https://sputnik.tj/20220322/parlumon-rahmon-doru-ghizo-pastsifat-1046982773.html
Парлумон аз Раҳмон хост, аз вуруди дорую ғизои пастсифат пешгирӣ кунад
Парлумон аз Раҳмон хост, аз вуруди дорую ғизои пастсифат пешгирӣ кунад
Sputnik Тоҷикистон
Саломатии аҳолӣ аз мавзуъҳои меҳварии ҳисоботи додситони кулли Тоҷикистон ба палатаи болоии парлумони кишвар буд
2022-03-22T14:20+0500
2022-03-22T14:20+0500
2022-03-22T17:13+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
юсуф раҳмон
додситон
маҷлиси миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/19/1033069374_400:0:3600:1800_1920x0_80_0_0_e155860ba7a8dfc8c4fc243aa8f298c1.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо имзои як қарор Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишварро музваззаф кардаст, ки барои ҳифзи саломатии аҳолӣ ва ҳолати беҳдоштӣ тадбирандешиҳоро тақвият диҳад. "Бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва амнияти озуқаворӣ якҷо бо мақомоти ваколатдори давлатӣ барои пешгирии воридот, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯрокаю дорувории бесифат, қалбакӣ ва муҳлати истифодабариашон гузашта тадбирҳои муассирро амалӣ гардонад", - омадааст дар ин қарор. Ин дастур дар пайи гузориши додситони кулли Тоҷикистон ба парлумони кишвар дар ҷаласаи ахир қабул гардид. Юсуф Раҳмон дар ҳисоботаш ба Маҷлиси миллӣ изҳор кард, ки ҳолатҳои зиёди ба фурӯш баровардани маҳсулоти хӯроквории пастсифат, муҳлати истеъмол ва истифодабариашон гузаштаро дар як соли охир ошкор кардаанд. Ӯ аз ҷумла як ҳолат дар ноҳияи Спитаменро зикр намудаст, ки соҳибкор аз хориҷи кишвар зиёда аз 16 ҳазор кило гӯшти мурғ ва қариб 2 ҳазор кило гӯшти қиммаи воридоташ мамнуъро ба фурӯш гузоштааст. Инчунин таъкид шудаст, ки соҳибкори дигаре дар Хуҷанд гӯшти мурғи пастсифату истеъмолаш хатарнокро ба фурӯш бароварда, дар натиҷаи сари он 40 нафар заҳролуд шудаанд. Додситон афзуд, дар маҷмуъ тайи як соли охир аз рӯи қонуншиканиҳо дар ин бахш нисбати шахсони гунаҳкор 237 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 2690 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
https://sputnik.tj/20220322/dastur-rustami-emomali-boloravii-qurb-asor-1046980554.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/19/1033069374_800:0:3200:1800_1920x0_80_0_0_2297044f3d24b020af01ce3466316249.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парлумон, хостор, ҳифз, саломатӣ, аҳолӣ
парлумон, хостор, ҳифз, саломатӣ, аҳолӣ
Парлумон аз Раҳмон хост, аз вуруди дорую ғизои пастсифат пешгирӣ кунад
14:20 22.03.2022 (Навсозишуда: 17:13 22.03.2022) Саломатии аҳолӣ аз мавзуъҳои меҳварии ҳисоботи додситони кулли Тоҷикистон ба палатаи болоии парлумони кишвар буд
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо имзои як қарор Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишварро музваззаф кардаст, ки барои ҳифзи саломатии аҳолӣ ва ҳолати беҳдоштӣ тадбирандешиҳоро тақвият диҳад.
"Бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва амнияти озуқаворӣ якҷо бо мақомоти ваколатдори давлатӣ барои пешгирии воридот, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯрокаю дорувории бесифат, қалбакӣ ва муҳлати истифодабариашон гузашта тадбирҳои муассирро амалӣ гардонад", - омадааст дар ин қарор.
Ин дастур дар пайи гузориши додситони кулли Тоҷикистон ба парлумони кишвар дар ҷаласаи ахир қабул гардид.
Юсуф Раҳмон дар ҳисоботаш ба Маҷлиси миллӣ изҳор кард, ки ҳолатҳои зиёди ба фурӯш баровардани маҳсулоти хӯроквории пастсифат, муҳлати истеъмол ва истифодабариашон гузаштаро дар як соли охир ошкор кардаанд.
Ӯ аз ҷумла як ҳолат дар ноҳияи Спитаменро зикр намудаст, ки соҳибкор аз хориҷи кишвар зиёда аз 16 ҳазор кило гӯшти мурғ ва қариб 2 ҳазор кило гӯшти қиммаи воридоташ мамнуъро ба фурӯш гузоштааст.
Инчунин таъкид шудаст, ки соҳибкори дигаре дар Хуҷанд гӯшти мурғи пастсифату истеъмолаш хатарнокро ба фурӯш бароварда, дар натиҷаи сари он 40 нафар заҳролуд шудаанд.
Додситон афзуд, дар маҷмуъ тайи як соли охир аз рӯи қонуншиканиҳо дар ин бахш нисбати шахсони гунаҳкор 237 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 2690 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.