"Ҷабҳаи дувум" дар Молдова. Тахрибкорӣ дар Приднестров ба кӣ лозим аст?

© Пресс-центр МВД ПМР / Гузариш ба медиабонкВ Приднестровье произошло два обстрела
В Приднестровье произошло два обстрела - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Обуна шудан
Муноқишаи куҳна дар Приднестров ба тавсеаи Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ ба самти Шарқ, ба сӯйи марзҳои Русия монеъ мешавад
Ҷангҳо дар Украина ба ИМА ҳамчун заминаи мусоид барои табдил додани Молдова ба минтақаи ҷанги шаҳрвандӣ ва “амалиёти сулҳҷӯёна”-и ин паймон муаррифӣ мешаванд.
Режими Киев бо фармони аввалини Вашингтон омодааст, нерӯҳояшро ба Тираспол фиристад, ҷоизаи асосӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина бузургтарин арсенал дар Аврупо, дар канори ҷанубии деҳаи Колбасна, ду километр аз марзи Украина нуҳуфтааст.
Танҳо 3000 низомии Русия, 7000 низомии Приднестров ва беш аз 400 000 шаҳрванди Русия дар соҳили чапи Днестр халал мерасонанд. Маскав "шарикҳо" аз Украина ва Молдоваро бодиққат мушоҳида мекунад ва омодааст, ки ба пайдоиши "ҷабҳаи дувум" сареан вокуниш нишон диҳад.
Пас аз силсилаи таркишҳои рӯзи 26 апрел дар Тираспол ҳамла ба фурудгоҳ, дар наздикии пойтахти Приднестров ва задухӯрди имрӯза дар наздикии рустои Колбасна барои 15 рӯз сатҳи "сурх"-и таҳдиди террористӣ эълон шуд.
Батальон НАТО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Тавсеаи кумаки низомии Украина баҳонае барои сӯзонидани пулҳост
Дар ин ноҳия қитъаҳои назоратӣ ва истеҳкомхо пайдо шуданд. Қарор шуд, ки паради низомӣ дар Рӯзи ғалаба 9 май лағв шавад. Муассисаҳои таълимии Приднестров то охири соли таҳсил ба таълими ғоибона гузаронда шуданд.
Тибқи натоиҷи ду рӯзи амалиёти террористии нерӯҳои хориҷӣ талафоти ҷонӣ ба мушоҳида нарасидааст. Бинои Вазорати бехатарии давлатии ПҶМ, объектҳои қисми ҳарбӣ ва аэродром зарар диданд, фиристандаҳои маркази радиои "Маяк" (12 километр дуртар аз сарҳади Украина) тарконда шуданд. Президенти Молдова Майя Санду фавран Шӯрои Амниятро даъват кард.
Котиби матбуотии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, Кремл вазъ дар Приднестровро бодиққат назорат мекунад.
Амалҳои гурӯҳҳои мухарриб, тирандозӣ аз гранатомётҳо ва зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин бо лавозимоти ҷангии стандартии НАТО дар қаламрави ПҶМ фавран пас аз сафари ғайриоддӣ (махфӣ) ба Киев, 25 апрели соли ҷорӣ аз ҷониби котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ва раиси Пентагон Ллойд Остин оғоз ёфт. Шояд ин тасодуфӣ набошад.
Вашингтон кайҳо боз талаб мекунад, ки ба "таҷовузи Русия" дар Молдова хотима дода шавад. Амрикоиҳо мехоҳанд бо иштироки нерӯҳои посдори сулҳи Русия як нуқтаи нави гарм бунёд кунанд, Приднестровро тоза кунанд, Молдоваро ба Руминия ва НАТО муттаҳид кунанд ва ҳамзамон ба режими Киев бо лавозимоти ҷангӣ ва лавозимоти ҷангии сохти шӯравӣ аз арсенали Колбасна кумак кунанд.

Нерӯ ва воситаҳо

Дар сурати таҷовузи ошкоро 3000 низомии Русия дар Приднестров, нерӯҳои мусаллаҳи ПҶМ - тақрибан 7500 нафар ва то 100 ҳазор нафар сарбози захира мустақар мешаванд.
Миқдори аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, зиёда аз 100 танк, 200 зиреҳпӯш ва мошини пиёдагард, ҳазорҳо мошин, “Град”, як отряди чархболҳо имкон медиҳад, ки дар тӯли даҳсолаҳо дар минтақаи муҳосирашуда амалиёти ҷангӣ анҷом дода шавад.
Ин гурӯҳи пурқудрати ба гумон аст, ки нерӯҳои ду бригадаи сарҳадии қувваҳои мусаллаҳи Украина, қувваҳои мусаллаҳи Молдова (6000 нафар), воҳидҳои НАТО аз Руминия, Лаҳистон ва ИМА (400 пиёдагарди баҳрии Амрикоро, ки қаблан дар меҳмонхонаи “Centrum” дар Кишинёв ҷойгир шуда буданд) аз байн бурда тавонанд.
Американские военные медики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
"Таҷовузи бесобиқа" — коре, ки Вашингтон ва Брюссел дар Аврупо мекунанд
Техника ва лавозимоти ҷангӣ (бомбаҳои ҳавоӣ, мӯшак, тӯпхона, минаҳо) 21 000 тонна ё 3,5 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Тарконидани ин гуна анбор ба зарбаи атомӣ ба Хиросима ва Нагасаки дар соли 1945 баробар аст ва метавонад бисёр маҳалҳои аҳолинишини Молдова, Руминия ва Украинаро аз рӯи замин нест кунад.
Тасодуфӣ нест, ки отряди таъҷилии мучаҳҳаз ва машқдидаи қӯшунҳои рус ин зародхонаро дар наздикии деҳаи Колбасна посбонӣ мекунад.
Бо вуҷуди ин амрикоиҳо ният доранд, ки иқтидори низомии Федератсияи Русияро то ҳадди имкон суст кунанд. Вазири мудофиаи ИМА Остин дирӯз дар пойгоҳи нерӯҳои ҳавоии Рамштайни Олмон бори дигар изҳор намуд. Мантиқ оддӣ аст: чӣ қадаре ки ҷабҳаҳо зиёд бошанд, қувваҳои мусаллаҳи Русия ҳамон қадар нерӯҳоро сарф мекунанд. Театри амалиётии Приднестров умедбахш менамояд. Барои назорат амрикоиҳо ба Руминия ду ҳавопаймои электронии истихборотӣ - RQ-4B “Global Hawk” ва RC-135W “Rivet Joint” бурдаанд.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина рӯзи 26 апрел гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба амалиёти ҷангӣ дар давлати ҷудоихоҳи Приднестров дар Молдова омодаанд. Баъди аз даст додани арсеналҳои асосӣ дар вилояти Харков Ситоди кулли Украинаро зарур аст, ки манбаи доимии лавозимоти ҷангии "шӯравӣ"-ро барои дастгирии "Фронти Ҷанубӣ" пайдо кунад.
Мушовири раиси Департаменти низомии Украина Юрий Бутусов бар ин назар аст, ки Киев ҳақ дорад, дар Приднестров амалиёти "ғайринизомисозӣ" анҷом диҳад, зеро гурӯҳҳои зудамали артиши Русия Украинаро таҳдид мекунанд.
Қаблан Алексей Арестович, як "тамашогар"-и доимии дафтари раисҷумҳури Украина гуфта буд:
"Агар Молдова ба Украина рӯ оварад, пас мо метавонем Приднестровро таҳти назорат гирем. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина барои ин нерӯи кофӣ доранд."
Руминия метарсад, ки эҳтимоли хуруҷи нерӯҳои Русия тавассути вилояти Одесса ба марзҳои ПҶМ боиси аз доираи нуфузи Бухарест ва Приднестров ва дар маҷмуъ берун рафтани Молдова мегардад.
Ҳамин тариқ “шарик”-ҳои ғарбӣ ва шарқӣ Молдоваро бо ҳар роҳ ба як даргирии бузурги низомӣ, ки оқибатҳои пешгӯинашаванда дорад, тела медиҳанд.
Маскав "шарикиҳо"-и Украина ва Молдоваро бодиққат мушоҳида мекунад ва омодааст, ки ба пайдоиши "ҷабҳаи дувум" сареан вокуниш нишон диҳад.
Лентаи хабарҳо
0