Тоҷикистон таъминкунандаи саховатманди гази моеъ ёфт

CC BY 2.0 / Roy Luck / Empty UTLX tank cars at Essex MTЦистерны для нефтепродуктов, архивное фото
Цистерны для нефтепродуктов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Обуна шудан
Акнун Тоҷикистон метавонад бидуни маҳдудият гази моеъро аз кишвари дигар бигирад: аммо маълум нест, ки ин ба нархи сӯзишворӣ таъсир мерасонад ё не
ДУШАНБЕ,1 фев — Sputnik. Тоҷикистон қасд дорад, рӯйхати воридкунандагони гази моеъ ба кишварро васеъ кунад.
Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфти ӯ, ҳоло таъминкунандагони аслии маводи сӯхт барои Тоҷикистон Русия ва Қазоқистон ҳастанд. Акнун ҷумҳурӣ аз Туркманистон бештар газ мегирад.
Далер Ҷумъа таъкид кард, ки Тоҷикистону Туркманистон ахиран созишномае ба имзо расониданд, ки тибқи он, Душанбе метавонад ба миқдори зиёде газ дарёфт кунад.
Вай қайд кард, ки дар соли 2021 ҷумҳурӣ аз кишвари ҳамсоя аллакай 5 ҳазор тонна гази моеъ гирифтааст.
Дар маҷмуъ ба Тоҷикистон 410 ҳазор тонна маводи сӯхт ворид шудааст, ки 360 ҳазор тоннаи он аз Қазоқистон омадааст. Бақияи гази моеъро Русия таъмин кардааст.
Бояд гуфт, ин навъи сӯзишворӣ яке аз маъмултарин маводи сӯхт барои ронандагони тоҷик аст.
Дар Тоҷикистон беш аз 50 кони кашфнашудаи нафту газ ёфт шуд
Ҳоло 1 литр маводи сӯхт дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон вобаста ба минтақаи кишвар аз 7,2 (0,64 доллар) то 7,6 сомонӣ (0,68 доллар) арзиш дорад.
Қаблан мутахассиси Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ Ҳабиб Абдуллозода гуфта буд, ки кишвар ният дорад, истихроҷи гази табииро ба роҳ монад.
Вай ба мушкили гаронии қимати ин навъи маводи сӯхт дар Тоҷикистон ишора карда буд. Дар чунин шароит гази табиӣ алтернативаи хубе барои гази моеъ хоҳад буд, мегӯяд коршинос.
Ёдовар мешавем, дар авохири соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд маросими азсаргирии истифода аз гази Ӯзбекистон баргузор шуда буд.
Абдуҳаким Суфиев, директори ширкати таъминкунандаи "Суғдиёнгаз" қайд кард, ки дар навбати аввал ба корхонаҳо газ интиқол дода мешавад ва баъдан сокинони маҳаллӣ онро мегиранд. Аммо аҳолӣ то ҳол ба сӯзишвории арзон дастрасӣ пайдо накардааст.
Лентаи хабарҳо
0