Пешгӯии ҳавои рӯзҳои охири апрел ва аввали май дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПрохожие гуляют по скверу под зонтами
Прохожие гуляют по скверу под зонтами  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон бо назардошти ҳавое, ки ҳафтаҳои оянда дар назар аст, аз шаҳрвандон хостаанд, аз кӯҳравию ҳаракати шабона дар роҳҳо худдорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ҳафтаи охири моҳи апрел ва рӯзҳои аввали моҳи май дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар аст.
Аз 24 то 29 апрел борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ​​ба амал меояд, иттилоъ додааст Саттор Саидов, сардори Раёсати пешгӯии обуҳавои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон ба "Ховар". Ба иттилои ҳавошинос, интизор меравад, ки ҳавои номусоид 4 -5 май низ ҷумҳуриро фаро гирад.
Саидов таъкид кардаст, ки дар охири моҳи апрел ва аввали моҳи май дар водиҳо, аз ҷумла дар Душанбе борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд.
"Ҳавои Хатлон дар моҳи май аз меъёр 1-2 дараҷа гарм шуда, дар водиҳо 20+25 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо 17+18 дараҷа гарм мешавад. Интизор меравад, ки моҳи май ҳарорати ҳавои атмосферӣ дар водиҳо рӯзона аз 27 то 32+37 дараҷа ва шабона то 12+17 дараҷа гарм шавад", - афзуд ӯ.
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Тасвиби созишнома барои тобовар кардани кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи Вахш
Дар вилояти Суғд ҳавои миёнаи моҳона аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа гарм, дар водиҳо 22+23, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 10+13 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад. Давоми моҳи май дар ҷумҳурӣ ҳавои камабр боқӣ монда, баъзан борони шиддатнок, раъду барқ ​​ва жола меборад, изҳор доштаст Саидов.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо назардошти ҳавои номусоид рӯзҳои охири моҳи апрел ва аввали моҳи май аз сокинони ҷумҳурӣ хостаст, то ҳадди имкон аз сафар аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Тавсия дода шудаст, ки шаҳрвандон сайёҳат дар куҳҳо, чидани занбурӯғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикорро ба таъхир гузоранд.
Аз ронандагон хоҳиш шудааст, ки ҳаракати шабонаро маҳдуд созанду дар роҳҳои куҳӣ қоидаҳои ҳаракат риоя намуда, суръатро зиёд накунанд.
Лентаи хабарҳо
0