвон хабар додааст.Гуфта мешавад, ки дар ҷойи ҳодиса дастаҳои техникӣ кор мекунанд.Ин дар ҳолест, ки се деҳаи вулусволии Шуғнони Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо фарогирии 375 хоҷагӣ бори аввал ба неруи барқ дастрасӣ пайдо намуданд. Дар назар аз боз ба як деҳаи дигар низ "равшан" шавад.Ин кор пас аз пайвастани ноҳияи Шуғнони Тоҷикистон ба ҳалқаи ягонаи барқии вилоят ва аз тариқи он ба хати барқии мамлакат пайваст шудан амалӣ гардид.Чунин имконият пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристистгоҳи деҳаи Бунии Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоҷон Ширинҷонов, таъмиру таҷдиди пурраи он ва насби 86 сутунпояҳои оҳанини хати интиқоли барқи 110 кВ дар масофаи 19,5 км ба даст оварда шуд.Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 5,4 миллиард кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 281,5 миллион кВт/соат бештар аст.Дар ин муддат кишвар аз интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 7,3 миллион доллар даромад гирифтааст.
https://sputnik.tj/20220430/tojikiston-deha-vulusvoli-afghonistonro-barq-1048095290.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1f/1045352939_252:0:2981:2047_1920x0_80_0_0_86867724b4d50764132604d231b1d91e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, нерӯи барқ, таркиш,
афғонистон, нерӯи барқ, таркиш,
Дар Афғонистон сутунҳои нерӯи барқ тарконида шуду 11 вилоят бебарқ монд
Дар Афғонистон ду сутуни барқ мунфаҷир шуда, 11 вилоят бе барқ монданд. Феълан дар ҷои ҳодиса корҳои барқарорсозӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Дар маркази Афғонистон ду сутуни барқ тарконда, 11 вилояти ин кишвар, аз ҷумла Кобулро бе барқ монданд.
Дар ин бора ширкати энержии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) дар вилояти Парвон хабар додааст.
"Дар ноҳияи Тагма дар ҷануби Саланги вилояти Парвон дар натиҷаи инфиҷори мина ду... сутуни хатти барқ тахриб шуданд. Дар робита ба ин ҳодиса нерӯи барқ дар Кобул ва 10 вилояти дигар қатъ шуд", - омадааст дар хабари ширкат.
Гуфта мешавад, ки дар ҷойи ҳодиса дастаҳои техникӣ кор мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки се деҳаи вулусволии Шуғнони Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо фарогирии 375 хоҷагӣ бори аввал ба неруи барқ дастрасӣ пайдо намуданд. Дар назар аз боз ба як деҳаи дигар низ "равшан" шавад.
Ин кор пас аз пайвастани ноҳияи Шуғнони Тоҷикистон ба ҳалқаи ягонаи барқии вилоят ва аз тариқи он ба хати барқии мамлакат пайваст шудан амалӣ гардид.
Чунин имконият пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристистгоҳи деҳаи Бунии Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоҷон Ширинҷонов, таъмиру таҷдиди пурраи он ва насби 86 сутунпояҳои оҳанини хати интиқоли барқи 110 кВ дар масофаи 19,5 км ба даст оварда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 5,4 миллиард кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 281,5 миллион кВт/соат бештар аст.
Дар ин муддат кишвар аз интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 7,3 миллион доллар даромад гирифтааст.