https://sputnik.tj/20220328/vakhsh-domod-arus-khudkushi-1047130994.html
Даҳшат: дар Вахш наварӯсу домод худкушӣ карданд
Даҳшат: дар Вахш наварӯсу домод худкушӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳоло маълум нест, ки чаро навхонадорон сӯиқад ба ҷони худ карданд. Мақомоти мрбута дар ин самт фаъолият мебаранд
2022-03-28T15:50+0500
2022-03-28T15:50+0500
2022-03-28T18:02+0500
дар тоҷикистон
худкушӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вахш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102928/85/1029288599_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_8d5defc7ad87e1cf761974b73b774ca7.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон зану шавҳар худро ба дор овехта, худкушӣ карданд.Дар ин бора "Pressa.tj" бо такя ба манобеи худ дар мақомоти ин ноҳия хабар додааст. Ба гузориши манбаъ, марҳумон наварӯсу домод буда, аз маросими издивоҷи онҳо ҳамагӣ се ё чор рӯз сипарӣ шуда будааст.Гуфта мешавад, мард сокини Вахш ва ҳамсараш аз ноҳияи Кӯшониён будааст. Худкушии домоду арӯсро мақомоти маҳаллии ноҳияи Вахш низ тасдиқ карданд, вале дар мавриди чаро ба чунин кор даст задани навхонадорон изҳори бехабарӣ намудаанд.Ин ҳодисаи нохуш шаби 26 ба 27 март, тахминан соатҳои як дар манзили истиқоматии домод, аниқтараш дар оғилхона сурат гирифтааст. Ҷасади онҳоро пайвандони домод дар ҳолати овехта пайдо намудаанд.Феълан маълум нест, ки чаро арӯсу домоди се-чоррӯза худкушӣ кардаанд. Ҳоло тафтишоти ин ҳодиса идома дорад.Ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати худкушӣ ё қасди худкушӣ сабт мешавад. Беш аз нисфи онҳоеро, ки ба ҷони худ қасд мекунанд, занону духтарон ташкил медиҳанд. Муноқишаҳои оилавӣ, камбудиҳои рӯзгор, афсурдагӣ, ноумедӣ ва хушунат дар оила аз сабабҳои умдаи худкушии занону духтарони тоҷик ном бурда мешаванд.
https://sputnik.tj/20220126/jazoi-tojikistoni-puli-qrim-1045163863.html
вахш
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102928/85/1029288599_194:0:915:541_1920x0_80_0_0_0608625de3d0c39d67de24975583429e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вахш худкушӣ
Даҳшат: дар Вахш наварӯсу домод худкушӣ карданд
15:50 28.03.2022 (Навсозишуда: 18:02 28.03.2022) Ҳоло маълум нест, ки чаро навхонадорон худкушӣ кардаанд. Мақомоти зирабт ба таҳқиқи қазия шуруъ кардаанд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон зану шавҳар худро ба дор овехта, худкушӣ карданд.
Дар ин бора "Pressa.tj" бо такя ба манобеи худ дар мақомоти ин ноҳия хабар додааст. Ба гузориши манбаъ, марҳумон наварӯсу домод буда, аз маросими издивоҷи онҳо ҳамагӣ се ё чор рӯз сипарӣ шуда будааст.
Гуфта мешавад, мард сокини Вахш ва ҳамсараш аз ноҳияи Кӯшониён будааст. Худкушии домоду арӯсро мақомоти маҳаллии ноҳияи Вахш низ тасдиқ карданд, вале дар мавриди чаро ба чунин кор даст задани навхонадорон изҳори бехабарӣ намудаанд.
Ин ҳодисаи нохуш шаби 26 ба 27 март, тахминан соатҳои як дар манзили истиқоматии домод, аниқтараш дар оғилхона сурат гирифтааст. Ҷасади онҳоро пайвандони домод дар ҳолати овехта пайдо намудаанд.
Феълан маълум нест, ки чаро арӯсу домоди се-чоррӯза худкушӣ кардаанд. Ҳоло тафтишоти ин ҳодиса идома дорад.
Ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати худкушӣ ё қасди худкушӣ сабт мешавад. Беш аз нисфи онҳоеро, ки ба ҷони худ қасд мекунанд, занону духтарон ташкил медиҳанд.
Муноқишаҳои оилавӣ, камбудиҳои рӯзгор, афсурдагӣ, ноумедӣ ва хушунат дар оила аз сабабҳои умдаи худкушии занону духтарони тоҷик ном бурда мешаванд.