https://sputnik.tj/20220428/lukashenko-kishvarho-ittikhod-tochikiston-peshgui-1048041786.html
Лукашенко: Тоҷикистон бинобар зарурати иқтисодӣ ба Иттиҳоди Беларусу Русия мепайвандад
Лукашенко: Тоҷикистон бинобар зарурати иқтисодӣ ба Иттиҳоди Беларусу Русия мепайвандад
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Беларус, ҷумҳуриҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ ба чунин иттиҳод шомил хоҳанд шуд
2022-04-28T16:33+0500
2022-04-28T16:33+0500
2022-04-28T18:02+0500
александр лукашенко
дар тоҷикистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/12/1042350356_0:0:1892:1065_1920x0_80_0_0_09b2b3a4e1a713d7a7481666b08df48d.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар оянда дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ низ хоҳиш доранд, ки ба Иттиҳоди Беларусу Русия дохил шаванд. Дар ин бора раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар мулоқот бо губернатори вилояти Воронеж Александр Гусев изҳор дошт, хабар медиҳад хабаргузории "БелТА". Лукашенко мутмаин аст, ки ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ ба кишварҳои иттиҳод ворид мешаванд. Ба гуфтаи раисҷумҳури Беларус, минтақаҳои Русия ба рушди ҳамкориҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд.Ӯ изҳори итминон кард, ки дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ низ ба чунин иттифоқ ворид хоҳанд шуд. "Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, фикр мекунам, ба далели зарурати иқтисодӣ ба ин созмон мепайванданд", - афзуд Лукашенко. Вай ҳамчунин қайд кард, ки Арманистон "ҷои рафтан надорад".Қаблан ӯ изҳор дошта буд, ки Қазоқистон пас аз ошӯбҳои авоили моҳи январ дар ин кишвар ба далели амниятӣ ба ин иттиҳод ворид мешавад. Ёдовар мешавем, ин иттифоқ як сохтори фаромиллии Русия ва Беларус мебошад, ки фазои ягонаи сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, гумрукӣ, пулӣ, ҳуқуқӣ, гуманитарӣ, бозорӣ ва фарҳангиро ташкил медиҳад.Пешрафт дар ҳамгироии ин иттиҳод дар соли 2021 оғоз ёфт. То 1 декабри соли 2023 мақомоти ин кишвар тасмим доранд, созишнома дар бораи бозори ягонаи газро имзо кунанд. Пештар роҳбари Беларус қайд карда буд, ки стратегияи комилан нави иқтисодии рушди кишварҳои иттиҳод бо Русия барои дарозмуддат бояд таҳия шавад.
https://sputnik.tj/20220210/tojikiston-iiao-mts-hukumat-1045699375.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/12/1042350356_216:0:1865:1237_1920x0_80_0_0_e282619f501c151b58d8782ed3a95273.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лукашенко тоҷикистон иқтисодӣ иттиҳод беларусу русия
лукашенко тоҷикистон иқтисодӣ иттиҳод беларусу русия
Лукашенко: Тоҷикистон бинобар зарурати иқтисодӣ ба Иттиҳоди Беларусу Русия мепайвандад
16:33 28.04.2022 (Навсозишуда: 18:02 28.04.2022) Ба гуфтаи раисҷумҳури Беларус, ҷумҳуриҳои дигари Иттиҳоди Шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон низ ба чунин иттиҳод ворид хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар оянда дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ низ хоҳиш доранд, ки ба Иттиҳоди Беларусу Русия дохил шаванд.
Дар ин бора раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар мулоқот бо губернатори вилояти Воронеж Александр Гусев изҳор дошт, хабар медиҳад хабаргузории "БелТА".
Лукашенко мутмаин аст, ки ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ ба кишварҳои иттиҳод ворид мешаванд.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Беларус, минтақаҳои Русия ба рушди ҳамкориҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд.
"Ба шарофати шумо мо чунин ҳамкорӣ дорем ва кӯшиш мекунем, дар асоси принсипҳои нав як иттиҳодияи ягонаи иттифоқӣ бунёд кунем, то касе нараҷанд, давлатҳои соҳибихтиёру соҳибистиқлол – Беларус ва Русия рушд кунанд", - афзуд ӯ.
Ӯ изҳори итминон кард, ки дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ низ ба чунин иттифоқ ворид хоҳанд шуд.
"Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, фикр мекунам, ба далели зарурати иқтисодӣ ба ин созмон мепайванданд", - афзуд Лукашенко.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки Арманистон "ҷои рафтан надорад".
Қаблан ӯ изҳор дошта буд, ки Қазоқистон пас аз ошӯбҳои авоили моҳи январ дар ин кишвар ба далели амниятӣ ба ин иттиҳод ворид мешавад.
Ёдовар мешавем, ин иттифоқ як сохтори фаромиллии Русия ва Беларус мебошад, ки фазои ягонаи сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, гумрукӣ, пулӣ, ҳуқуқӣ, гуманитарӣ, бозорӣ ва фарҳангиро ташкил медиҳад.
Пешрафт дар ҳамгироии ин иттиҳод дар соли 2021 оғоз ёфт. То 1 декабри соли 2023 мақомоти ин кишвар тасмим доранд, созишнома дар бораи бозори ягонаи газро имзо кунанд.
Пештар роҳбари Беларус қайд карда буд, ки стратегияи комилан нави иқтисодии рушди кишварҳои иттиҳод бо Русия барои дарозмуддат бояд таҳия шавад.