Дастфишорӣ бо шабаҳ? Байден ҳангоми суханронӣ роҳашро гум кард - видео

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкЗаявление Джо Байдена по ситуации на Украине
Заявление Джо Байдена по ситуации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Обуна шудан
Байден ҳангоми суханронӣ дар Каролинаи Шимолӣ ба сӯйи шабаҳ дасти худро дарозу роҳи баромадашро гум карда, боз ба як ҳолати ногувор дучор шуд
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз як суханронӣ дар иёлати Каролинаи Шимолӣ бори дигар дар вазъияти ногувор қарор гирифт ва дасти худро барои дастфишорӣ ба сӯйи курсии холӣ дароз кард.
Дар видеое, ки шабакаи телевизионии NBC News нашр кардааст, раҳбари Амрико пас аз анҷоми суханрониаш дар назди тамошобинони зиёд аз ҷамъомадагон дар саҳна рӯй гардонд ва дасти худро ба тарафи касе дароз кард.
Дар баробари ин дида мешавад, ки дар паҳлуи Ҷо Байден касе нест. Ин имову ишора ба кӣ буд, рӯшан нест.
Дарҳол пас аз ин ҳаракати аҷиб раисиҷумҳур, ки ошуфта шуда буд, дар назди минбар чанд қадам гузошт, ки зоҳиран дар ҷустуҷӯи гузаргоҳ барои тарки саҳна буд.
Қобили зикр аст, ки ин эпизод дар версияи ниҳоии пахши суханронии ӯ дар канали "YouTube" дар Кохи сафед вуҷуд надорад.
Обама омаду Байден дар Қасри сафед танҳо монд - видео
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳолати аҷибе нест, ки раҳбари 79-солаи Амрико ба он дучор мешавад.
Қаблан Байден ноиби раисҷумҳури худ Камала Ҳаррисро президенти Иёлоти Муттаҳида номид, ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймо ба Питтсбург пешпо хӯрд ва инчунин тасодуфан ду давлат - Сурия ва Либияро ба ҳам омехта кард.
Моҳи ноябри соли 2021 Байден аз муоинаи тиббӣ гузашта буд, ки нишон дод, ки саломатиаш барои иҷрои вазифаҳои худ ба ҳайси сарвари давлат монеъ нест.
Трамп: ИМА аз барои Байден дар дӯзах месӯзад
Илова бар ин духтури собиқи Кохи сафед, узви Палатаи намояндагон Ронни Ҷексон ба рафтори на он қадар мувофиқи роҳбари ИМА дар назди ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Вай гуфт, ки қобилиятҳои равонии сарвари кунунии Иёлоти Муттаҳида метавонанд ба як "масъалаи амнияти миллӣ" табдил ёбанд.
Лентаи хабарҳо
0