https://sputnik.tj/20220427/hushdor-putin-zarba-ukraina-1048014793.html
Ҳушдори Путин аз зарба ба онҳое, ки аз берун ба Украина дахолат мекунанд - видео
Ҳушдори Путин аз зарба ба онҳое, ки аз берун ба Украина дахолат мекунанд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки кишвар аз василаҳои зарбазание бархӯрдор мебошад, ки айни ҳол ҳеч касе дар ҷаҳон аз онҳоро надорад
2022-04-27T20:10+0500
2022-04-27T20:10+0500
2022-04-27T20:46+0500
дар русия
владимир путин
президент
амният ва мудофиа
хатар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0c/1047571426_0:0:3097:1742_1920x0_80_0_0_1fb2acb7e9f47ce0523fe4b48c40a80c.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Агар касе нияти дахолат ба вазъият дар Украина аз берунро дорад ва хатарҳои стратегӣ барои Русияро эҷод кунад, посухи барқосо хоҳад гирифт, изҳор дошт Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои мақомоти қонунгузор. Путин афзуд, дар аввали амалиёти низомӣ дар Украина гуфта буд ва ҳоло ҳам такрор мекунад, ки агар касе қасди дахолат ба қазия аз берунро дорад, ҷавобашро мегирад. "Мо барои ин тамоми василаҳоро дорем. Аз чунин воситаҳо дар ҷаҳон айни ҳол ҳич кас бархурдор нест. Мо агар даркор шавад, аз ин имкониятҳо истифода хоҳем кард", - афзуд президент. Вай таъкид кард, ки қарорҳо дар сурати эҷоди хатари стратегӣ аллакай қабул шудаанд. Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220427/lavrov-khatar-jang-hastai-video-1048011892.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0c/1047571426_85:0:2816:2048_1920x0_80_0_0_37c0a3b4af909cb8a40352ef98a65ff5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, путин, русия, хатар, эҷод
ҳушдор, путин, русия, хатар, эҷод
Ҳушдори Путин аз зарба ба онҳое, ки аз берун ба Украина дахолат мекунанд - видео
20:10 27.04.2022 (Навсозишуда: 20:46 27.04.2022) Русия аз василаҳои зарбазание бархӯрдор мебошад, ки айни ҳол ҳич касе дар ҷаҳон монанди онҳоро надорад, изҳор дошт президенти ФР
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Агар касе нияти дахолат ба вазъият дар Украина аз берунро дорад ва хатарҳои стратегӣ барои Русияро эҷод кунад, посухи барқосо хоҳад гирифт, изҳор дошт Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои мақомоти қонунгузор.
Путин афзуд, дар аввали амалиёти низомӣ дар Украина гуфта буд ва ҳоло ҳам такрор мекунад, ки агар касе қасди дахолат ба қазия аз берунро дорад, ҷавобашро мегирад.
"Мо барои ин тамоми василаҳоро дорем. Аз чунин воситаҳо дар ҷаҳон айни ҳол ҳич кас бархурдор нест. Мо агар даркор шавад, аз ин имкониятҳо истифода хоҳем кард", - афзуд президент.
Вай таъкид кард, ки қарорҳо дар сурати эҷоди хатари стратегӣ аллакай қабул шудаанд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.