https://sputnik.tj/20220427/tojikiston-tavlid-istifoda-elektromobil-1047999873.html
Таҳияи барнома ва азми Тоҷикистон барои тавлиду густариши истифодаи электромобилҳо
Таҳияи барнома ва азми Тоҷикистон барои тавлиду густариши истифодаи электромобилҳо
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дигарбора лоиҳаи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар ҷумҳуриро бо назардошти пешниҳодҳои ниҳодҳои дигар баррасӣ кардаст
2022-04-27T13:40+0500
2022-04-27T13:40+0500
2022-04-27T18:17+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
автомобил
барқ
кодекс
андоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102527/15/1025271517_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_4e6d197b7df566ce74ed32a3fb9bbc26.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Лоиҳаи "Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" бо дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардид, хабар дод ожонсии "Ховар" аз қавли Азим Иброҳим, вазири нақлиёти ҶТ. Ба иттилои вазири нақлиёт, лоиҳаи барнома аз 9 боб иборат буда, ҳадафи асосии он роҳандозии истеҳсоли нақлиёти барқӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои зиёд кардани нақлиёти барқии истифодашаванда мебошад. Васеъ намудани инфрасохтори нақлиёти барқӣ ва кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист аз ҳадафҳои дигари барнома мебошанд, таъкид намудааст Азим Иброҳим. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дорои захоири бузурги энергетикӣ буда, рушди истифодаи электромобилҳо иқтисоди ҷумҳуриро аз таъсири гароншавии нархи маҳсулоти нафтӣ дур нигоҳ медорад. Ин дар ҳолест, ки ахиран вакилони парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози кишварро ҷонибдорӣ карда, воридоти бидуни боҷи гумрукии нақлиёти барқиро иҷозат доданд. Ҳамакнун бар асоси ин тағйирот, воридоти электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди онҳо ба кишвар ба муҳлати 10 сол аз боҷи гумрукӣ озод аст. Дар ҷаласаи парлумон таъкид шуда буд, ки бо мақсади истифодаи самараноки иқтисоди сабз истифодаи васеи манбаҳои дигари энергияи барқароршаванда, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксизӣ озод мешаванд.
https://sputnik.tj/20220314/tojikiston-voridot-naqliyot-barqi-boj-ozod-1046774646.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102527/15/1025271517_101:0:822:541_1920x0_80_0_0_a7884bfaff8a334086ed7cf2c339e991.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
азм, тоҷикистон, барқ, истифода, электромобилҳо
азм, тоҷикистон, барқ, истифода, электромобилҳо
Таҳияи барнома ва азми Тоҷикистон барои тавлиду густариши истифодаи электромобилҳо
13:40 27.04.2022 (Навсозишуда: 18:17 27.04.2022) Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дигарбора лоиҳаи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар ҷумҳуриро бо назардошти пешниҳодҳои ниҳодҳои дигар баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Лоиҳаи "Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" бо дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардид, хабар дод ожонсии "Ховар" аз қавли Азим Иброҳим, вазири нақлиёти ҶТ.
Ба иттилои вазири нақлиёт, лоиҳаи барнома аз 9 боб иборат буда, ҳадафи асосии он роҳандозии истеҳсоли нақлиёти барқӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои зиёд кардани нақлиёти барқии истифодашаванда мебошад.
Васеъ намудани инфрасохтори нақлиёти барқӣ ва кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист аз ҳадафҳои дигари барнома мебошанд, таъкид намудааст Азим Иброҳим.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дорои захоири бузурги энергетикӣ буда, рушди истифодаи электромобилҳо иқтисоди ҷумҳуриро аз таъсири гароншавии нархи маҳсулоти нафтӣ дур нигоҳ медорад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран вакилони парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози кишварро ҷонибдорӣ карда, воридоти бидуни боҷи гумрукии нақлиёти барқиро иҷозат доданд.
Ҳамакнун бар асоси ин тағйирот, воридоти электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди онҳо ба кишвар ба муҳлати 10 сол аз боҷи гумрукӣ озод аст.
Дар ҷаласаи парлумон таъкид шуда буд, ки бо мақсади истифодаи самараноки иқтисоди сабз истифодаи васеи манбаҳои дигари энергияи барқароршаванда, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксизӣ озод мешаванд.