https://sputnik.tj/20220429/toqaev-nozironi-zaboni-ighvoi-khadamoti-makhsus-1048073907.html
Тоқаев “нозирони забон”-ро иғвои хадамоти махсус хонд
Тоқаев “нозирони забон”-ро иғвои хадамоти махсус хонд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Қазоқистон ташаббуси бархе сокинонро, ки дар кишвар “нозирони забонӣ” ташкил карданд, иғвои хадамоти махсуси кишварҳои ғайридӯст хонд
2022-04-29T15:20+0500
2022-04-29T15:20+0500
2022-04-29T17:38+0500
қазоқистон
забон
иҷтимоъ
нозирон
қосим -жомарт тоқаев
иғво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044727085_0:0:1501:844_1920x0_80_0_0_93391661c2446720da3b307103c5df24.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт, “нозирони забон”-ро, ки солҳои ахир дар ин кишвар рушд кардааст, хадамоти вижа ташкил мекунанд, иттилоъ додааст Sputnik Қазоқистон."Ҳамаи ин амалҳо аз сӯйи иғвогарони ҳирфаӣ бо дастури хадамоти махсус ташкил карда мешаванд", - гуфт Тоқаев дар ҷаласаи Ассамблеяи мардумии Қазоқистон.Раисҷумҳури Қазоқистон ёдоварӣ кард, ки Қазоқистон давлати бисёрзабонӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, табъиз кардани мардумон аз рӯи забон ғайриқобили қабул аст.Дар ҳамин ҳол роҳбари ин кишвар қайд кард, ки забони давлатӣ қазоқӣ мебошад, барои таҳкими мақоми бояд чораҳо андешида шавад, вале на ба зарари забонҳои дигар.Ёдовар мешавем, соли гузашта дар фазои интернетӣ видеоҳое пайдо шуданд, ки дар он “нозирони забон” шаҳрвандони Қазоқистонро маҷбур мекарданд, барои истифода аз лавҳаҳо ва нархномаҳо ҳамчунин хидматрасонӣ бо забони русӣ дар назди дурбин узрхоҳӣ кунанд.Ин “нозирон” нафаронеро, ки бо забони ғайриқазоқӣ суҳбат мекарданд, хоин унвон менамуданд ва аз талаб мекарданд, ин кишварро тарк кунанд.Қаблан Тоқаев раъйпурсӣ дар мавриди қабули тағйирот ба Конститутсия эълон карда буд. Қарор аст, дар ин раъйгирӣ ба 33 моддаи Қонуни Асосии ин кишвар тағйир ворид карда шавад. Рӯзи раъйпурсӣ то ҳол маълум нест.
https://sputnik.tj/20220418/qazoqiston-huquq-prezident-mahdud-1047730769.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044727085_178:0:1305:845_1920x0_80_0_0_6aee6276ef01c93a11487417f8d49edb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, забон, нозирони забон, иғво, хадамоти махсус, тоқаев
қазоқистон, забон, нозирони забон, иғво, хадамоти махсус, тоқаев
Тоқаев “нозирони забон”-ро иғвои хадамоти махсус хонд
15:20 29.04.2022 (Навсозишуда: 17:38 29.04.2022) Раисҷумҳури Қазоқистон ташаббуси бархе сокинонро, ки дар ин кишвар “нозирони забон” ташкил карданд, иғвои хадамоти махсуси кишварҳои ғайридӯст хонд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт, “нозирони забон”-ро, ки солҳои ахир дар ин кишвар рушд кардааст, хадамоти вижа ташкил мекунанд, иттилоъ додааст Sputnik Қазоқистон.
"Ҳамаи ин амалҳо аз сӯйи иғвогарони ҳирфаӣ бо дастури хадамоти махсус ташкил карда мешаванд", - гуфт Тоқаев дар ҷаласаи Ассамблеяи мардумии Қазоқистон.
Раисҷумҳури Қазоқистон ёдоварӣ кард, ки Қазоқистон давлати бисёрзабонӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, табъиз кардани мардумон аз рӯи забон ғайриқобили қабул аст.
Дар ҳамин ҳол роҳбари ин кишвар қайд кард, ки забони давлатӣ қазоқӣ мебошад, барои таҳкими мақоми бояд чораҳо андешида шавад, вале на ба зарари забонҳои дигар.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар фазои интернетӣ видеоҳое пайдо шуданд, ки дар он “нозирони забон” шаҳрвандони Қазоқистонро маҷбур мекарданд, барои истифода аз лавҳаҳо ва нархномаҳо ҳамчунин хидматрасонӣ бо забони русӣ дар назди дурбин узрхоҳӣ кунанд.
Ин “нозирон” нафаронеро, ки бо забони ғайриқазоқӣ суҳбат мекарданд, хоин унвон менамуданд ва аз талаб мекарданд, ин кишварро тарк кунанд.
Қаблан Тоқаев раъйпурсӣ дар мавриди қабули тағйирот ба Конститутсия эълон карда буд. Қарор аст, дар ин раъйгирӣ ба 33 моддаи Қонуни Асосии ин кишвар тағйир ворид карда шавад. Рӯзи раъйпурсӣ то ҳол маълум нест.