https://sputnik.tj/20220426/qazoqiston-sodirot-gaz-qat-1047963842.html
Нархи газ гарон мешавад? Қазоқистон содироти газро пурра қатъ мекунад
Нархи газ гарон мешавад? Қазоқистон содироти газро пурра қатъ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон ният дорад нархи газро боло бурда интиқоли онро қатъ кунад. Оё ин метавонад ба гарон шудани нархи газ дар Тоҷикистон оварда расонад
2022-04-26T13:20+0500
2022-04-26T13:20+0500
2022-04-26T17:33+0500
қазоқистон
интиқол
қатъ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0f/1042897545_0:208:2001:1333_1920x0_80_0_0_8f7525b1776db71dcd9b858e81fbd7c9.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Қазоқистон то соли 2024 эҳтимол содироти газро қатъ кунад. Дар ин бора Sputnik Қазоқистон бо такя ба изҳороти вазири энержии ин кишвар Болат Акчулаков хабар медиҳад.Дар ҳошияи нишасти ҳукумат рӯзноманигорон аз вазир пурсиданд, ки Вазорати энергетика ба пешниҳоди вакилон дар бораи 60% боло бурдани нархи гази тиҷоратӣ чӣ гуна муносибат мекунад? Вазир посух дод, ки газ дар Қазоқистон "воқеан хеле арзон аст". "Низоми пӯшиш ва нигоҳдории нархҳои дохилӣ масъалаи содиротӣ буд. Яъне аз ҳисоби зиёд шудани даромадҳои содиротӣ имкон буд, ки сатҳи пасти нархҳо дар дохили кишвар нигоҳ дошта шавад. Аммо аз сабаби афзоиши истеъмоли дохилӣ ва истихроҷи газ афзоиш намеёбад, аз ин рӯ мо бояд содиротро кам кунем", - гуфт Акчулаков.Вазир афзуд, ки "содирот аз соли 2024 "сифр" мешавад, яъне умуман содир намекунандем. Мувофиқи ин мо манбаи ҳавасмандгардонии нархҳои пастро дар дохил надорем", - гуфт ӯ.Аз ин лиҳоз Қазоқистон бояд дар бораи чӣ гуна боло бурдани нархи газ андеша кунад. "Дар ин ҷо мо бояд дар бораи тақсими гурӯҳҳои истеъмолкунанда фикр кунем. Гурӯҳи якум - муқаддас аст, яъне аҳолӣ ва табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир.Аммо гурӯҳҳои истеъмолие ҳастанд, ки метавонанд арзиши аслии газро пардохт кунанд ва бояд пардохт кунанд - инҳо корхонаҳое ҳастанд, ки комилан ба содирот нигаронида шудаанд.Ҳамчунин нақбканҳо метавонанд барои газ нархи хуб пардохт кунанд, инчунин корхонаҳое, аз қабили коммуналӣ ё иҷтимоӣ, эҳтимолан ба гурӯҳи дигар ҷудо карда шаванд", - гуфт вазири энержии Қазоқистон. Вай қайд кард, ки бо эҳтимоли зиёд барои соҳибкорони бузург қимати газ 60% боло меравад.Коҳиши нархи маводи сӯхт дар пайи уфти қурби доллар дар ТоҷикистонБарои аҳолӣ умумӣ, нарх гуногун хоҳад буд. Ҳоло вазорат ҳисобу китоби заруриро анҷом дода истодааст.Ёдрас менамоем, ки Қазоқистон яке аз таъминкунандаҳои асосии Тоҷикистон бо газ мебошад. Дар маҷмуъ дар соли 2021 ба Тоҷикистон 410 ҳазор тонна маводи сӯхт ворид шудааст, ки 360 ҳазор тоннаи он аз Қазоқистон омадааст. Бақияи гази моеъро Русия таъмин кардааст.Ахиран Тоҷикистону Туркманистон созишномае имзо карданд, ки тибқи он, Душанбе метавонад аз ин кишвар ба миқдори зиёде газ дарёфт кунад.
https://sputnik.tj/20220201/tojikiston-gaz-moe-tojikiston-1045375940.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0f/1042897545_23:0:1800:1333_1920x0_80_0_0_5d1e4a6a1b1eb07b578a300c18b210b2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, нархи гаҳ, баланд, қатъи интиқол,
қазоқистон, нархи гаҳ, баланд, қатъи интиқол,
Нархи газ гарон мешавад? Қазоқистон содироти газро пурра қатъ мекунад
13:20 26.04.2022 (Навсозишуда: 17:33 26.04.2022) Қазоқистон ният дорад, нархи газро боло бурда, интиқоли онро қатъ кунад. Оё ин метавонад ба гарон шудани нархи газ дар Тоҷикистон оварда расонад?
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Қазоқистон то соли 2024 эҳтимол содироти газро қатъ кунад. Дар ин бора Sputnik Қазоқистон бо такя ба изҳороти вазири энержии ин кишвар Болат Акчулаков хабар медиҳад.
Дар ҳошияи нишасти ҳукумат рӯзноманигорон аз вазир пурсиданд, ки Вазорати энергетика ба пешниҳоди вакилон дар бораи 60% боло бурдани нархи гази тиҷоратӣ чӣ гуна муносибат мекунад?
Вазир посух дод, ки газ дар Қазоқистон "воқеан хеле арзон аст".
"Низоми пӯшиш ва нигоҳдории нархҳои дохилӣ масъалаи содиротӣ буд. Яъне аз ҳисоби зиёд шудани даромадҳои содиротӣ имкон буд, ки сатҳи пасти нархҳо дар дохили кишвар нигоҳ дошта шавад. Аммо аз сабаби афзоиши истеъмоли дохилӣ ва истихроҷи газ афзоиш намеёбад, аз ин рӯ мо бояд содиротро кам кунем", - гуфт Акчулаков.
Вазир афзуд, ки "содирот аз соли 2024 "сифр" мешавад, яъне умуман содир намекунандем. Мувофиқи ин мо манбаи ҳавасмандгардонии нархҳои пастро дар дохил надорем", - гуфт ӯ.
Аз ин лиҳоз Қазоқистон бояд дар бораи чӣ гуна боло бурдани нархи газ андеша кунад.
"Дар ин ҷо мо бояд дар бораи тақсими гурӯҳҳои истеъмолкунанда фикр кунем. Гурӯҳи якум - муқаддас аст, яъне аҳолӣ ва табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир.
Аммо гурӯҳҳои истеъмолие ҳастанд, ки метавонанд арзиши аслии газро пардохт кунанд ва бояд пардохт кунанд - инҳо корхонаҳое ҳастанд, ки комилан ба содирот нигаронида шудаанд.
Ҳамчунин нақбканҳо метавонанд барои газ нархи хуб пардохт кунанд, инчунин корхонаҳое, аз қабили коммуналӣ ё иҷтимоӣ, эҳтимолан ба гурӯҳи дигар ҷудо карда шаванд", - гуфт вазири энержии Қазоқистон.
Вай қайд кард, ки бо эҳтимоли зиёд барои соҳибкорони бузург қимати газ 60% боло меравад.
Барои аҳолӣ умумӣ, нарх гуногун хоҳад буд. Ҳоло вазорат ҳисобу китоби заруриро анҷом дода истодааст.
Ёдрас менамоем, ки Қазоқистон яке аз таъминкунандаҳои асосии Тоҷикистон бо газ мебошад.
Дар маҷмуъ дар соли 2021 ба Тоҷикистон 410 ҳазор тонна маводи сӯхт ворид шудааст, ки 360 ҳазор тоннаи он аз Қазоқистон омадааст. Бақияи гази моеъро Русия таъмин кардааст.
Ахиран Тоҷикистону Туркманистон созишномае имзо карданд, ки тибқи он, Душанбе метавонад аз ин кишвар ба миқдори зиёде газ дарёфт кунад.