https://sputnik.tj/20220401/viloyat-nohiyai-naqsha-davat-anjom-1047283550.html
Як вилояту 7 ноҳия: киҳо аввалин шуда, нақшаи даъват ба артишро анҷом доданд
Як вилояту 7 ноҳия: киҳо аввалин шуда, нақшаи даъват ба артишро анҷом доданд
Sputnik Тоҷикистон
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо шумули ҳафт ноҳияи дигари кишвар нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро анҷом доданд
2022-04-01T22:00+0500
2022-04-01T22:00+0500
2022-04-04T21:00+0500
даъват ба хидмат
дар тоҷикистон
артиш
вазорати дифоъи тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/05/1042651358_0:44:1601:944_1920x0_80_0_0_3cf1e261d33c550bf2533ffa9d1725fb.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон даъвати баҳорӣ нисбат ба давраи тирамоҳии гузашта босуръат оғоз шуд.Якбора дар нахустин рӯзи даъват ВМКБ ва ҳафт навоҳии ҷанубу шарқии кишвар онро анҷом доданд.Чунин ба назар мерасад, ки танқиду эътирози мақомот ва аҳолӣ аз давраи гузаштаи даъват кор додааст.Аммо дар ҳамин ҳол аз вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе дар бораи пурра ба итмом расидани нақшае даъвати шаҳр ва ё ноҳияе гузориш нашудааст.Ҳамин тариқ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда, даъвати баҳориро дар рӯзи аввал 102,5 фоиз иҷро намуд.ВМКБ панҷ сол боз, сар аз соли 2018 мароҳили даъвати ҷавонписарон ба хидмати ҳарбӣро аввалин шуда иҷро мекунад.Ба рӯйхати пешсафон навоҳии минтақаи рашт низ имсол шомил шудаанд.Ноҳияҳои Сангвору Лахш нақшаи даъвати ҳарбиро сад фоиз, Тоҷикобод 105 фоиз, Нуробод 101 фоиз ва Рашт 100,7 фоиз иҷро намуданд.Дар ҷануби кишвар, вилояти Хатлон бошад, ноҳияиҳои Шамсиддин Шоҳин ва Фархор низ нақшаи даъват ба хизматро поён расонидаанд.Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон усули даъват ба хидмати сарбозӣ тағйир ёфтааст.Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.Писари як мақоми "Роҳи оҳан" хидмати сарбозӣ меравад: фарзандони мансабдорони дигар чӣ?Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, 27 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад, ки нисбат ба як соли қаблӣ наздик ба ду ҳазор сомонӣ боло рафтааст.Ҳамчунин, тибқи қонуни нав, хатмкунандагони донишгоҳҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, онҳо бояд як сол дар артиш хидмат кунанд.Маврид ба зикр аст, ки 1 апрел дар саросари Тоҷикистон раванди даъвату гусели шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз ёфта он ду моҳ давом мекунад.
https://sputnik.tj/20220323/parlumon-jilavgiri-amal-ghayrioinnomavi-tojikiston-1047003506.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/05/1042651358_37:0:1458:1066_1920x0_80_0_0_891b374e34a14ed6936ffe184c31598b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вилоят ноҳияи нақша даъват артиш
вилоят ноҳияи нақша даъват артиш
Як вилояту 7 ноҳия: киҳо аввалин шуда, нақшаи даъват ба артишро анҷом доданд
22:00 01.04.2022 (Навсозишуда: 21:00 04.04.2022) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо шумули ҳафт ноҳияи дигари кишвар нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон даъвати баҳорӣ нисбат ба давраи тирамоҳии гузашта босуръат оғоз шуд.
Якбора дар нахустин рӯзи даъват ВМКБ ва ҳафт навоҳии ҷанубу шарқии кишвар онро анҷом доданд.
Чунин ба назар мерасад, ки танқиду эътирози мақомот ва аҳолӣ аз давраи гузаштаи даъват кор додааст.
Аммо дар ҳамин ҳол аз вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе дар бораи пурра ба итмом расидани нақшае даъвати шаҳр ва ё ноҳияе гузориш нашудааст.
Ҳамин тариқ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда, даъвати баҳориро дар рӯзи аввал 102,5 фоиз иҷро намуд.
ВМКБ панҷ сол боз, сар аз соли 2018 мароҳили даъвати ҷавонписарон ба хидмати ҳарбӣро аввалин шуда иҷро мекунад.
Ба рӯйхати пешсафон навоҳии минтақаи рашт низ имсол шомил шудаанд.
Ноҳияҳои Сангвору Лахш нақшаи даъвати ҳарбиро сад фоиз, Тоҷикобод 105 фоиз, Нуробод 101 фоиз ва Рашт 100,7 фоиз иҷро намуданд.
Дар ҷануби кишвар, вилояти Хатлон бошад, ноҳияиҳои Шамсиддин Шоҳин ва Фархор низ нақшаи даъват ба хизматро поён расонидаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон усули даъват ба хидмати сарбозӣ тағйир ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.
Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, 27 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад, ки нисбат ба як соли қаблӣ наздик ба ду ҳазор сомонӣ боло рафтааст.
Ҳамчунин, тибқи қонуни нав, хатмкунандагони донишгоҳҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, онҳо бояд як сол дар артиш хидмат кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки 1 апрел дар саросари Тоҷикистон раванди даъвату гусели шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз ёфта он ду моҳ давом мекунад.