https://sputnik.tj/20220216/dehoti-shahri-mard-zan-tanosubi-aholi-tajikistan-1045930016.html
Деҳотиёну шаҳриҳо чӣ қадаранду мардону занон чанд нафар? Эълони таносуби аҳолии Тоҷикистон
Деҳотиёну шаҳриҳо чӣ қадаранду мардону занон чанд нафар? Эълони таносуби аҳолии Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, ҳудуди 74%-и аҳолии ҷумҳурӣ ҳамоно дар деҳот иқомат дорад
2022-02-16T14:15+0500
2022-02-16T14:15+0500
2022-02-16T18:33+0500
омор
дар тоҷикистон
аҳолӣ
ҳисоб
шаҳр
деҳот
сокинон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102425/42/1024254215_0:0:2001:1125_1920x0_80_0_0_4aa31277d660d96d4dae5432c5ef989d.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Теъдоди деҳотиён аз бошандагони шаҳрҳо дар Тоҷикистон ба маротиб зиёд аст. Гулнора Ҳасанзода, раиси Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, шумораи сокинони рустоҳо дар ҷумҳурӣ 7,1 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки ин баробар 73,8%-и аҳолии кишвар мебошад. Бар асоси ҳисобҳои ахир, аҳолии шаҳрҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 2,5 млн. нафарро ташкил медиҳад, ки 26,2%-и теъдоди умумии аҳолиро дар бар мегирад, афзуд Ҳасанзода. Дар маҷмуъ, ба иттилои Ожонси омори Тоҷикистон, аҳолии ҷумҳурӣ ба 9,6 млн. нафар баробар мебошад. Ба гуфтаи раиси агентӣ, дар қиёс ба рӯйхатгирии аҳолии соли 2010 шумораи сокинони Тоҷикистон 2,9 млн. нафар ва ё 27,7% афзудааст. Таъкид шуд, ки бошандагони деҳот тайи даҳсолаи охир 1,5 млн. нафар ё 28,3% зиёд гардидааст. Теъдоди сокинони шаҳр 26% ё 522 ҳазор нафар афзудааст. Дар маҷмуъ мардон дар Тоҷикистон аз занон бештаранд. Бар асоси омор, шумораи мардон дар ҷумҳурӣ 4,9 млн. ва занон 4,7 млн. мебошад.
https://sputnik.tj/20220216/tedod-sadsolaho-tojikiston-1045919468.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102425/42/1024254215_0:0:1777:1333_1920x0_80_0_0_bb60da5e1751ac739d57c726153c9874.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аҳолӣ, тоҷикистон, деҳотӣ, шаҳрӣ, мард, зан, таносуб
аҳолӣ, тоҷикистон, деҳотӣ, шаҳрӣ, мард, зан, таносуб
Деҳотиёну шаҳриҳо чӣ қадаранду мардону занон чанд нафар? Эълони таносуби аҳолии Тоҷикистон
14:15 16.02.2022 (Навсозишуда: 18:33 16.02.2022) Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, ҳудуди 74%-и аҳолии ҷумҳурӣ ҳамоно дар деҳот иқомат дорад
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Теъдоди деҳотиён аз бошандагони шаҳрҳо дар Тоҷикистон ба маротиб зиёд аст.
Гулнора Ҳасанзода, раиси Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, шумораи сокинони рустоҳо дар ҷумҳурӣ 7,1 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки ин баробар 73,8%-и аҳолии кишвар мебошад.
Бар асоси ҳисобҳои ахир, аҳолии шаҳрҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 2,5 млн. нафарро ташкил медиҳад, ки 26,2%-и теъдоди умумии аҳолиро дар бар мегирад, афзуд Ҳасанзода.
Дар маҷмуъ, ба иттилои Ожонси омори Тоҷикистон, аҳолии ҷумҳурӣ ба 9,6 млн. нафар баробар мебошад.
Ба гуфтаи раиси агентӣ, дар қиёс ба рӯйхатгирии аҳолии соли 2010 шумораи сокинони Тоҷикистон 2,9 млн. нафар ва ё 27,7% афзудааст.
Таъкид шуд, ки бошандагони деҳот тайи даҳсолаи охир 1,5 млн. нафар ё 28,3% зиёд гардидааст. Теъдоди сокинони шаҳр 26% ё 522 ҳазор нафар афзудааст.
Дар маҷмуъ мардон дар Тоҷикистон аз занон бештаранд. Бар асоси омор, шумораи мардон дар ҷумҳурӣ 4,9 млн. ва занон 4,7 млн. мебошад.