Аз борон то раъду барқ: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон

© PixabayМолния
Молния - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Обуна шудан
Ҳавосанҷон дар Тоҷикистон боришоти борон ва ба амал омадани раъду барқро пешгӯӣ мекунанд. Шамол аз самти Шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда ва дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддатро пешгӯӣ мекунанд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо асосан бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 , рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Прохожие гуляют по скверу под зонтами  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Пешгӯии ҳавои рӯзҳои охири апрел ва аввали май дар Тоҷикистон
Вилояти Хатлонро низ ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ҳам ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.
Гармо дар ин минтақа шабона ба12+17, рӯзона 25+30 дараҷа мерасад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Бино ба пешгӯӣ дар Душанбе ҳам ҳавои борониву сар задани раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона 15+17, ва рӯзона 27+29 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0