https://sputnik.tj/20220308/hazor-barobar-tojikiston-biznes-ledi--1046617644.html
Ҳазор баробар афзуд: Тоҷикистон чанд “бизнес леди” дорад?
Ҳазор баробар афзуд: Тоҷикистон чанд “бизнес леди” дорад?
Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди бонувони тоҷикистоние, ки ба соҳибкорӣ машғуланд тайи солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз ҳазор баробар зиёд шудаст
2022-03-08T09:25+0500
2022-03-08T09:25+0500
2022-03-09T15:14+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
зан
соҳибкор
зиёд шудан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102191/65/1021916540_128:144:2048:1224_1920x0_80_0_0_5be4c68990f326bbcfd0aceb78261be5.jpg
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Нигорахон Ғаффорзода, ноиби аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷумҳурӣ 75 ҳазор зан ба соҳибкорӣ машғуланд. Ғаффорзода барои қиёс зикр кардааст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 64 соҳибкорзан фаълият мекардааст. Ӯ дар суҳбат бо нашрияи парлумонии “Садои мардум” изҳор доштааст, ки феълан танҳо бонувони соҳиби корхонаи истеҳсолӣ зиёда аз 4 ҳазор нафаранд. Вай илова намудааст, ки танҳо соли гузашта зиёда аз 1700 зан дастрасӣ ба истифодаи замин пайдо карданд, ки имкон медиҳад, онҳо ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ машғул гарданд. Ба иттилои кумита, дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон талош доранд, ки ҳарчи бештар занонро бо касбомӯзӣ фаро гиранд. Мақомот мегӯянд, теъдоди занон дар хидмати давлатӣ низ майли афзоиш дорад. Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хидмати давлатии вобаста ба раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран гуфт, дар аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 18 ҳазору 701 хидматчии давлатии шаҳрвандӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин миён 4 ҳазору 518 ё худ 24,1%-ро занон ташкил медиҳанд. Шумораи мақомдорони давлатӣ, ки дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият менамоянд, ба иттилои Давлатов, ба 5 ҳазору 764 нафар мерасад. Аз ин шумора 1 ҳазору 113 нафар занонанд, ки 19,3 дарсади шумораи умумиро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20220307/rahmon-bonuvon-tojik-shodbosh-1046598366.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102191/65/1021916540_236:90:1934:1363_1920x0_80_0_0_af62ec66a5d522ff92b4c6530f59c88b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бизнес леди, ҳазор, соҳибкорзан
тоҷикистон, бизнес леди, ҳазор, соҳибкорзан
Ҳазор баробар афзуд: Тоҷикистон чанд “бизнес леди” дорад?
09:25 08.03.2022 (Навсозишуда: 15:14 09.03.2022) Теъдоди бонувони тоҷикистоние, ки ба соҳибкорӣ машғуланд, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз ҳазор баробар зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Нигорахон Ғаффорзода, ноиби аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷумҳурӣ 75 ҳазор зан ба соҳибкорӣ машғуланд.
Ғаффорзода барои қиёс зикр кардааст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 64 соҳибкорзан фаълият мекардааст. Ӯ дар суҳбат бо нашрияи парлумонии “Садои мардум” изҳор доштааст, ки феълан танҳо бонувони соҳиби корхонаи истеҳсолӣ зиёда аз 4 ҳазор нафаранд.
"Дар маҷмуъ, ҳоло зиёда аз 75 ҳазор зан ба соҳибкорӣ машғуланд. Беш аз 38 ҳазори онҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд”, - афзуд ноиби раиси Кумитаи кор занон.
Вай илова намудааст, ки танҳо соли гузашта зиёда аз 1700 зан дастрасӣ ба истифодаи замин пайдо карданд, ки имкон медиҳад, онҳо ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ машғул гарданд.
Ба иттилои кумита, дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон талош доранд, ки ҳарчи бештар занонро бо касбомӯзӣ фаро гиранд.
Мақомот мегӯянд, теъдоди занон дар хидмати давлатӣ низ майли афзоиш дорад. Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хидмати давлатии вобаста ба раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран гуфт, дар аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 18 ҳазору 701 хидматчии давлатии шаҳрвандӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин миён 4 ҳазору 518 ё худ 24,1%-ро занон ташкил медиҳанд.
Шумораи мақомдорони давлатӣ, ки дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият менамоянд, ба иттилои Давлатов, ба 5 ҳазору 764 нафар мерасад. Аз ин шумора 1 ҳазору 113 нафар занонанд, ки 19,3 дарсади шумораи умумиро ташкил медиҳад.