Тасвиби мораторийи санҷиши соҳибкорон дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевПарламент Таджикистана, архивное фото
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Обуна шудан
Ҳадафи эълони мораторийи санҷиши соҳибкорон ва дастгирии бахши хусусист, гуфт раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи Қонун "Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ"-ро қабул кард.
Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон таъкид кард, ки тарҳи қонуни мазкур бар асоси фармони президенти кишвар таҳия шудааст.

"Тибқи муқаррароти қонун, дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ қатъ гардидааст", - омадааст дар иттилоия.

Маврид ба зикр аст, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як фармони худ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон кард.
Ҳадафи ин иқдом дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои кор ва кам намудани санҷишҳо арзёбӣ шудааст.
Мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар назар аст, то 1 январи соли 2023 идома ёбад.
Таджикские женщины в одежде из атласа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2022
Ҳазор баробар афзуд: Тоҷикистон чанд “бизнес леди” дорад?
Таъкид шудааст, ки қонуни қабулкардаи парлумон асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкориро ҳифз менамояд.
Роҳбарияти Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар умури сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро муваззаф кард, ки мониторинги татбиқи қонунгузории мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро таъмин ва аз натиҷаи он маълумоти таҳлилӣ манзур менамояд.
Назорати риоя ва иҷрои қонуни мазкур ба уҳдаи Додситонии кулли Тоҷикистон вогузор шудааст.
Лентаи хабарҳо
0