https://sputnik.tj/20220427/barkhurd-ronanda-bmw-oila-javon-kudak-jon-1047993727.html
Бархӯрди ронандаи "BMW-X5" бо худрави ҳомили як оилаи ҷавон: модару кӯдак ҷон доданд
Бархӯрди ронандаи "BMW-X5" бо худрави ҳомили як оилаи ҷавон: модару кӯдак ҷон доданд
Sputnik Тоҷикистон
Ба самти муқобили ҳаракат баромадани як ронандаи мошини "BMW-X5" дар ноҳияи Данғара боиси ҷароҳат ва марги аъзои як оилаи ҷавон шудаст
2022-04-27T11:16+0500
2022-04-27T11:16+0500
2022-04-27T13:17+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
худрав
мошин
садама
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/11/1038549408_0:0:1417:798_1920x0_80_0_0_eeb1d40261dc9b89adb0d0b4035cd2de.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон садамаи маргбор дар ноҳияи Данғараро, ки боиси модару кӯдаки навзод шудааст, натиҷаи ноуҳдабароии ронандаи "BMW-X5" арзёбӣ кардааст.ВУД мегӯяд, ронандаи 31-солаи автомашинаи тамғаи "BMW-X5", сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба сӯйи пойтахт, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадаст.Дар натиҷа ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21013”, ки таҳти идораи ронандаи 23-сола, сокини шаҳри Норак қарор дошт, бархӯрдааст.Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21013” ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.Бо таассуф зикр шудаст, ҳамсари ронанда ва ва фарзанди хурдсолаш, ки ҳамроҳаш дар мошин қарор доштаанд, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқиот идома дорад. Қаблан масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар феҳрасти омилҳои асосии сар задани садамаҳои нақлиётӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил, муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ арзёбӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20220213/nigaronii-maqomoti-khatlon-az-afzoishi-sadamaho-va-shumori-jonbokhtaho---1045815234.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/11/1038549408_0:0:1221:916_1920x0_80_0_0_871562c695390c1dab93029df5ef8f10.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳалокат, модар, кӯдак, садама, нақлиётӣ, данғара
ҳалокат, модар, кӯдак, садама, нақлиётӣ, данғара
Бархӯрди ронандаи "BMW-X5" бо худрави ҳомили як оилаи ҷавон: модару кӯдак ҷон доданд
11:16 27.04.2022 (Навсозишуда: 13:17 27.04.2022) Ба самти муқобили ҳаракат баромадани як ронандаи мошини "BMW-X5" дар ноҳияи Данғара боиси ҷароҳат ва марги аъзои як оилаи ҷавон шудааст
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон садамаи маргбор дар ноҳияи Данғараро, ки боиси модару кӯдаки навзод шудааст, натиҷаи ноуҳдабароии ронандаи "BMW-X5" арзёбӣ кардааст.
ВУД мегӯяд, ронандаи 31-солаи автомашинаи тамғаи "BMW-X5", сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба сӯйи пойтахт, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадаст.
Дар натиҷа ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21013”, ки таҳти идораи ронандаи 23-сола, сокини шаҳри Норак қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21013” ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Бо таассуф зикр шудаст, ҳамсари ронанда ва ва фарзанди хурдсолаш, ки ҳамроҳаш дар мошин қарор доштаанд, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқиот идома дорад.
Қаблан масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар феҳрасти омилҳои асосии сар задани садамаҳои нақлиётӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил, муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ арзёбӣ мекунанд.