Номзади мухолифин, Шариф нахуствазири нави Покистон интихоб шуд

© AP / K.M. ChaudaryГосударственный деятель Пакистана Шехбаз Шариф
Государственный деятель Пакистана Шехбаз Шариф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Номзади мухолифин дар интихоботи парлумони Покистон пирӯз ва нахуствазири ин кишвар баргузида шуд
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Палатаи поёнии порлумони Покистон Шеҳбоз Шариф, раиси ҳизби мухолифи лигаи мусалмонони Покистонро нахуствазири нави ин кишвар интихоб кард, иттилоъ додааст "Geo" TV.
Чанде пеш аз овоздиҳӣ ҳизби Имрон Хон, нахуствазири пешини Покистон, таҳрики инсоф, аз парлумон хориҷ шуд. Ин ҳизб аз 342 курсии палатаи поёнии парлумон 155 курсиро дар даст дошт. Тавре намояндаи Ҳизби Шайх Рашид гуфт, таҳрики инсоф минбаъд ҳам мардуми Покистонро ба муқобили "дасисаи хориҷӣ" даъват хоҳад кард.
Рӯзи шанбе парлумони Покистон изҳори нобоварӣ ба нахуствазир Имрон Хон кард. Ба тарафдории ин қарор 174 вакил овоз доданд, ки барои ин кор 172 райъ лозим буд. Имрон Хон дертар аз оғози муборизаи озодихоҳӣ ба муқобили фитнагариҳои хориҷӣ хабар дод. Вай қаблан гуфта буд, ки сиёсати хориҷии мустақили ӯ "қудратҳои хориҷӣ", бахусус Иёлоти Муттаҳидаро хашмгин кардааст ва онҳо иқдомоти мухолифинро маблағгузорӣ мекунанд. Дар навбати худ Департаменти давлатии ИМА гуфт, ки суханони Имрон Хон дар бораи он ки Вашингтон паси парда нақшаи сарнагунии ҳукумати ӯро дорад, беасосанд.
Дар остонаи раъйдиҳӣ барои номзадии нахуствазир даҳҳо ҳазор нафар аз тарафдорони Имрон Хон ва Ҳизби таҳрики инсоф ба хиёбонҳо рехтанд, то дастгирии худро баён кунанд.
Имран Хан, примьер министр Пакистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Имрон Хон аз мақоми нахуствазири Покистон барканор шуд
Шаҳбоз Шарифи ҳафтодсола бародари хурдии Навоз Шариф аст, ки се бор дар мақоми нахуствазири Покистон кор кардааст. Ҳамчунин Шаҳбоз Шариф сарвазири Панҷоб, пураҳолитарин вилояти Покистон буд ва ӯ як қатор лоиҳаҳои бузурги зерсохтӣ, аз ҷумла аввалин системаи муосири нақлиёти ҷамъиятии Покистонро дар зодгоҳаш, Лоҳур ба нақша гирифта ва амалӣ кард.
Дар баробари ин расонаҳо қайд мекунад, Шаҳбоз бо низомиёни Покистон, ки аз рӯи анъана сиёсати берунӣ ва мудофиавии Покистонро назорат мекунанд, муносибатҳои дӯстона дорад.
Расонаҳо ҳамчунин навиштаанд, Шариф ба ҳайси нахуствазир бо истиқлоли комил фаъолият нахоҳад кард, зеро ӯ бояд бо дигар аҳзоби мухолиф, ки аз раъйи нобоварӣ ба Имрон Хон ҳимоят кардаанд, ба таври дастаҷамъӣ кор кунад.
Лентаи хабарҳо
0