https://sputnik.tj/20220428/dushanbe-pulchinak-labukub-rohguzar-jarima-1048027497.html
Дар Душанбе пулчинакро барои лабукӯби роҳгузар ҷарима карданд
Дар Душанбе пулчинакро барои лабукӯби роҳгузар ҷарима карданд
Sputnik Тоҷикистон
Сокини 35 - солаи Душанбе, ки дар мусофирбари хатсайри рақами 46 ҳамчун кондуктор (пулчинак) кор мекард, як роҳгузарро мавриди латукӯб қарор додаст
2022-04-28T12:22+0500
2022-04-28T12:22+0500
2022-04-28T19:45+0500
душанбе
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
пулчинак
ҷарима
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/10/1031581358_0:148:2826:1738_1920x0_80_0_0_30cc64ca5034bf33058df496d6870764.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар Душанбе кондуктори мусофирбари рақами 48, тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар, ҷарима шуд, хабар медиҳад Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе.Ба иттилои манбаъ, як сокини Душанбе бо ирсоли видео аз кормандони раёсат дархост намуд, ки нисбати пулчинак чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.Дар навор маълум аст, ки кондуктор аз мошин фаромада, як роҳгузарро мавриди латукӯб қарор додааст. Зимнан кормандони милиса нафари дар видео сабтшударо муайян ва дастгир намудаанд. Номбурда сокини 35-солаи шаҳри Душанбе буда, зимни бозпурсӣ иқрор намудааст, ки аз сабаби нофаҳмиҳои ночизи лафзӣ дағалона рафтор намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст.Ҳамин тариқ нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъқин гардид.Пулчинак ҳамакнун барои ин рафтори дағалона муваззаф аст. ки 256 сомониро ҳамчун ҷарима пардохт кунад.Қаблан Раёсати Вазорати умури дохилӣ як кондуктори мусофирбари рақами 15-ро барои дашному ҳақорат кардани и як пирамард ҷазо дода буд.Он замон пулчинак бо қарори суд ба 10 шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буд.
https://sputnik.tj/20220306/habsi-konduktor-dushanbe-piramard-dashnom-1046581016.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/10/1031581358_157:0:2669:1884_1920x0_80_0_0_206a17a1d9486968d134cb2d9928303c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе ҷарима пулчинак
Дар Душанбе пулчинакро барои лабукӯби роҳгузар ҷарима карданд
12:22 28.04.2022 (Навсозишуда: 19:45 28.04.2022) Сокини 35-солаи Душанбе, ки дар мусофирбари хатсайри рақами 46 ҳамчун кондуктор (пулчинак) кор мекард, як роҳгузарро мавриди латукӯб қарор додааст
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар Душанбе кондуктори мусофирбари рақами 48, тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар, ҷарима шуд, хабар медиҳад Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, як сокини Душанбе бо ирсоли видео аз кормандони раёсат дархост намуд, ки нисбати пулчинак чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
Дар навор маълум аст, ки кондуктор аз мошин фаромада, як роҳгузарро мавриди латукӯб қарор додааст.
Зимнан кормандони милиса нафари дар видео сабтшударо муайян ва дастгир намудаанд. Номбурда сокини 35-солаи шаҳри Душанбе буда, зимни бозпурсӣ иқрор намудааст, ки аз сабаби нофаҳмиҳои ночизи лафзӣ дағалона рафтор намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст.
Ҳамин тариқ нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъқин гардид.
Пулчинак ҳамакнун барои ин рафтори дағалона муваззаф аст. ки 256 сомониро ҳамчун ҷарима пардохт кунад.
Қаблан Раёсати Вазорати умури дохилӣ як кондуктори мусофирбари рақами 15-ро барои дашному ҳақорат кардани и як пирамард ҷазо дода буд.
Он замон пулчинак бо қарори суд ба 10 шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буд.