https://sputnik.tj/20220428/smm-borodiyanka-bucha-bozdid-1048042615.html
ВАО: Дабири кулли СММ аз Бородиянка ва Буча боздид кард. Ӯ чӣ дид?
ВАО: Дабири кулли СММ аз Бородиянка ва Буча боздид кард. Ӯ чӣ дид?
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Гутерриш аз Бородянка ва Буча дар вилояти Киев дидан кард. Ӯ бо раҳбарияти кишвар мулоқот хоҳад кард
2022-04-28T16:51+0500
2022-04-28T16:51+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
антониу гуттериш
боздид
смм
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/12/1032109439_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_4a22f9acec0dbd16e87ee6326cd2bc9c.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш аз шаҳракҳои Бородянка ва Буча дар вилояти Киев дидан кард.Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба гузориши "Франс пресс" хабар медиҳад.Гутерриш рӯзи чаҳоршанбе барои гуфтугӯ бо Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина ва Владимир Зеленский вориди Киев шуд. Мулоқот шоми панҷшанбе ба нақша гирифта шудааст. Дабири кулл ният дорад, ки ба шаҳри Ирпен, дар наздикии пойтахти Украина сафар кунад.Қаблан Гутерриш дар Маскав бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва кишвардори Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ дошт.Яке аз мавзуъҳои асосӣ вазъи башарӣ дар Украина ва ҳамчунин чораҳои ҳалли сеҷонибаи ин масъала – бо ширкати Русия, Украина ва СММ буд.Дафтари Гутерриш пас аз гуфтугӯи ӯ бо Путин гуфт, СММ бо Маскав ва Киев механизми интиқоли ғайринизомиён дар Украинаро баррасӣ мекунад ва ин созмон барои анҷоми амалиёти башардӯстона ба Украина кормандони изофӣ мефиристад.Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Ҳушдори Путин аз зарба ба онҳое, ки аз берун ба Украина дахолат мекунанд - видеоБарои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20211012/davat-gutterish-barqaror-iqtisodi-jahon-1042779302.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/12/1032109439_293:0:1733:1080_1920x0_80_0_0_3e29182b4cb66173f51d6841f6e2222f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дабири кулли смм, бородиянка, буча
дабири кулли смм, бородиянка, буча
ВАО: Дабири кулли СММ аз Бородиянка ва Буча боздид кард. Ӯ чӣ дид?
16:51 28.04.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Гутерриш аз Бородянка ва Буча дар вилояти Киев дидан кард. Ӯ бо раҳбарияти ин кишвар мулоқот хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш аз шаҳракҳои Бородянка ва Буча дар вилояти Киев дидан кард.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба гузориши "Франс пресс" хабар медиҳад.
Гутерриш рӯзи чаҳоршанбе барои гуфтугӯ бо Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина ва Владимир Зеленский вориди Киев шуд.
Мулоқот шоми панҷшанбе ба нақша гирифта шудааст.
Дабири кулл ният дорад, ки ба шаҳри Ирпен, дар наздикии пойтахти Украина сафар кунад.
Қаблан Гутерриш дар Маскав бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва кишвардори Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ дошт.
Яке аз мавзуъҳои асосӣ вазъи башарӣ дар Украина ва ҳамчунин чораҳои ҳалли сеҷонибаи ин масъала – бо ширкати Русия, Украина ва СММ буд.
Дафтари Гутерриш пас аз гуфтугӯи ӯ бо Путин гуфт, СММ бо Маскав ва Киев механизми интиқоли ғайринизомиён дар Украинаро баррасӣ мекунад ва ин созмон барои анҷоми амалиёти башардӯстона ба Украина кормандони изофӣ мефиристад.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.