https://sputnik.tj/20220428/shirkati-oryono-parvozho-kobul-maskav-1048057061.html
Ширкати “Ориёно” парвозҳои Кобул - Маскавро оғоз кард
Ширкати “Ориёно” парвозҳои Кобул - Маскавро оғоз кард
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати ҳавоии “Орёно” парвозҳои мустақим Кобул-Маскавро азсар гирифт. Ин ширкат мегуянд, ки рафт рӯзҳои душанбе ва баргашт сешанбе анҷом хоҳад шуд
2022-04-28T21:35+0500
2022-04-28T21:35+0500
2022-04-28T21:35+0500
афғонистон
дар русия
маскав
парвоз
ҳавопаймо
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040602542_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_5aac075de1a7efbd1b965993130b56f2.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Парвозҳои Кобул - Маскав наздик ба як сол мутаваққиф буданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба "TOLOnews".Имомуддин Аҳмадӣ, сухангӯи Вазорати нақлиёт ва ҳавонавардии ин кишвар гуфтааст, "парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Ориёно” ба Маскав дар давраи ҳукумати қаблӣ мушкилоте доштанд ва ба ҳамин далел мутаваққиф шуда буданд”.Дар ҳамин ҳол бархе аз ширкатҳои сайёҳатӣ аз камранг шудани фаъолияташон шикоят мекунанд. Ин ширкатҳо азсаргирии парвозҳои Кобул - Маскавро муфид медонанд.Бархе аз иқтисоддонҳо бар ин назаранд, ки азсаргирии парвозҳои ширкати “Ориёно” ба Маскав роҳҳои транзитӣ ва тиҷоратии ин кишварро боз менамояд.Вазорати нақлиёт ва ҳавонавардии Афғонистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир аз фурудгоҳи Кобул ҳамарӯза беш аз 20 парвози дохилӣ ва байналмилалӣ сурат мегирад.Ба иттилои ин ниҳоди давлатии Афғонистон, аз 20 парвоз се парвозаш дохилӣ ва боқимонда ба самти Туркия, Қатар, Эрон, Покистон ва Чин мебошанд.
https://sputnik.tj/20220428/vaziri-khorija-hind-avrupo-jahon-afghoniston-khiyonat-1048047041.html
афғонистон
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040602542_159:0:2890:2048_1920x0_80_0_0_bfde5324eb1489359f30081e2109c1ee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонситон, маскав, русия, парвоз, ширкати ҳавоӣ, "орёно"
афғонситон, маскав, русия, парвоз, ширкати ҳавоӣ, "орёно"
Ширкати “Ориёно” парвозҳои Кобул - Маскавро оғоз кард
Ширкати ҳавоии “Ориёно” парвозҳои мустақими Кобул - Маскавро азсар гирифтааст. Ин ширкат мегӯяд, ки рафт рӯзҳои душанбе ва баргашт сешанбе анҷом хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Парвозҳои Кобул - Маскав наздик ба як сол мутаваққиф буданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба "TOLOnews".
Имомуддин Аҳмадӣ, сухангӯи Вазорати нақлиёт ва ҳавонавардии ин кишвар гуфтааст, "парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Ориёно” ба Маскав дар давраи ҳукумати қаблӣ мушкилоте доштанд ва ба ҳамин далел мутаваққиф шуда буданд”.
“Акнун ин ширкати ҳавоӣ ҳар ҳафта, рӯзи душанбе ба самти Маскав парвоз хоҳад дошт", - гуфт оқои Аҳмадӣ.
Дар ҳамин ҳол бархе аз ширкатҳои сайёҳатӣ аз камранг шудани фаъолияташон шикоят мекунанд. Ин ширкатҳо азсаргирии парвозҳои Кобул - Маскавро муфид медонанд.
Бархе аз иқтисоддонҳо бар ин назаранд, ки азсаргирии парвозҳои ширкати “Ориёно” ба Маскав роҳҳои транзитӣ ва тиҷоратии ин кишварро боз менамояд.
Вазорати нақлиёт ва ҳавонавардии Афғонистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир аз фурудгоҳи Кобул ҳамарӯза беш аз 20 парвози дохилӣ ва байналмилалӣ сурат мегирад.
Ба иттилои ин ниҳоди давлатии Афғонистон, аз 20 парвоз се парвозаш дохилӣ ва боқимонда ба самти Туркия, Қатар, Эрон, Покистон ва Чин мебошанд.