https://sputnik.tj/20220428/pisar-buhutto-vazir-khorija-pokiston-1048039597.html
Писари Беназир Буҳутто вазири хориҷаи Покистон шуд
Писари Беназир Буҳутто вазири хориҷаи Покистон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Писари нахуствазири собиқи Покистон дар мақоми вазири хориҷаи ин кишвар таъйин шуд. Ӯ ҷавонтарин нафар дар ин кишвар аст, ки ба ин мансаб расид
2022-04-28T15:50+0500
2022-04-28T15:50+0500
2022-04-28T18:22+0500
покистон
сиёсат
дар ҷаҳон
имрон хон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042111989_0:180:1920:1260_1920x0_80_0_0_2650241de2b6d04edffd29cc2506731d.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Билавал Бҳутто Зардорӣ, "сиёсатмадори ҷавон ва писари бузург"-и Беназир Бҳутто, нахуствазири пешини Покистон ба унвони раҳбари ҳизби муттаҳид бо ҳукумати нав вазири умури хориҷии Покистон шуд. Бино ба гузориши расонаҳои Покистони, раиси Ҳизби мардумии Покистон Билавал Бҳутто Зардорӣ аллакай бо ҳузури нахуствазир Шаҳбоз Шариф дар назди раисҷумҳур Ариф Алавӣ савганд ёд кардааст.Ҳизби халқии Покистон, дувумин ҳизби бузургтарин дар эътилоф нақши худро дар барқарорсозии демократия, татбиқи ислоҳоти интихоботӣ, мубориза барои иқтисоди одилона ва пешбурди манфиатҳои Покистон дар ҷаҳон бозӣ хоҳад кард. Зардорӣ дар бораи таъйинаш ба ин мансад бо нашри аксҳо аз маросими савгандёдкунӣ дар саҳифаи "Twitter"-и худ хабар дод. Ба гузориши шабакаи телевизионии "Geo"-и Покистон, вазири умури хориҷӣ пас аз ба қудрат расиданаш бо кормандони ин ин ниҳод ҷаласа баргузор карда, бо вазъи кунунӣ ошно шудааст. Зардорӣ 33 сол дорад ва ҷавонтарин вазири умури хориҷии Покистон дар таърихи ин кишвар шуд. Ӯ ҳамагӣ дар 19-солагӣ раиси Ҳизби мардумии Покистон интихоб гардид ва фаъолияти сиёсияш оғоз шуд.Ӯ писари Беназир Бҳутто, нахуствазири пешини Покистон ва раҳбари Ҳизби мардумии Покистон аст, ки дар соли 2007 дар як ҳамлаи террористӣ кушта шуд. Рӯзи 11 апрел Шаҳбоз Шариф, раҳбари ҳизби Лигаи мусалмонони Покистон 23-юмин нахуствазири Покистон интихоб шуд. Номзадии Шариф аз 342 раъйи парлумон 174 овози онро соҳиб шуд. Имрон Хон, пешгузаштаи ӯ, намояндаи ҳизби муътадили ҷунбиши адолат рӯзи 10 апрел бо раъйи нобоварӣ барканор шуд.
https://sputnik.tj/20220411/nomzadi-mukholifin-sharif-nakhustvaziri-pokiston-intikhob-1047547933.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042111989_0:0:1920:1440_1920x0_80_0_0_af57ea85e561f7453d7862cb144e2e8e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
писар беназир буҳутто вазир хориҷа покистон
писар беназир буҳутто вазир хориҷа покистон
Писари Беназир Буҳутто вазири хориҷаи Покистон шуд
15:50 28.04.2022 (Навсозишуда: 18:22 28.04.2022) Писари нахуствазири пешини Покистон ба мақоми вазири хориҷаи ин кишвар таъйин шуд. Ӯ ҷавонтарин нафар дар ин кишвар аст, ки ба ин мансаб расид
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Билавал Бҳутто Зардорӣ, "сиёсатмадори ҷавон ва писари бузург"-и Беназир Бҳутто, нахуствазири пешини Покистон ба унвони раҳбари ҳизби муттаҳид бо ҳукумати нав вазири умури хориҷии Покистон шуд.
Бино ба гузориши расонаҳои Покистони, раиси Ҳизби мардумии Покистон Билавал Бҳутто Зардорӣ аллакай бо ҳузури нахуствазир Шаҳбоз Шариф дар назди раисҷумҳур Ариф Алавӣ савганд ёд кардааст.
Ҳизби халқии Покистон, дувумин ҳизби бузургтарин дар эътилоф нақши худро дар барқарорсозии демократия, татбиқи ислоҳоти интихоботӣ, мубориза барои иқтисоди одилона ва пешбурди манфиатҳои Покистон дар ҷаҳон бозӣ хоҳад кард.
Зардорӣ дар бораи таъйинаш ба ин мансад бо нашри аксҳо аз маросими савгандёдкунӣ дар саҳифаи "Twitter"-и худ хабар дод.
Ба гузориши шабакаи телевизионии "Geo"-и Покистон, вазири умури хориҷӣ пас аз ба қудрат расиданаш бо кормандони ин ин ниҳод ҷаласа баргузор карда, бо вазъи кунунӣ ошно шудааст.
Зардорӣ 33 сол дорад ва ҷавонтарин вазири умури хориҷии Покистон дар таърихи ин кишвар шуд. Ӯ ҳамагӣ дар 19-солагӣ раиси Ҳизби мардумии Покистон интихоб гардид ва фаъолияти сиёсияш оғоз шуд.
Ӯ писари Беназир Бҳутто, нахуствазири пешини Покистон ва раҳбари Ҳизби мардумии Покистон аст, ки дар соли 2007 дар як ҳамлаи террористӣ кушта шуд.
Рӯзи 11 апрел Шаҳбоз Шариф, раҳбари ҳизби Лигаи мусалмонони Покистон 23-юмин нахуствазири Покистон интихоб шуд. Номзадии Шариф аз 342 раъйи парлумон 174 овози онро соҳиб шуд.
Имрон Хон, пешгузаштаи ӯ, намояндаи ҳизби муътадили ҷунбиши адолат рӯзи 10 апрел бо раъйи нобоварӣ барканор шуд.