Дастархони бидуни худнамоӣ: ҳушдори раиси Шӯрои уламо ба тоҷикистониён

© Sputnik / Амир Исаев, STRПредседатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Обуна шудан
Раиси Шӯрои уламои кишвар аз мардуми Тоҷикистон даъват кардааст, ки дар зимни таҷлили Иди Фитр ба исрофкорӣ роҳ надиҳанду дасти ятимону бепарасторонро бигиранд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо аз мардуми Тоҷикистон даъват кард, ки ҳангоми таҷлил аз Иди Рамазони дар пешистода исрофкорӣ накунанд.

"Мардуми тоҷик бо меҳмоннавозии худ машҳур аст, вале бо ин вуҷуд дар рӯзҳои ид набояд ба худнамоӣ, исрофкорӣ ва зиёдаравӣ нисбат ба дастархони идона роҳ диҳад", - гуфт ӯ.

Мавсуф қайд мекунад, ки ҳар як шахс бояд ба қадри имкон дастархон гузорад ва инчунин хӯрокҳоеро интихоб кунад, ки дар ҳавои гарм зуд вайрон нашавад.
Ба таъкиди Абдуқодирзода, “исрофкор бародари шайтон аст”, бинобар ин сокинон набояд ба он роҳ диҳанд.
Раиси Шӯрои уламо ҳамчунин ба рӯзадорон ҳушдор дод, ки дар рӯзҳои таҷлил аз ҳад зиёд нахӯранд ва афзуд, бояд тадриҷан ба ғизои маъмулии худ баргарданд. Дар давоми як моҳ организм одат кардааст, ки то 15-16 соат аз хӯрок хӯрдан худдорӣ кунад, дар чунин ҳол аз ҳад зиёд хӯрдан метавонад боиси бемориҳои ҷиддӣ гардад.
Празднование Ураза-Байрам в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Эълони рӯзи Иди Рамазон ва вақти намоз дар Тоҷикистон
“Дар ин рӯз ҳама гирди як дастархон ҷамъ шаванд, на барои қасам хӯранд, на дигаронро баҳс кунанд, балки барои ёдоварӣ аз мурдагон, корҳои неки онҳо гирд оянд, то рӯҳашон шод шавад”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, Иди саиди Фитр ҷашни дӯстдоштаи кӯдакон аст, аммо волидон набояд онҳоро беназорат нагузоранд ва бояд дар бораи амнияти онҳо андеша кунанд.
Ӯ ҳамзамон ба хайру саховат ва гирифтани дасти ятимон таъкид карда, аз фурӯшандагон хост, нархҳоро боло набаранд.
Номбурда гуфт, ба таври сунъӣ боло бурдани нархи маводи ниёзи аввалия, дигар маҳсулот, суистифода аз моҳи мубораки Рамазон гуноҳи бузург буда, оқибатҳои манфӣ дорад.

"Барои одамоне, ки нархро ба таври сунъӣ баланд мебардоранд, пули аз ин ба даст овардааш ғайр аз изтироб, нокомию нороҳатӣ дигар чизе намеоварад",- таъкид кард ӯ.

Ёдовар мешавем, ки намози Иди Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи душанбеи 2 май, соати 06:00 дар тамоми масоҷиди ҷомеи кишвар оғоз мешавад.
Тибқи анъана, сокинон пас аз адои намози ид ба зиёрату аёдати қабристону қабри аҷдодони худ, пиронсолон, падару модарон, беморон, ятимон ва наздиконашон мераванд. Ҳамчунин дар ин рӯз ба шодбоши ҳамдигар меоянд.
Лентаи хабарҳо
0