https://sputnik.tj/20220429/jarrohi-mushkil-tojikiston-1048069880.html
Пизишкони тоҷик ҷарроҳии нодир анҷом доданд
Пизишкони тоҷик ҷарроҳии нодир анҷом доданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷарроҳии мазкур 9 соат давом кардааст, дар натиҷа аз бемор 200-250 мл хун рафтааст. Беморе, ки ҷарроҳӣ шудааст, 34 сол дошта, як сол қабл бистарӣ шудааст
2022-04-29T13:35+0500
2022-04-29T13:35+0500
2022-04-29T14:05+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ҷарроҳӣ
духтурон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102133/31/1021333158_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_7ffcceaae7692299d82932a6f477bb76.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон нахустин бор ҷарроҳии эзофагоколопластика бо колофарингоанастамоз гузаронида шуд.Ин ҷарроҳии нодирро устодони кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва табобати шуоии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон анҷом додаанд.Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба гузориши Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон хабар медиҳад.Иттилоъ дода мешавад, ки ин ҷарроҳӣ аз ҷониби мудири кафедра, доктори илмҳои тиб Равшан Юлдошев ва ассистентҳо Ҷовид Ҷамшедов ва Йигиталӣ Нуриддинов ҳамроҳ бо кормандони дигари ин кафедра гузаронида шудааст.Ҷарроҳии мазкур бо усули ҳибридӣ, бо бозпайвандии колофарингоанастамоз анҷом дода шудааст.Беморе, ки ҷарроҳӣ шудааст, 34 сол дошта, як сол қабл бо сабаби тавассути ишқор сӯхтани сурхрӯдааш дар Маркази саратоншиносии ҷумҳуриявӣ бистарӣ шуда будааст.Ҷарроҳии мазкур 9 соат давом карда, дар натиҷа аз бемор 200-250 мл хун рафтааст.Тибқи ташхис, ҳама қисми сурхрӯда, аз қисми гардан сар карда, то қисми қафаси сина ва қисми абдоминалии сурхрӯдаи бемор пурра сӯхта, стеноз гардида буд.Манбаъ афзуда, ки ҳоло ҳолати бемор хуб буда, зери назорати пурраи табибон қарор дорад.
https://sputnik.tj/20220119/olimon-rasadkhona-astronomi-sanglokh-sitoraho-nav-1044935492.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102133/31/1021333158_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_50ae495b2d3ed249851d4b22a470389e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷарроҳӣ, тоҷикистон, бори нахуст, тандурустӣ
ҷарроҳӣ, тоҷикистон, бори нахуст, тандурустӣ
Пизишкони тоҷик ҷарроҳии нодир анҷом доданд
13:35 29.04.2022 (Навсозишуда: 14:05 29.04.2022) Ҷарроҳӣ 9 соат давом кардааст ва дар натиҷа аз бемор 200-250 мл хун рафтааст. Беморе, ки ҷарроҳӣ шудааст, 34 сол дошта, як сол қабл бистарӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон нахустин бор ҷарроҳии эзофагоколопластика бо колофарингоанастамоз гузаронида шуд.
Ин ҷарроҳии нодирро устодони кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва табобати шуоии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон анҷом додаанд.
Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба гузориши Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Иттилоъ дода мешавад, ки ин ҷарроҳӣ аз ҷониби мудири кафедра, доктори илмҳои тиб Равшан Юлдошев ва ассистентҳо Ҷовид Ҷамшедов ва Йигиталӣ Нуриддинов ҳамроҳ бо кормандони дигари ин кафедра гузаронида шудааст.
Ҷарроҳии мазкур бо усули ҳибридӣ, бо бозпайвандии колофарингоанастамоз анҷом дода шудааст.
Беморе, ки ҷарроҳӣ шудааст, 34 сол дошта, як сол қабл бо сабаби тавассути ишқор сӯхтани сурхрӯдааш дар Маркази саратоншиносии ҷумҳуриявӣ бистарӣ шуда будааст.
Ҷарроҳии мазкур 9 соат давом карда, дар натиҷа аз бемор 200-250 мл хун рафтааст.
Тибқи ташхис, ҳама қисми сурхрӯда, аз қисми гардан сар карда, то қисми қафаси сина ва қисми абдоминалии сурхрӯдаи бемор пурра сӯхта, стеноз гардида буд.
Манбаъ афзуда, ки ҳоло ҳолати бемор хуб буда, зери назорати пурраи табибон қарор дорад.