https://sputnik.tj/20220428/sharikon-tojikiston-sodirot-kolo-1048026948.html
Шарикони асосии Тоҷикистон дар содироти коло маълум шуданд
Шарикони асосии Тоҷикистон дар содироти коло маълум шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон, Чин ва Туркия се кишваре мебошанд, ки Тоҷикистон бо онҳо содироти бефосиларо ба роҳ мондааст. Эрону Ӯзбекистон низ шарикони Тоҷикистон ҳастанд
2022-04-28T12:00+0500
2022-04-28T12:00+0500
2022-04-28T19:58+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
шарики асосӣ
содирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103111/21/1031112101_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_cbd4194af365f12a8f694b9138300356.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Шарикони аслии Тоҷикистон дар содироти коло Қазоқистон, Чин, Туркия, Ӯзбекистон ва Эрон мебошанд, хабар медиҳад "Авеста" бо истинод ба маълумоти оморӣ. Ҳамин тариқ 31,3% ҳаҷми умумии содирот ба саҳми Қазоқистон, ки дар харид пешсаф аст, рост омад. Дар маҷмуъ, дар моҳҳои январ-марти соли 2022 ҳаҷми содироти коло ба Қазоқистон беш аз 147,2 миллион долларро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол ҳаҷми воридот дар ин давра 206,7 миллион долларро ташкил додааст. Бо Чин содирот аз аввали сол 21,6 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми муомилоти мол беш аз 344,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар мавриди худи маҳсулоти содиротӣ бошад, ба ин кишварҳо асосан металлҳои қиматбаҳо фиристода мешавад, маҳсулоти металлургияи ранга, алюминийи аввалия, инчунин нахи пахта ва меваҳои хушк мебошанд.Аз аввали соли 2022 дар муомилоти тиҷорӣ бо Белгия ба маблағи 25,7 миллион доллар ҳаҷми содирот нисбат ба воридот ба таври назаррас зиёд ба қайд гирифта шудааст. Ҳаҷми муомилот бо ин кишвар беш аз 28,4 миллион долларро ташкил додааст, ки зиёда аз 27,1 миллион доллари он ба саҳми содироти колоҳои Тоҷикистон рост меояд. Дар бобати ҳаҷми умумии муомилоти мол бо мамлакатхои хориҷӣ ҳоло ҳам Русия ҷои якумро ишғол мекунад. Ҳаҷми гардиши мол миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ беш аз 364,9 миллион сомониро ташкил додааст. Воридоти мол ба ҷумҳурӣ аз Русия 28,3%, аз Чин 20,1% ва аз Қазоқистон 17,1% гуфта мешавад.
https://sputnik.tj/20220427/sodirot-tojikiston-soli-2021-1048015056.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103111/21/1031112101_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_78e824d1a795dda3c8d0fee2e711589f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон шарикон коло содирот
тоҷикистон шарикон коло содирот
Шарикони асосии Тоҷикистон дар содироти коло маълум шуданд
12:00 28.04.2022 (Навсозишуда: 19:58 28.04.2022) Қазоқистон, Чин ва Туркия се кишваре мебошанд, ки Тоҷикистон бо онҳо содироти бефосиларо ба роҳ мондааст. Эрону Ӯзбекистон низ шарикони Тоҷикистон ҳастанд
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Шарикони аслии Тоҷикистон дар содироти коло Қазоқистон, Чин, Туркия, Ӯзбекистон ва Эрон мебошанд, хабар медиҳад "Авеста" бо истинод ба маълумоти оморӣ.
"Дар моҳҳои январ-марти соли 2022 ҳаҷми содироти маҳсулот 470 миллион доллар ва воридот беш аз 1,2 миллиард долларро ташкил дод", - гуфт манбаъ.
Ҳамин тариқ 31,3% ҳаҷми умумии содирот ба саҳми Қазоқистон, ки дар харид пешсаф аст, рост омад. Дар маҷмуъ, дар моҳҳои январ-марти соли 2022 ҳаҷми содироти коло ба Қазоқистон беш аз 147,2 миллион долларро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол ҳаҷми воридот дар ин давра 206,7 миллион долларро ташкил додааст. Бо Чин содирот аз аввали сол 21,6 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми муомилоти мол беш аз 344,4 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар мавриди худи маҳсулоти содиротӣ бошад, ба ин кишварҳо асосан металлҳои қиматбаҳо фиристода мешавад, маҳсулоти металлургияи ранга, алюминийи аввалия, инчунин нахи пахта ва меваҳои хушк мебошанд.
Аз аввали соли 2022 дар муомилоти тиҷорӣ бо Белгия ба маблағи 25,7 миллион доллар ҳаҷми содирот нисбат ба воридот ба таври назаррас зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Ҳаҷми муомилот бо ин кишвар беш аз 28,4 миллион долларро ташкил додааст, ки зиёда аз 27,1 миллион доллари он ба саҳми содироти колоҳои Тоҷикистон рост меояд.
Дар бобати ҳаҷми умумии муомилоти мол бо мамлакатхои хориҷӣ ҳоло ҳам Русия ҷои якумро ишғол мекунад.
Ҳаҷми гардиши мол миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ беш аз 364,9 миллион сомониро ташкил додааст. Воридоти мол ба ҷумҳурӣ аз Русия 28,3%, аз Чин 20,1% ва аз Қазоқистон 17,1% гуфта мешавад.