https://sputnik.tj/20220426/sirkbozon-tojik-turkiya-pokiston-1047972998.html
Сиркбозони тоҷик барои шаш моҳ ба Туркия ва Покистон рафтанд
Сиркбозони тоҷик барои шаш моҳ ба Туркия ва Покистон рафтанд
Sputnik Тоҷикистон
Як гурӯҳи ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон дар Туркия ва гурӯҳи дигар бо барномаи ҳунарӣ дар Покистон қарор доранд 26.04.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-04-26T17:20+0500
2022-04-26T17:20+0500
2022-04-26T20:21+0500
дар тоҷикистон
сирк
покистон
туркия
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103100/36/1031003609_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_4d6dad8fa8e7aec59a7de7bec226ad2e.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон бо барномаи ҳунарӣ дар шаҳри Анталияи Туркия ва Покистон қарор доранд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи ҳунармандон моҳи ҷорӣ бо даъвати Созмони сайёҳии Ҷумҳурии Туркия барои мустаҳкам кардани равобити ин ду кишвар ва ҳамзамон муаррифӣ намудани ҳунари сирки тоҷик сафар намуданд ва интизор меравад, дар якчанд шаҳрҳои Туркия ҳунарнамоӣ кунанд.Ба ҳайати ҳунармандон Сарвар Сафарзода, Мадина Назарова, Ҷомӣ Бозорзода ва Манучеҳр Шарифзода вориданд.Сафари сиркбозони тоҷик то 30 октябр идома хоҳад ёфт.Ҳамчунин як гурӯҳи ҳунарии Сирки давлатӣ рӯзи 25 апрел ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар намуд. Ҳайати ҳунармандон бо роҳбарии гурӯҳи дорбозон Обидҷон Иргашев ва ҳунармандон Фаррух Алиев, Нишона Нуралиева ва Ҳилола Раҷабова дар шаҳрҳои Покистон барномаҳои ҳунарии хешро баргузор менамоянд.Манбаъ меафзояд, сафари ин гурӯҳи ҳунармандон ба Покистон то 20 октябр идома меёбад.
https://sputnik.tj/20220409/safari-hunarmandoni-teatri-davlatii-lukhtaki-zbekiston-1047505969.html
покистон
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103100/36/1031003609_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_c75395444fa3f17487230e32386796cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сирк, покистон, туркия, фарҳанг
дар тоҷикистон, сирк, покистон, туркия, фарҳанг
Сиркбозони тоҷик барои шаш моҳ ба Туркия ва Покистон рафтанд
17:20 26.04.2022 (Навсозишуда: 20:21 26.04.2022) Як гурӯҳи ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон дар Туркия ва гурӯҳи дигар бо барномаи ҳунарӣ дар Покистон қарор доранд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон бо барномаи ҳунарӣ дар шаҳри Анталияи Туркия ва Покистон қарор доранд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи ҳунармандон моҳи ҷорӣ бо даъвати Созмони сайёҳии Ҷумҳурии Туркия барои мустаҳкам кардани равобити ин ду кишвар ва ҳамзамон муаррифӣ намудани ҳунари сирки тоҷик сафар намуданд ва интизор меравад, дар якчанд шаҳрҳои Туркия ҳунарнамоӣ кунанд.
Ба ҳайати ҳунармандон Сарвар Сафарзода, Мадина Назарова, Ҷомӣ Бозорзода ва Манучеҳр Шарифзода вориданд.Сафари сиркбозони тоҷик то 30 октябр идома хоҳад ёфт.
Ҳамчунин як гурӯҳи ҳунарии Сирки давлатӣ рӯзи 25 апрел ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар намуд.
Ҳайати ҳунармандон бо роҳбарии гурӯҳи дорбозон Обидҷон Иргашев ва ҳунармандон Фаррух Алиев, Нишона Нуралиева ва Ҳилола Раҷабова дар шаҳрҳои Покистон барномаҳои ҳунарии хешро баргузор менамоянд.
Манбаъ меафзояд, сафари ин гурӯҳи ҳунармандон ба Покистон то 20 октябр идома меёбад.