https://sputnik.tj/20211012/davat-gutterish-barqaror-iqtisodi-jahon-1042779302.html
Як қадам то "бойгарӣ": Даъвати Гуттериш барои барқарор кардани иқтисоди ҷаҳон
Як қадам то "бойгарӣ": Даъвати Гуттериш барои барқарор кардани иқтисоди ҷаҳон
Sputnik Тоҷикистон
Барои таъмини рушди босуботи иқтисоди ҷаҳон барои инсоният як қадами бузурги коллективӣ лозим аст, изҳор дошт Гуттериш
2021-10-12T12:23+0500
2021-10-12T12:23+0500
2021-10-12T14:10+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
смм
антониу гуттериш
вируси нав
пандемия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/05/1032765799_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_d9c904d02a59cfd3e4c20a53ce51c3c6.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ҳамагирии коронавирус беш аз 100 миллион нафарро ба фақру бенавоӣ рӯ ба рӯ, зиёда аз 4 миллиардро аз кумаки иҷтимоӣ маҳрум кард, изҳор дошт дибири кулли СММ Антониу Гуттериш, хабар медиҳад РИА "Новости".Ӯ бо чунин изҳорот дар чорабинии Бунёди Байналмилалии Асъор, ки ба барқарор кардани иқтисоди давлатҳо дар давраи пандемия бахшида шуда буд, суханронӣ кард.Дабири кулл гуфт, ки башарият барои ҷилавгирӣ аз пандемия, барқарорсозии устувор ва ҳамаҷонибаи иқтисоди ҷаҳонӣ ба "як қадами устувори дастаҷамъона" ниёз дорад.Ба гуфтаи ӯ, пешгӯиҳо нишон медиҳанд, ки ҷаҳон дар авҷи эҳёи назарраси иқтисоди ҷаҳонӣ қарор дорад ва афзоиши ММД аз панҷ то қариб шаш дарсадро ташкил медиҳад."Аммо дар паси рақамҳо фарқияти калон вуҷуд дорад. Бисёре аз кишварҳо ва минтақаҳои рӯ ба тараққӣ хеле ақиб мондаанд. Кишварҳои пешрафта қариб 28 фоизи ММД -ро барои барқарорсозии иқтисод сармоягузорӣ мекунанд. Барои кишварҳои нисбатан рушдёфта ин рақам 1,8 дарсад аст", - гуфт ӯ. Вай даъват кард, ки сармоягузорӣ афзоиш дода шаваду онро ба наҷоти кутоҳмуддат аз буҳрон ва барқарорсозии дарозмуддат равона созанд.Вай хостори дастгирии ҳукуматҳо, бахусус дар кишварҳои дучори буҳрон ва ноустуворӣ дар татбиқи сиёсатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ шуд. Барои расидан ба ин ҳадаф то соли 2030 маблағгузории зиёд лозим аст, хулоса кард ӯ.
https://sputnik.tj/20211010/zhirinovskiy-pandemiya-jangi-shahrvandi-1042752483.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/05/1032765799_96:0:2827:2048_1920x0_80_0_0_801e7bfee72557e179b3919cc001e6d9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гуттериш, барқарор, иқтисоди ҷаҳон
гуттериш, барқарор, иқтисоди ҷаҳон
Як қадам то "бойгарӣ": Даъвати Гуттериш барои барқарор кардани иқтисоди ҷаҳон
12:23 12.10.2021 (Навсозишуда: 14:10 12.10.2021) Дар ҷиҳати таъмини рушди босуботи иқтисоди ҷаҳон барои инсоният як қадами бузурги ҷамъӣ лозим аст, изҳор дошт Гуттериш
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ҳамагирии коронавирус беш аз 100 миллион нафарро ба фақру бенавоӣ рӯ ба рӯ, зиёда аз 4 миллиардро аз кумаки иҷтимоӣ маҳрум кард, изҳор дошт дибири кулли СММ Антониу Гуттериш, хабар медиҳад
РИА "Новости".
Ӯ бо чунин изҳорот дар чорабинии Бунёди Байналмилалии Асъор, ки ба барқарор кардани иқтисоди давлатҳо дар давраи пандемия бахшида шуда буд, суханронӣ кард.
"Беш аз 4 миллиард нафар амалан дастгирии иҷтимоӣ надоранд, на тандурустӣ, на ҳифзи даромад, дар ҳоле ки ба кумак беш аз пеш ниёз доранд. Нобаробарӣ дар масъалаи тақсимоти ваксина ҷаҳонро ба марг дучор мекунад ва рукуди иқтисодро давомдор менамояд, ки дар охир метавонад ба иқтисоди кишварҳои фақир зарбаи сахт занад", - изҳор дошт Гуттериш.
Дабири кулл гуфт, ки башарият барои ҷилавгирӣ аз пандемия, барқарорсозии устувор ва ҳамаҷонибаи иқтисоди ҷаҳонӣ ба "як қадами устувори дастаҷамъона" ниёз дорад.
Ба гуфтаи ӯ, пешгӯиҳо нишон медиҳанд, ки ҷаҳон дар авҷи эҳёи назарраси иқтисоди ҷаҳонӣ қарор дорад ва афзоиши ММД аз панҷ то қариб шаш дарсадро ташкил медиҳад.
"Аммо дар паси рақамҳо фарқияти калон вуҷуд дорад. Бисёре аз кишварҳо ва минтақаҳои рӯ ба тараққӣ хеле ақиб мондаанд. Кишварҳои пешрафта қариб 28 фоизи ММД -ро барои барқарорсозии иқтисод сармоягузорӣ мекунанд. Барои кишварҳои нисбатан рушдёфта ин рақам 1,8 дарсад аст", - гуфт ӯ.
Вай даъват кард, ки сармоягузорӣ афзоиш дода шаваду онро ба наҷоти кутоҳмуддат аз буҳрон ва барқарорсозии дарозмуддат равона созанд.
"Аммо аксари кишварҳо бо мутаҳммил шудани хароҷоти хидматрасонии қарз дармондаанд. Ман бори дигар даъват мекунам, кишварҳое, ки ниёзи бештар доранд, кумак карда шаванд. Ташаббуси боздоштани хидмати қарзӣ аз ҷониби G20 бояд то соли оянда тамдид шавад", - гуфт Гутерриш.
Вай хостори дастгирии ҳукуматҳо, бахусус дар кишварҳои дучори буҳрон ва ноустуворӣ дар татбиқи сиёсатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ шуд. Барои расидан ба ин ҳадаф то соли 2030 маблағгузории зиёд лозим аст, хулоса кард ӯ.