Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон аз мақомаш барканор шуд: сабаб

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел Узбекистана Абдулазиз Камилов, архивное фото
Министр иностранных дел Узбекистана Абдулазиз Камилов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Обуна шудан
Президенти Ӯзбекистон вазири корҳои хориҷии ин кишварро аз мақомаш барканор ва ба мансаби муовини дабири Шӯрои амнияти ин кишвар таъйин кард
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати кишвар.
Гуфта мешавад, ҳамакнун вазири собиқ муовини дабири Шӯрои амнияти назди президенти Ӯзбекистон оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният шудааст.
Президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷаро таъйин кардааст.
Ҳамин тариқ Владимир Норов муовини аввали вазир ҳамакнун иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ таъйин шудааст.
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои Хуҷанд ва Самарқанд
Бобур Усмонов, ки ба ҷояш Абдулазиз Комилов таъйин шуд, ҳоло муовини директори Пажуҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақаии ин ҷумҳурӣ шудааст.
Қобили зикр аст, як моҳ қабл дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ гуфта буд, ки Абдулазиз Комилов дар бемористони марказии клиникии рақами 1-и шаҳри Тошканд бистарӣ шудааст.
Вай аз сабаби бемории музмин муолиҷаи муқаррарӣ мегирифт.
Дар рафти муолиҷа роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистонро дар вохӯриву чорабиниҳои гуногун муовини Сарвазир – сардори Раёсати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ Сардор Умурзоқов муаррифӣ менамуд.
Лентаи хабарҳо
0