https://sputnik.tj/20220421/tajovuzi-besobiqa--kore-ki-vashington-va-brussel-dar-avrupo-mekunand-1047837394.html
"Таҷовузи бесобиқа" — коре, ки Вашингтон ва Брюссел дар Аврупо мекунанд
"Таҷовузи бесобиқа" — коре, ки Вашингтон ва Брюссел дар Аврупо мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пасманзари амалиёти вижаи низомии Федератсияи Русия мақомоти Финландия ва Шветсия масъалаи пайвастан ба НАТО-ро баррасӣ мекунанд
2022-04-21T17:10+0500
2022-04-21T17:10+0500
2022-04-21T17:10+0500
дар русия
нато
ғарб
финландия
шветсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032464398_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_c62fa56165fc4ecc76f70e0d169e8833.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik, Андрей Котс. Дар баробари ин Брюссел ҷиноҳи Аврупои Шарқиро мустаҳкам, гурӯҳҳои нави ҳарбиро ҷойгир карда, риторикаи зидди Маскавро сахттар мекунад. Дар бораи амалиёти охирини Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ дар матлаби РИА "Новости" бихонед.Скандинавия дар НАТОФинландия ва Шветсия даҳсолаҳо бетараф буда, принсипҳои ғайриблокиро риоя мекарданд. Пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина ҳам аҳзоби сиёсии ҷонибдори ҳукумат ва ҳам аҳзоби мухолифи ин кишварҳои Скандинавия дар бораи пайвастан ба НАТО суҳбат карданд.Ба гуфтаи Санна Марин, нахуствазири Финландия, равобити Маскав ва Ҳелсинкӣ дигар ҳеҷ гоҳ мисли пештара нахоҳад буд. Вай чунин мешуморад, ки дар шароити "дигаргуниҳои куллии системаи амнияти Аврупо" ба Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ дохил шудан зарур аст.Сарвазири Шветсия Магдалена Андерссон низ ҳамин гуна мавқеъро ишғол кардааст. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, вай аллакай тасмими худро қабул кардааст. Интизор меравад, ки ҳар ду кишвар дар нишасти сарони НАТО дар рӯзҳои 29-30 июн дар Мадрид барои пайвастан ба ин эътилоф муроҷиат кунанд.Эътилоф кайҳо боз Финландия ва Шветсияро интизор буд. Дабири кулли он Йенс Столтенберг ваъда дод, ки ҳарчи зудтар онҳоро қабул хоҳад кард. Чунин шавқу ҳавас комилан фахмост: нимҷазираи Скандинавия ва амалан тамоми соҳили баҳри Балтика ба ихтиёри Брюссел мегузарад. Ва муҳимтарин шаҳри бандарии Русия, Мурманск ҳамагӣ сад километр дуртар аз марзҳои ин блок хоҳад буд. Ин ба гуфтаи НАТО, фишорро болои Маскав ба таври қобили мулоҳиза афзоиш хоҳад дод.Кремл фавран вокуниш нишон дод. Муовини раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев қайд кард, ки дарозии марзҳои заминии НАТО бо Русия беш аз ду баробар афзоиш хоҳад ёфт. Ба мо лозим меояд, ки гурӯҳи қӯшунҳои хушкигард ва мудофиаи зиддиҳавоиро мустаҳкам, инчунин дар Халиҷи Финландия қувваҳои иловагии Флоти ҳарбии баҳриро чойгир кунем."Гап дар бораи ҷойгир кардани яроқи ядроӣ дар вилояти Калининград нест. Ин ба сарҳадҳои душмани эҳтимолӣ хеле наздик аст”, — шарҳ медиҳад коршиноси ҳарбӣ Алексей Леонков, — “ин чунин маъно дорад, ки Шветсия, Финландия ва давлатҳои Соҳили Балтика ҳадафҳои қонунии боздоштани силоҳи ҳастаӣ мегарданд. Лаҳистон ва Норвегия давлатҳое буданд, ки мо метавонистем ракетаҳоро нишон диҳем, аммо ба НАТО ворид шудани Шветсия ва Финландия барои мо чунин хатаре ба вуҷуд намеорад, ба монанди ворид шудани Украина ба ин эътилоф. Аммо дар кишварҳои Скандинавия нафарони шоиста дар сари қудратанд ва бо онҳо баҳси марзӣ надорем. Бинобар ин бо ин ҳол ба гумон аст, ки назми ҷаҳонӣ тағйир ёбад".Ҷиноҳи шарқӣОнҳо ба Русия аз дигар самтҳо низ фишор меоранд. Рӯзи дигар Йенс Столтенберг эълон кард, ки паймон нақшаҳои истиқрори ҳамаҷонибаи нерӯҳои доимии низомӣ дар ҷиноҳҳои шарқӣ ба манзури муқовимат ба "таҷовузи Русия"-ро таҳия мекунад.Блоки Атлантикаи Шимолй, гуфт вай, "дар рафти дигаргунсозии куллӣ" мебошад, ки "оқибатҳои дарозмуддат"-и амалиёти Маскавро безарар мегардонад. Дар Аврупои Шарқӣ аллакай даҳҳо ҳазор сарбоз таҳти фармондеҳии мустақими НАТО қарор доранд.Қаблан сарони кишварҳои ин паймон ягонагии худро дар муқобила бо "талошҳои Русия барои аз байн бурдани пояҳои амният ва суботи байналмилалӣ" ва ҳамчунин нияти эъмоли "фишори ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ" ба Кремл таъйид карда буданд."Дар посух ба фаъолияти Русия мо нақшаи дифои НАТО-ро таҳия кардем, ҷузъҳои нерӯҳои вокуниширо ҷойгир, 40 000 сарбозро дар ҷиноҳи шарқии худ бо нерӯҳои ҳавоию дарёӣ, дороиҳои зиёдеро таҳти фармондеҳии мустақими нерӯҳои ҳавоӣ ва дарёии худ ҷойгир кардем. Мо инчунин дар Булғористон, Маҷористон, Руминия ва Словакия чор гурӯҳи иловагии ҷангии сермиллат таъсис медиҳем", - гуфта мешавад дар изҳороти муштарак.Ёдовар мешавем, ки чунин гурӯҳҳо соли 2016 дар Латвия, Литва, Эстония ва Лаҳистон ташкил шуда буданд. Дар ҳар яке аз онҳо тақрибан ҳазор нерӯ аст. Ба ин тартиб НАТО теъдоди нерӯҳояшро дар наздикии марзҳои Русия дастикам даҳ баробар афзоиш дод.Пул ва сарбози бештарҒайр аз ин мамлакатҳои НАТО карор доданд, ки барои яроқу аслиҳа бештар маблағгузорӣ кунанд. Ҳамин тавр Пентагон 773 миллиард доллар сарф мекунад, ки ин назар ба барнома 9,8 фоиз зиёд аст.Берлин буҷаи ҳарбияшро камаш 100 миллиард евро зиёд мекунад: хароҷоти мудофиа аз ду фоизи ММД зиёд мешавад. Ин пул инчунин барои аз нав мусаллаҳ гардондани қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ (аз ҷумла, ба ҷои "Торнадо"-и куҳнашуда харидани ҳавопаймоҳои амрикоии F-35) сарф карда мешавад.Лаҳистон шумораи қувваҳои мусаллаҳашро ба 300 ҳазор нафар мерасонад: назар ба ҳозира ду баробар зиёд. Илова бар ин муовини нахуствазир Ярослав Качинский омодагии худро барои истиқрори силоҳи ҳастаии ИМА изҳор дошт. Муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия Константин Косачёв ин иқдомро "бахусус таҳқиромез" хонд. Баъд аз ҳама НАТО мунтазам Русияро аз интиқоли ҷилавгирии стратегӣ ба Беларус ҳушдор медиҳад.Бо сар задани амалиёти ҷангӣ дар Украина бисёре аз аъзои ин паймон тасмим гирифтанд, ки арсеналҳои худро навсозӣ кунанд. Словакия, Чехия, Руминия, Лаҳистон ва дигар иттифоқчиён ба даъвати Вашингтон ҷавоб дода, ба Киев техникаи куҳнаи шӯравӣ фиристоданд.Ба сифати мукофот барои садоқати онҳо Пентагон ваъда дод, ки ба онҳо силоҳҳои муосиртар медиҳад. Ба гуфтаи коршиносон, ин ба ширкатҳои дифоии Амрико фоидаи афсонавӣ меорад: Кохи сафед чун ҳамеша имкони ба даст овардани пули иловагиро аз даст намедиҳад.
https://sputnik.tj/20220420/rusiya-shvetsiya-finlandiya-payomad-vorid-nato-hushdor-1047799216.html
https://sputnik.tj/20220415/tazyini-seli-ohan-i-nato-dar-ukraina--hadaf-va-vasoili-rusiya-1047678509.html
https://sputnik.tj/20220414/rusiya-siloh-nato-ukraina-nobud-mekunad-video-1047653007.html
финландия
шветсия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032464398_199:0:2930:2048_1920x0_80_0_0_b7e665677204081c0b6bc1ac6d1515e9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нато украина аврупо има финландия шветсия скандивания
нато украина аврупо има финландия шветсия скандивания
"Таҷовузи бесобиқа" — коре, ки Вашингтон ва Брюссел дар Аврупо мекунанд
Дар пасманзари амалиёти вижаи низомии Федератсияи Русия мақомоти Финландия ва Шветсия масъалаи пайвастан ба НАТО-ро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik, Андрей Котс. Дар баробари ин Брюссел ҷиноҳи Аврупои Шарқиро мустаҳкам, гурӯҳҳои нави ҳарбиро ҷойгир карда, риторикаи зидди Маскавро сахттар мекунад. Дар бораи амалиёти охирини Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ дар матлаби РИА "Новости" бихонед.
Финландия ва Шветсия даҳсолаҳо бетараф буда, принсипҳои ғайриблокиро риоя мекарданд. Пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина ҳам аҳзоби сиёсии ҷонибдори ҳукумат ва ҳам аҳзоби мухолифи ин кишварҳои Скандинавия дар бораи пайвастан ба НАТО суҳбат карданд.
Ба гуфтаи Санна Марин, нахуствазири Финландия, равобити Маскав ва Ҳелсинкӣ дигар ҳеҷ гоҳ мисли пештара нахоҳад буд. Вай чунин мешуморад, ки дар шароити "дигаргуниҳои куллии системаи амнияти Аврупо" ба Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ дохил шудан зарур аст.
Сарвазири Шветсия Магдалена Андерссон низ ҳамин гуна мавқеъро ишғол кардааст. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, вай аллакай тасмими худро қабул кардааст. Интизор меравад, ки ҳар ду кишвар дар нишасти сарони НАТО дар рӯзҳои 29-30 июн дар Мадрид барои пайвастан ба ин эътилоф муроҷиат кунанд.
Эътилоф кайҳо боз Финландия ва Шветсияро интизор буд. Дабири кулли он Йенс Столтенберг ваъда дод, ки ҳарчи зудтар онҳоро қабул хоҳад кард. Чунин шавқу ҳавас комилан фахмост: нимҷазираи Скандинавия ва амалан тамоми соҳили баҳри Балтика ба ихтиёри Брюссел мегузарад. Ва муҳимтарин шаҳри бандарии Русия, Мурманск ҳамагӣ сад километр дуртар аз марзҳои ин блок хоҳад буд. Ин ба гуфтаи НАТО, фишорро болои Маскав ба таври қобили мулоҳиза афзоиш хоҳад дод.
Кремл фавран вокуниш нишон дод. Муовини раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев қайд кард, ки дарозии марзҳои заминии НАТО бо Русия беш аз ду баробар афзоиш хоҳад ёфт. Ба мо лозим меояд, ки гурӯҳи қӯшунҳои хушкигард ва мудофиаи зиддиҳавоиро мустаҳкам, инчунин дар Халиҷи Финландия қувваҳои иловагии Флоти ҳарбии баҳриро чойгир кунем.
"Мо дигар наметавонем дар бораи ягон мақоми ғайриядроии Балтика ҳарф занем: мувозинатро барқарор кардан лозим аст", - таъкид кард ӯ.
"Гап дар бораи ҷойгир кардани яроқи ядроӣ дар вилояти Калининград нест. Ин ба сарҳадҳои душмани эҳтимолӣ хеле наздик аст”, — шарҳ медиҳад коршиноси ҳарбӣ Алексей Леонков, — “ин чунин маъно дорад, ки Шветсия, Финландия ва давлатҳои Соҳили Балтика ҳадафҳои қонунии боздоштани силоҳи ҳастаӣ мегарданд. Лаҳистон ва Норвегия давлатҳое буданд, ки мо метавонистем ракетаҳоро нишон диҳем, аммо ба НАТО ворид шудани Шветсия ва Финландия барои мо чунин хатаре ба вуҷуд намеорад, ба монанди ворид шудани Украина ба ин эътилоф. Аммо дар кишварҳои Скандинавия нафарони шоиста дар сари қудратанд ва бо онҳо баҳси марзӣ надорем. Бинобар ин бо ин ҳол ба гумон аст, ки назми ҷаҳонӣ тағйир ёбад".
Онҳо ба Русия аз дигар самтҳо низ фишор меоранд. Рӯзи дигар Йенс Столтенберг эълон кард, ки паймон нақшаҳои истиқрори ҳамаҷонибаи нерӯҳои доимии низомӣ дар ҷиноҳҳои шарқӣ ба манзури муқовимат ба "таҷовузи Русия"-ро таҳия мекунад.
Блоки Атлантикаи Шимолй, гуфт вай, "дар рафти дигаргунсозии куллӣ" мебошад, ки "оқибатҳои дарозмуддат"-и амалиёти Маскавро безарар мегардонад. Дар Аврупои Шарқӣ аллакай даҳҳо ҳазор сарбоз таҳти фармондеҳии мустақими НАТО қарор доранд.
Қаблан сарони кишварҳои ин паймон ягонагии худро дар муқобила бо "талошҳои Русия барои аз байн бурдани пояҳои амният ва суботи байналмилалӣ" ва ҳамчунин нияти эъмоли "фишори ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ" ба Кремл таъйид карда буданд.
"Дар посух ба фаъолияти Русия мо нақшаи дифои НАТО-ро таҳия кардем, ҷузъҳои нерӯҳои вокуниширо ҷойгир, 40 000 сарбозро дар ҷиноҳи шарқии худ бо нерӯҳои ҳавоию дарёӣ, дороиҳои зиёдеро таҳти фармондеҳии мустақими нерӯҳои ҳавоӣ ва дарёии худ ҷойгир кардем. Мо инчунин дар Булғористон, Маҷористон, Руминия ва Словакия чор гурӯҳи иловагии ҷангии сермиллат таъсис медиҳем", - гуфта мешавад дар изҳороти муштарак.
Ёдовар мешавем, ки чунин гурӯҳҳо соли 2016 дар Латвия, Литва, Эстония ва Лаҳистон ташкил шуда буданд. Дар ҳар яке аз онҳо тақрибан ҳазор нерӯ аст. Ба ин тартиб НАТО теъдоди нерӯҳояшро дар наздикии марзҳои Русия дастикам даҳ баробар афзоиш дод.
Ғайр аз ин мамлакатҳои НАТО карор доданд, ки барои яроқу аслиҳа бештар маблағгузорӣ кунанд. Ҳамин тавр Пентагон 773 миллиард доллар сарф мекунад, ки ин назар ба барнома 9,8 фоиз зиёд аст.
Берлин буҷаи ҳарбияшро камаш 100 миллиард евро зиёд мекунад: хароҷоти мудофиа аз ду фоизи ММД зиёд мешавад. Ин пул инчунин барои аз нав мусаллаҳ гардондани қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ (аз ҷумла, ба ҷои "Торнадо"-и куҳнашуда харидани ҳавопаймоҳои амрикоии F-35) сарф карда мешавад.
Лаҳистон шумораи қувваҳои мусаллаҳашро ба 300 ҳазор нафар мерасонад: назар ба ҳозира ду баробар зиёд. Илова бар ин муовини нахуствазир Ярослав Качинский омодагии худро барои истиқрори силоҳи ҳастаии ИМА изҳор дошт. Муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия Константин Косачёв ин иқдомро "бахусус таҳқиромез" хонд. Баъд аз ҳама НАТО мунтазам Русияро аз интиқоли ҷилавгирии стратегӣ ба Беларус ҳушдор медиҳад.
Бо сар задани амалиёти ҷангӣ дар Украина бисёре аз аъзои ин паймон тасмим гирифтанд, ки арсеналҳои худро навсозӣ кунанд. Словакия, Чехия, Руминия, Лаҳистон ва дигар иттифоқчиён ба даъвати Вашингтон ҷавоб дода, ба Киев техникаи куҳнаи шӯравӣ фиристоданд.
Ба сифати мукофот барои садоқати онҳо Пентагон ваъда дод, ки ба онҳо силоҳҳои муосиртар медиҳад. Ба гуфтаи коршиносон, ин ба ширкатҳои дифоии Амрико фоидаи афсонавӣ меорад: Кохи сафед чун ҳамеша имкони ба даст овардани пули иловагиро аз даст намедиҳад.