Иштибоҳи навбатии Байден: вазири маорифро вакил гуфт

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкБрифинг президента США Дж. Байдена
Брифинг президента США Дж. Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Обуна шудан
Иштибоҳ кардан барои кишвардори Амрико як амри маъмулӣ гардидааст. Ин навбат ӯ вазири маорифи Амрикоро сенатор гуфт
Президенти ИМА Ҷо Байден бори дигар хато кард ва вазири маориф Мигел Кордонро сенатор гуфт, хабар медиҳад РИА "Новости".
Зимни мулоқот бо омӯзгорон дар қароргоҳи худ раисҷумҳури Амрико бори дигар дар ҳолати ногувор қарор гирифт.
"Ман бояд ҳамаи шуморо гӯш кунам, зеро медонам, ки сенатор Кордон ин корро мекунад", - гуфт Байден дар Кохи сафед зимни мулоқот бо омӯзгорон.
Байден иштибоҳи худро дар муроҷиати дуюмаш ба вазир ислоҳ кард.
Сарвари Иёлоти Муттаҳида аксари вақт ба ҳолатҳои хандовар дучор мешавад. Қаблан Ҷо Байден ҳангоми изҳори сипос аз намояндагони Конгресс, ки дар Орегон суханронӣ мекард, натавонист исми узви Маҷлиси намояндагон Эрл Блюменауэрро талаффуз кунад. Ӯ барои рӯйпӯш кардани иштибоҳаш фавран ба худ лақаби Ҷо Биденро интихоб кард.
Қабл аз ин раҳбари 79-солаи Амрико чандин бор Камала Ҳаррисро раисҷумҳур ном бурда, Сурияро бо Либия омехта карда буд.
Заявление Джо Байдена по ситуации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Дастфишорӣ бо шабаҳ? Байден ҳангоми суханронӣ роҳашро гум кард - видео
Вай инчунин бори аввал номи президенти Русия Владимир Путинро талаффуз карда натавонист ва номи сарвазири Австралия Скотт Моррисонро низ фаромӯш карда буд.
Ҳамчунин Ҷо Байден пас аз як суханронӣ дар иёлати Каролинаи Шимолӣ дасти худро барои дастфишорӣ ба сӯйи курсии холӣ дароз кард.
Дар видеое, ки шабакаи телевизионии NBC "News" нашр кардааст, раҳбари Амрико пас аз анҷоми суханрониаш дар назди тамошобинони зиёд аз ҷамъомадагон дар саҳна рӯй гардонд ва дасти худро ба тарафи касе дароз кард.
Дар баробари ин дида мешавад, ки дар паҳлуи Ҷо Байден касе нест. Ин имову ишора ба кӣ буд, рӯшан нест.
Лентаи хабарҳо
0