https://sputnik.tj/20220427/sozishnoma-khujand-samarqand-1048010846.html
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои Хуҷанд ва Самарқанд
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои Хуҷанд ва Самарқанд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориро дар соҳаи маориф густариш медиҳанд. Дар ин росто ташкили чорабиниҳои муштарак миёни донишгоҳҳо дар назар аст
2022-04-27T18:50+0500
2022-04-27T18:50+0500
2022-04-27T20:07+0500
маориф
донишгоҳ
имзои созишнома
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
хуҷанд
самарқанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048010043_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_54315a744e5ab0167c76648bbfea44a6.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд бо такя ба донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо дар асоси созишномаи ҳамкорӣ робитаҳои илмӣ-инноватсионӣ ва фарҳангиро рушд медиҳанд.Инчунин дар доираи ин созишнома таъмини табодули таҷриба миёни кормандону донишҷӯён ба роҳ монда, дар самти ташкили чорабиниҳои муштарак иқдом менамоянд.Ногуфта намонад, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров феълан бо 100 муассисаҳои олӣ ва касбии ватанию хориҷӣ ҳамкориҳои илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангиро ба роҳ монда, ҳамкориҳои судманд дорад.Ин дар ҳолест, ахиран фаъолияти филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ӯзбекистон, ки соли 1998 қатъ гардида буд, дубора фаъол мешавад.Ин донишгоҳ 24 сол пеш дар Ӯзбекистон фаъолият кардааст ва онро 2000 нафар муҳассил аз Ӯзбекистон бомуваффақият хатм намудаанд.Пештар хабар дода шуда буд, ки дар Донишгоҳи Бухоро шуъбаи забони тоҷикӣ таъсис меёбад.Ҳамчунин интизор меравад, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олии ҳамдигарро эътироф (нострификатсия) мекунанд.
https://sputnik.tj/20220415/filial-donishgoh-tojikiston-uzbekiston-1047664614.html
ӯзбекистон
хуҷанд
самарқанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048010043_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_06e38dcf8e5a97f44dcfe137e547d60f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳсил, ӯзбекистон, тоҷикистон, хуҷанд, самарқанд
таҳсил, ӯзбекистон, тоҷикистон, хуҷанд, самарқанд
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои Хуҷанд ва Самарқанд
18:50 27.04.2022 (Навсозишуда: 20:07 27.04.2022) Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориро дар соҳаи маориф густариш медиҳанд. Дар ин росто ташкили чорабиниҳои муштарак миёни донишгоҳҳо дар назар аст
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд бо такя ба донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо дар асоси созишномаи ҳамкорӣ робитаҳои илмӣ-инноватсионӣ ва фарҳангиро рушд медиҳанд.
Инчунин дар доираи ин созишнома таъмини табодули таҷриба миёни кормандону донишҷӯён ба роҳ монда, дар самти ташкили чорабиниҳои муштарак иқдом менамоянд.
Ногуфта намонад, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров феълан бо 100 муассисаҳои олӣ ва касбии ватанию хориҷӣ ҳамкориҳои илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангиро ба роҳ монда, ҳамкориҳои судманд дорад.
Ин дар ҳолест, ахиран фаъолияти филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ӯзбекистон, ки соли 1998 қатъ гардида буд, дубора фаъол мешавад.
Ин донишгоҳ 24 сол пеш дар Ӯзбекистон фаъолият кардааст ва онро 2000 нафар муҳассил аз Ӯзбекистон бомуваффақият хатм намудаанд.
Пештар хабар дода шуда буд, ки дар
Донишгоҳи Бухоро шуъбаи забони тоҷикӣ таъсис меёбад.
Ҳамчунин интизор меравад, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олии ҳамдигарро эътироф (нострификатсия) мекунанд.