https://sputnik.tj/20220429/javon-dukhtar-khujand-sirdaryo-1048063559.html
Ишқи мамнуъ? Ҷавону духтаре дар Хуҷанд худро ба Сирдарё партофтанд
Ишқи мамнуъ? Ҷавону духтаре дар Хуҷанд худро ба Сирдарё партофтанд
Sputnik Тоҷикистон
Духтар тавонист, ки худро аз ғарқшавӣ наҷот диҳад аммо ҷавон натавонист. Ҷасади ӯро то кунун пайдо накардаанд ва ҷустуҷӯ идома дорад
2022-04-29T10:51+0500
2022-04-29T10:51+0500
2022-04-29T15:17+0500
кҳф
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035170027_0:81:1562:960_1920x0_80_0_0_e2f4b3b9671232ba6453c13b3797a335.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд як ҷавон ва духтаре қасди худкушӣ карда, бо ин мақсад худро аз болои пуле ба Сирдарё партофтаанд.Ҳодиса пеш аз зуҳри 28 апрел сар задааст, хабар медиҳад, дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар.Ба иттилои манбаъ, кормандони кумита иборат аз ғаввосон бо дарёфти хабар фавран ба ҷойи ҳодиса, пули болои Сирдарё маъруф бо “Юбилейный” ҳозир шуданд.Гуфта мешавад, ҷавон 21 сол дошта, сокини ноҳияи Айнӣ, деҳаи Пардуди ҷамоати Фондарё мебошад, ки донишҷӯи яке аз муассисаҳои олии таълимии шаҳри Хуҷанд будааст.Ҷавондухтари бошад, 18- сола, сокини деҳаи Нурафшони шаҳри Леваканти вилояти Хатлон будааст.Ҳамзамон таъкид шудааст, ки субҳи 29 апрел корҳои ҷустуҷӯӣ барои дарёфти ҷасади ҷавон аз сар гирифта шуданд. Сабабҳоеро, ки ҷавононро ба чунин иқдоми водор кардааст, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд, таъкид мекунад КҲФ.
https://sputnik.tj/20220328/vakhsh-domod-arus-khudkushi-1047130994.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035170027_87:0:1475:1041_1920x0_80_0_0_392fe9cfe899137ce2f5967e0f91fdb3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷавон духтар хуҷанд сирдарё
ҷавон духтар хуҷанд сирдарё
Ишқи мамнуъ? Ҷавону духтаре дар Хуҷанд худро ба Сирдарё партофтанд
10:51 29.04.2022 (Навсозишуда: 15:17 29.04.2022) Духтар тавонист, ки худро аз ғарқшавӣ наҷот диҳад, аммо ҷавон натавонист. Ҷасади ӯро то кунун пайдо накардаанд ва ҷустуҷӯҳо идома дорад
ДУШАНБЕ, 29 апр – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд як ҷавон ва духтаре қасди худкушӣ карда, бо ин мақсад худро аз болои пуле ба Сирдарё партофтаанд.
Ҳодиса пеш аз зуҳри 28 апрел сар задааст, хабар медиҳад, дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар.
Ба иттилои манбаъ, кормандони кумита иборат аз ғаввосон бо дарёфти хабар фавран ба ҷойи ҳодиса, пули болои Сирдарё маъруф бо “Юбилейный” ҳозир шуданд.
Гуфта мешавад, ҷавон 21 сол дошта, сокини ноҳияи Айнӣ, деҳаи Пардуди ҷамоати Фондарё мебошад, ки донишҷӯи яке аз муассисаҳои олии таълимии шаҳри Хуҷанд будааст.
Ҷавондухтари бошад, 18- сола, сокини деҳаи Нурафшони шаҳри Леваканти вилояти Хатлон будааст.
"Духтар тавонист худаш аз дарё берун шавад, аммо мутаассифона, ҷавон ғарқ шуд. Ғаввосони наҷот то торикӣ ҷустуҷӯ карданд, аммо ҷасад пайдо нашуд", - афзуд манбаъ.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки субҳи 29 апрел корҳои ҷустуҷӯӣ барои дарёфти ҷасади ҷавон аз сар гирифта шуданд.
Сабабҳоеро, ки ҷавононро ба чунин иқдоми водор кардааст, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд, таъкид мекунад КҲФ.