Содироти Тоҷикистон дар соли 2021

Обуна шудан
Дар соли 2021 содироти Тоҷикистон ба таври назаррас тағйир ёфтааст. Соли гузашта ҳаҷми содирот ба 2,150 миллиард доллар расид
Дар соли 2021 Тоҷикистон асосан филизи қиматбаҳо ва нимқиматбаҳоро ба хориҷ фиристод. Ҳаҷми умумии даромад аз содироти ин маҳсулот 896,7 миллион долларро ташкил медиҳад.
Маҳсулоти маъданиро Тоҷикистон ба маблағи 522,4 миллион сомонӣ савдо намудааст.
Филизи нимқиматбаҳо ва пахта қариб дар як сатҳ қарор доранд, аз якумӣ Тоҷикистон 266 миллион доллар ва аз пахта 202,6 миллион доллар фоида ба даст овардааст.
Афзоиши воридот ва коҳиши содироти мол дар Тоҷикистон
Зимнан дар як соли гузашта Тоҷикистон ба маблағи 96 миллион доллар нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя содир намудааст. Харидори асосии барқи Тоҷикистон ин Ҷумҳурии Афғонистон мебошад.
Аз миёни молу маҳсулоти аз Тоҷикистон содиршуда пӯсти коркарднашуда савдо шудааст. Аз содироти ин навъ маҳсулот ба ҷумҳурӣ 4.1 миллион доллар фоида расидааст.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон содироти мол аз Тоҷикистон ҳудуди 50 дарсад коҳиш ёфтааст. Воридот бошад, ба беш аз 1,2 миллиард доллар баробар буда, дар муқоиса бо соли гузашта 43% ва ё 362,7 миллион доллар зиёдтар аст.
Лентаи хабарҳо
0