https://sputnik.tj/20220119/olimon-rasadkhona-astronomi-sanglokh-sitoraho-nav-1044935492.html
Олимони тоҷик дар расадхонаи астрономии "Санглох" ситораҳои навро таҳқиқ карданд
Олимони тоҷик дар расадхонаи астрономии "Санглох" ситораҳои навро таҳқиқ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ду сол мешавад, ки Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ситорахои фавқулнавро таҳқиқ дорад
2022-01-19T13:40+0500
2022-01-19T13:40+0500
2022-01-19T17:42+0500
дар тоҷикистон
ситораҳо
илм ва фанноварӣ
олимон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044362667_0:387:2264:1661_1920x0_80_0_0_badd64c26a0a042342ce8a4b54587643.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Олимони институт дар расадхонаи астрономии байналмилалии "Санглох" 384 соат мушоҳидаи ситораҳои фавқулнав гузаронида, шаш ҳазор тасвирҳои рақамиро коркард кардаанд.Дар ин бора хадамоти матбуотии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки ин таҳқиқ аз ҳамкорӣ бо расадхонаи астрофизикии Қрим сарчашма гирифитааст. Қайд мешавад, ки мушоҳидаи ситораҳо аз расадхонаи "Санглох" дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон якумин бор ба роҳ монда шуд ва барои чунин мушоҳидаҳои фаъол расадхона ба барномаи байналмилалии VSNET (Variable Star Network), ки аз тарафи Расадхонаи миллии астрономии Ҷопон ташкил шудаст, ворид гардид. Мавриди назар аст, ки дар чунин соҳа мутафаккири бузурги Шарқ Абуалӣ ибни Сино таҳқиқот бурдааст. Ӯ барангезиши ситораи навро (SN1006) дар китоби "Аш-шифо" тасвир карда, далелҳои онро дар ин китоб тавсиф кардааст. Имрӯзҳо ин ситора бо номи SN (super nova) ба қайд гирифта шудааст. Тавсифи амиқи ситораи нав саҳми бузурги Абуалӣ ибни Синоро дар ҷодаи илмҳои табиатшиносӣ тасдиқ менамояд.
https://sputnik.tj/20201012/Olimoni-toik-bori-nakhust-dar-aon-du-madani-navro-dar-ududi-Toikiston-oshkor-kardand-1032073492.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044362667_0:175:2264:1873_1920x0_80_0_0_746d56884b07bb8a0d85d4d6703c3432.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
олимон, расадхона, ситораҳо
олимон, расадхона, ситораҳо
Олимони тоҷик дар расадхонаи астрономии "Санглох" ситораҳои навро таҳқиқ карданд
13:40 19.01.2022 (Навсозишуда: 17:42 19.01.2022) Ду сол мешавад, ки Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ситораҳои навро таҳқиқ мекунад
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Олимони институт дар расадхонаи астрономии байналмилалии "Санглох" 384 соат мушоҳидаи ситораҳои фавқулнав гузаронида, шаш ҳазор тасвирҳои рақамиро коркард кардаанд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ин таҳқиқ аз ҳамкорӣ бо расадхонаи астрофизикии Қрим сарчашма гирифитааст.
Қайд мешавад, ки мушоҳидаи ситораҳо аз расадхонаи "Санглох" дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон якумин бор ба роҳ монда шуд ва барои чунин мушоҳидаҳои фаъол расадхона ба барномаи байналмилалии VSNET (Variable Star Network), ки аз тарафи Расадхонаи миллии астрономии Ҷопон ташкил шудаст, ворид гардид.
"Чунин мушоҳидаҳо барои тадқиқоти ҷараёнҳои вобаста бо таркиши ситораҳои нав ҷиддӣ мебошанд ва дар муаммои пайдоиши ситораҳо саҳм мегузоранд.", - омадааст дар хабар.
Мавриди назар аст, ки дар чунин соҳа мутафаккири бузурги Шарқ Абуалӣ ибни Сино таҳқиқот бурдааст. Ӯ барангезиши ситораи навро (SN1006) дар китоби "Аш-шифо" тасвир карда, далелҳои онро дар ин китоб тавсиф кардааст.
Имрӯзҳо ин ситора бо номи SN (super nova) ба қайд гирифта шудааст. Тавсифи амиқи ситораи нав саҳми бузурги Абуалӣ ибни Синоро дар ҷодаи илмҳои табиатшиносӣ тасдиқ менамояд.