https://sputnik.tj/20220426/shahrvandon-adolat-toqaev-qazoqiston-1047973108.html
Ба шаҳрвандон адолат намерасад: Тоқаев дар бораи Қазоқистони нав гуфт
Ба шаҳрвандон адолат намерасад: Тоқаев дар бораи Қазоқистони нав гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Қазоқистон мегӯяд, сокинони кишвараш ташнаи адолатанд ва аз ҳукуматаш даъват кард, ки бо мардум назиктар ва як занҷирае миёни онҳо ва ҳукумат бошанд
2022-04-26T16:50+0500
2022-04-26T16:50+0500
2022-04-26T20:15+0500
қосим -жомарт тоқаев
қазоқистон
сиёсат
адолат
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044698515_0:6:1333:756_1920x0_80_0_0_77920acdab845d19a68a76ada1c635d4.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев зимни суханронӣ дар анҷумани ғайринавбатии ҳизби ҳокими "Amanat" гуфт, ки ҳоло қазоқистониён суол медиҳанд, ки Қазоқистони нав чист.Ӯ гуфт, бояд иқрор шуд, ки шаҳрвандони мо ба таври ошкоро адолати иҷтимоӣ надоранд. Беэътиноӣ ба манофеи мардуми оддӣ ҳама вақт рух медиҳадБа гуфтаи президент, баъзан намояндагони дастгоҳи давлатӣ манбаи беадолатиҳои ошкоро мешаванд. Маҳз ба ҳамин далел, ба гуфтаи Тоқаев, нобоварии доимӣ ба ниҳодҳои қудратӣ дар ҷомеа вуҷуд дорад. "Аз ин рӯ, дар назди Ҳизби "Amanat" вазифаи душвор - ислоҳи ин вазъияти ниҳоят номусоид меистад. Шумо бояд дар сафи пеши кор бо намояндагони мардум, як занҷираи муассири ҳамкории миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат бошед", - гуфт Тоқаев. Ёдовар мешавем, ки дар Нурсултон анҷумани ғайринавбатии Ҳизби "Amanat" таҳти раёсати президент ба таври онлайнӣ баргузор шуд, ки дар он вакилони тамоми вилоятҳо иштирок доранд.Дар ин ҷаласа раисҷумҳури Қазоқистон аз мақоми раҳбарии ҳизби хориҷ шуд ва мақоми раисии "Amanat"-ро Ерлан Кошанов соҳиб шуд."Аз имрӯз ман тасмим гирифтам, ки аз мақоми раиси Ҳизби "Амонат" даст кашам. Ин иқдом рамзӣ аст. Дар ин робита ба ҳамаи шумо барои эътимод ва пуштибонӣ дар интихоботи президентӣ изҳори сипос мекунам", - гуфт Тоқаев.
https://sputnik.tj/20220426/toqaev-maqom-erlan-koshanov-1047971888.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044698515_0:0:1333:1000_1920x0_80_0_0_46a88e15581c580b2659c13dedbdc0ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шаҳрвандон адолат тоқаев қазоқистон
шаҳрвандон адолат тоқаев қазоқистон
Ба шаҳрвандон адолат намерасад: Тоқаев дар бораи Қазоқистони нав гуфт
16:50 26.04.2022 (Навсозишуда: 20:15 26.04.2022) Раисҷумҳури Қазоқистон мегӯяд, сокинони кишвараш ташнаи адолатанд ва аз мақомоти ҳукуматаш даъват кард, ки бо мардум назиктар ва як занҷирае миёни аҳолӣ ва ҳукумат бошанд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев зимни суханронӣ дар анҷумани ғайринавбатии ҳизби ҳокими "Amanat" гуфт, ки ҳоло қазоқистониён суол медиҳанд, ки Қазоқистони нав чист.
"Фикр мекунам, ки шумо метавонед ба ин савол мухтасар ва дақиқ посух диҳед. Қазоқистони нав, воқеан, як Қазоқистони одилона аст", — гуфт Тоқаев дар ҷаласаи ғайринавбатии Ҳизби "Amanat".
Ӯ гуфт, бояд иқрор шуд, ки шаҳрвандони мо ба таври ошкоро адолати иҷтимоӣ надоранд. Беэътиноӣ ба манофеи мардуми оддӣ ҳама вақт рух медиҳад
Ба гуфтаи президент, баъзан намояндагони дастгоҳи давлатӣ манбаи беадолатиҳои ошкоро мешаванд.
Маҳз ба ҳамин далел, ба гуфтаи Тоқаев, нобоварии доимӣ ба ниҳодҳои қудратӣ дар ҷомеа вуҷуд дорад.
"Аз ин рӯ, дар назди Ҳизби "Amanat" вазифаи душвор - ислоҳи ин вазъияти ниҳоят номусоид меистад. Шумо бояд дар сафи пеши кор бо намояндагони мардум, як занҷираи муассири ҳамкории миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат бошед", - гуфт Тоқаев.
Ёдовар мешавем, ки дар Нурсултон анҷумани ғайринавбатии Ҳизби "Amanat" таҳти раёсати президент ба таври онлайнӣ баргузор шуд, ки дар он вакилони тамоми вилоятҳо иштирок доранд.
Дар ин ҷаласа раисҷумҳури Қазоқистон аз мақоми раҳбарии ҳизби хориҷ шуд ва мақоми раисии "Amanat"-ро Ерлан Кошанов соҳиб шуд.
"Аз имрӯз ман тасмим гирифтам, ки аз мақоми раиси Ҳизби "Амонат" даст кашам. Ин иқдом рамзӣ аст. Дар ин робита ба ҳамаи шумо барои эътимод ва пуштибонӣ дар интихоботи президентӣ изҳори сипос мекунам", - гуфт Тоқаев.