Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Пушилин: Миллатгароён дар "Азовстал" мехоҳанд, бо силоҳ ба Туркия истирдод шаванд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМеталлургический комбинат "Азовсталь" в Мариуполе
Металлургический комбинат Азовсталь в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Обуна шудан
Ҷангҷӯён ҳам бо низомиёни Русия ва ҳам бо низомиёни ҶМД дар тамос шуда, роҳҳоеро пешниҳод мекунанд, ки таслимшавии онҳо беҳтар сурат гирад
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ҷангҷӯёне, ки дар ҳудуди корхонаи "Азовстал" дар Мариупол боқӣ мондаанд, талош доранд, ки мусаллаҳ раҳо шуда, мусаллаҳ ба Туркия фиристода шаванд.
Дар ин бора дар эфири "Соловёв Live" раисҷумҳурии Донетск Денис Пушилин хабар дод.

"Онҳо ба артиши мо, ба артиши Русия мераванд ва кӯшиш мекунанд, ки чӣ гуна бояд таслим шаванд... Онҳо ба Киев эътимод надоранд. Онҳо мехоҳанд, ба Туркия бираванд. Албатта, пешниҳоди берун аз мантиқ", - гуфт Пушилин.

Дар замони эълони ҶМД дар соли 2014 Мариупол, ки ҳудуди 450 ҳазор нафар аҳолӣ дошт, дувумин шаҳри ин ҷумҳурӣ пас аз Донетск буд, аммо дар моҳи июни ҳамон сол нерӯҳои амниятии Украина назорати онро дубора ба даст оварданд.
Рӯзи 7 март, расо 12 рӯз пас аз оғози амалиёти вижаи Русия барои безараргардонии Украина муовини фармондеҳи гурӯҳи "Восток" Александр Семёнов эълом дошт, ки шаҳр муҳосира шуда ва поксозии навоҳии алоҳидаи он шуруъ шудааст.
Продолжается освобождение Мариуполя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Ҷанг дар дохили нақби "Азовстал" тӯлонӣ нахоҳад буд
Дар ҳоли ҳозир нерӯҳои муттаҳидаи ҶМД ва Русия барои озодсозии ниҳоии Мариупол мубориза мебаранд.
Намояндаи расмии Вазорати дифои Русия Игор Конашенков рӯзи 16 апрел хабар дод, ки тамоми қаламрави шаҳр аз артиши Украина, зархаридони хориҷӣ ва миллатгароҳо аз гурӯҳи "Азов"* (дар Русия нисбати ҷангиёни онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст) пок карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0