Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Афзоиши вуруди фирориён аз Украина ва Донбасс ба Русия

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкУкраинские военные обстреляли Донецк
Украинские военные обстреляли Донецк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Обуна шудан
Вуруди фирориён аз Украина ва Донбасс - ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск ба қаламрави Русия тайи шабонарӯзи охир афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Беш аз 15 ҳазор гуреза аз тариқи гузаргоҳҳои марзии вилояти Ростов вориди Русия шудаанд, хабар дод Раёсати минтақавии марзбонии Хадамоти федералии амният.
Ин дар ҳолест, ки шабонарӯзи гузашта шумораи онҳое, ки аз Украина ва Донбасс ба Русия паноҳ бурданд, 13,5 ҳазор нафар арзёбӣ шудааст.
Дар маҷмуъ, бар асоси омори расмӣ, шумораи гурезаҳо аз Украина ва Донбасс дар Русия наздик ба 1 млну 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора наздики 190 ҳазор нафарашон кӯдак мебошанд.
Дар ҳамин ҳол кумаки яквақта дар ҳаҷми 10 ҳазор рубл ба зиёда аз 120 ҳазор гуреза пардохт гардида, аз 223 ҳазор гуреза дархости кумак ворид шудааст.
Президент РФ В. Путин провел совещание по развитию агропромышленного и рыбохозяйственного комплексов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Ҳушдори Путин аз зарба ба онҳое, ки аз берун ба Украина дахолат мекунанд - видео
Интиқоли васеи шаҳрвандон аз Донбасс нимаи моҳи феврали соли равон дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар ин минтақа оғоз гардид. Баъдан Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, 24 феврал дар Украина амалиёти низомии махсусро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0