Ташкили барномаҳои идона ба муносибати Иди Рамазон дар Суғд

© Sputnik / Амир Исаев, STR / Гузариш ба медиабонкПразднование Ураза-Байрам в Душанбе
Празднование Ураза-Байрам в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғди Тоҷикистон эълон кардаанд, ки ба муносибати фарорасии Иди Рамазон дар 22 муассисаи иҷтимоии вилоят чорабиниҳои идона баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Мақомоти вилояти Суғд хабар додаанд, ки 29 апрел ба муносибати фарорасии Иди Рамазон дар 22 муассисаи иҷтимоии вилоят иқдомоти идона баргузор мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, барномаҳои идона дар хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаб-интернатҳо, мактаби бачагони ятиму маъюб ва хонаҳои кӯдакони вилояти Суғд баргузор мегардад.
Манбаъ таъкид кардааст, ки маҳофили идона барои дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа бо ибтикори мақомоти вилоят роҳандозӣ мегарданд.

“Дар ин рӯз дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон барномаҳои идона ташкил мегардад”, - қайд кардаанд мақомоти вилояти Суғд.

Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, наздики ду ҳазор бошандагони ин муассисаҳо, ки дар парастории доимии роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд, бо аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.
Саидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Абдулқодизода ба онҳое, ки аз Рамазон суистифодаву гаронфурӯшӣ мекунанд: поёнаш нокомист
Ёдовар мешавем, Иди Фитр идест, ки ба охири моҳи шарифи Рамазон рост меояд. Ин иди саид се рӯз идома меёбад ва ҳамчун яке аз аркони панҷгонаи дини ислом аз ҷониби мусалмонони ҷаҳон, аз ҷумла мардуми тоҷик бо хушҳоливу самимияти хоса таҷлил мегардад. Ин идро пас анҷоми моҳи Рамазон, рӯзи аввали моҳи шавволи солшумории ҳиҷрӣ таҷлил мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0